Замимаи 1
ба амри Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 январи соли 2025, №АП-711
Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман»
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» (минбаъд - Озмун) бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаҳои санъати мусиқӣ, сарояндагӣ, тасвирӣ ва дизайн, баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва зебоишиносӣ, тақвият бахшидан ба ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, таблиғ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ, сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, офарандагӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд ва асарҳои рассомӣ, ки инъикоскунандаи фарҳанги гузашта ва имрӯзаи миллати тоҷикро таҷассум намоянд, гузаронида мешавад.
2. Мазмун ва ғояи асосии суруду оҳанг, асарҳои мусиқӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн, ки ба Озмун пешниҳод мешаванд, тараннуми шахсиятҳои барҷастаи халқи тоҷик, дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ, арҷ гузоштан ба анъанаҳои милливу мероси пурғановати ниёгон, табиати зебоманзари Тоҷикистон ва эҳё намудани ҳунарҳои мардумиро дар бар мегирад.
2. САРПАРАСТ ВА МАСЪУЛОНИ ОЗМУН
3. Сарпарасти Озмун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
4. Масъулони баргузории Озмун вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илм, Кумитаи телевизион ва радио, иттифоқҳои композиторон, рассомон ва дизайнерони Тоҷикистон мебошанд.
5. Кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, занон ва оила ҷиҳати ҷалби наврасон, ҷавонон ва занони боистеъдод ба Озмун мусоидат менамоянд.
6. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо, раёсат, шуъба ва бахшҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, фарҳанг, маориф, ҷавонон ва варзиш, занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ масъули ташкил ва баргузории Озмун мебошанд.
...