ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар хусуси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Иқлими Сабз дар бораи имтиёзҳо ва масуниятҳо
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Иқлими Сабз дар бораи имтиёзҳо ва масуниятҳо, ки 18 июли соли 2024 дар шаҳри Инчхон, Ҷумҳурии Корея ба имзо расидааст, барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 29 ноябри соли 2024, № 607
Лоиҳа
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар хусуси тасдиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Иқлими Сабз дар бораи имтиёзҳо ва масуниятҳо
Мутобиқи моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Иқлими Сабз дар бораи имтиёзҳо ва масуниятҳо, ки 18 июли соли 2024 дар шаҳри Инчхон, Ҷумҳурии Корея ба имзо расидааст, тасдиқ карда шавад.
...