ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Тартиби ташкил ва пешбурди махзани маълумоти ягонаи иттилоотӣ ва бақайдгирии электронии истеҳсолоти иҷро
Мутобиқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Тартиби ташкил ва пешбурди махзани маълумоти ягонаи иттилоотӣ ва бақайдгирии электронии истеҳсолоти иҷро тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, бонкҳо, инчунин дигар шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли моликияташон, якҷо бо Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалишавии Тартиби мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.
3. Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбурди махзани маълумоти ягонаи иттилоотӣ ва бақайдгирии электронии истеҳсолоти иҷроро ба роҳ монад.
РаисиҲукумати ҶумҳурииТоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 29 ноябри соли 2024, № 615
...