Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2024, № 616 "Дар бораи Тартиби пешбурди маълумоти оморӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом ва шакли ҳисоботдиҳии он"

Санаи амалкуни: 29.11.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 

ҚАРОР

Дар бораи Тартиби пешбурди маълумоти оморӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом ва шакли ҳисоботдиҳии он

Мутобиқи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Тартиби пешбурди маълумоти оморӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом ва шакли ҳисоботдиҳии он тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
  2. Мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом ва дигар вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати иҷрои Тартиби мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон


ш. Душанбе, аз 29 ноябри соли 2024, № 616

 


Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О Порядке ведения статистических данных в сфере противодействия легализации (отмыванию) доходов, полученных преступным путем, финансированию терроризма и финансированию распространения оружия массового поражения и их форме отчетности

В соответствии со статьей 5 Закона Республики Таджикистан «О противодействии легализации (отмыванию) доходов, полученных преступным путем, финансированию терроризма и финансированию распространения оружия массового поражения» Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

  1. Утвердить Порядок ведения статистических данных в сфере противодействия легализации (отмыванию) доходов, полученных преступным путем, финансированию терроризма и финансированию распространения оружия массового поражения и их форму отчетности (прилагается).
  2. Уполномоченному органу противодействия легализации (отмыванию) доходов, полученных преступным путем, финансированию терроризма и финансированию распространения оружия массового поражения, и другим соответствующим министерствам и ведомствам принять необходимые меры по исполнению настоящего Порядка.

  

Председатель Правительства Республики Таджикистан    Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 29 ноября 2024 года №616