Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025, № 2125 «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи олами ҳайвонот»

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ОЛАМИ ҲАЙВОНОТ»
 бо қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 7 ноябри соли 2024, № 1496
тасдиқ шудааст

 

бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 
аз 27 декабри соли 2024, № 570 
ҷонибдорӣ шудааст

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи олами ҳайвонот» аз 5 январи соли 2008 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №1, қ. 2, мод. 19; с. 2022, №12, қ. 2, мод. 777) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:

1. Дар муқаддима ва тамоми матни қонун калимаҳои «муҳофизат», «муҳофизату», «муҳофизати», «МУҲОФИЗАТИ», «Муҳофизати», «зайли», «зайл», «ӯҳдадориҳо», «ӯҳдадориҳои», «вазифадоранд», «ВАЗИФАҲОИ», «Вазифаҳои» ва «вазифаҳои» мувофиқан ба калимаҳои «ҳифз», «ҳифзу», «ҳифзи», «ҲИФЗИ», «Ҳифзи», «зерини», «зерин», «уҳдадориҳо», «уҳдадориҳои», «уҳдадоранд», «УҲДАДОРИҲОИ», «Уҳдадориҳои» ва «уҳдадориҳои» иваз карда шаванд.

2. Аз моддаи 9 калимаҳои «ба риояи қоидаҳои шикор ва моҳидорӣ назорат мекунад» хориҷ карда шаванд.

3. Дар моддаи 17:

- аз номи модда калимаи «кардан» хориҷ карда шавад;

- дар муқаддимаи қисми якум калимаи «Шахсҳои» ба калимаи «Шахсони» иваз ва калимаи «кардан» хориҷ карда шавад;

- дар қисми дуюм калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди» иваз карда шавад.

4. Дар қисми якуми моддаи 21 калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди» иваз карда шавад.

5. Дар қисми дуюми моддаи 22 калимаи «пешниҳоднамудаи» ба калимаи «пешбининамудаи» иваз карда шавад.

6. Ба моддаи 31 сархати даҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«- ҳавасмандгардонии моддию маънавии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба ҳифзи олами ҳайвонот мусоидат менамоянд;».

7. Дар қисми дуюми моддаи 40 калимаи «фавқулодда» ба калимаи «истисноӣ» иваз карда шавад.


Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, аз 2 январи соли 2025, № 2125


Закон Республики Таджикистан

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЯ И ДОПОЛНЕНИЯ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН «О ЖИВОТНОМ МИРЕ»
Принят постановлением МН МОРТ
от 4 декабря 2024 года, №1496
Одобрен постановлением ММ МОРТ
от 27 декабря 2024 года, №570

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан «О животном мире» от 5 января 2008 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2008 г., №1, ч. 2, ст. 19; 2022 г., №12, ч. 2, ст. 777) следующие изменение и дополнение:

1. Из статьи 9 слова «контролирует соблюдение правил охоты и рыболовства» исключить.

2. Статью 31 дополнить абзацем десятым следующего содержания:

«- материальное и моральное стимулирование физических и юридических лиц, содействующих охране животного мира;».

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент
Республики Таджикистан                Эмомали Рахмон

 

г.Душанбе 2 января 2025 года №2125