Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистоназ 27 ноябри соли 2024, № 603 "Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2024 ва вазифаҳо то охири соли 2024"

Санаи амалкуни: 27.11.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР 

Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2024 ва вазифаҳо то охири соли 2024

Дар нуҳ моҳи соли 2024 фаъолияти вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои таъмини иҷрои фармону амр ва супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин амалисозии барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии миллӣ ва соҳавию минтақавӣ равона карда шуд.

Бо амалӣ гардидани иқдомҳои созанда ва пайгиронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2024 тамоюли мусбати рушди иқтисоди миллӣ нигоҳ дошта шуда, раванди афзоиши ҳаҷми истеҳсолот дар аксар соҳаҳои воқеии иқтисоди миллӣ идома ёфт.

Дар нуҳ моҳи соли 2024 суръати рушди иқтисодии кишвар дар сатҳи 8,4 дарсад таъмин шуда, ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба 102,6 млрд. сомонӣ баробар гардид.

Рушди иқтисоди миллӣ дар ин давра асосан аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 15,3 дарсад, кишоварзӣ 11,4 дарсад, хизматрасонии музднок 16 дарсад, боркашонӣ 15,2 дарсад, гардиши савдои дохилӣ 12 дарсад, мусофиркашонӣ 12 дарсад, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 7 дарсад ва гардиши савдои хориҷӣ 25,6 дарсад, аз ҷумла содирот 44,9 дарсад ва воридот 21,1 дарсад таъмин гардид.

Сатҳи таваррум дар ин давра 3 дарсадро ташкил дод, ки ин аз ҳисоби баландшавии нархи маҳсулоти озуқа 2,2 дарсад, молҳои ғайриозуқа 3,4 дарсад ва хизматрасонӣ 4,6 дарсад ташаккул ёфтааст.

Нақшаи даромади буҷети давлатӣ дар нуҳ моҳи соли 2024-ум 5,4 дарсад барзиёд иҷро гардида, ба буҷет 33,3 млрд. сомонӣ ворид шуд.

Дар баробари таъмин гардидани нишондиҳандаҳои мусбати рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ дар нуҳ моҳи соли 2024 тақвияти фаъолияти мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои дигари давлатӣ зарур мебошад.

Мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва бо мақсади бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:


  1. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигари ҷумҳурӣ:
  • фаъолиятро дар самти муқовимат ба таҳдиду буҳронҳо, ташаккули захираҳои молиявии ба рушд нигаронидашуда, таъмини гуногунсамтии иқтисодиёт, беҳтар намудани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ ва дастрасии молиявӣ, ҳалли саривақтии масъалаҳои иҷтимоии аҳолии кишвар ва мутобиқшавӣ ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим тақвият бахшанд;
  • дар заминаи татбиқи самараноки барномаву нақшаҳои қабулгардида суръати рушди иқтисоди кишварро дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин намуда, нақшаҳои пешбинишударо босифат ва сари вақт иҷро намоянд;
  • бо мақсади таъмини фаъолияти муназзами соҳаҳои воқеии иқтисодиёт дар фасли тирамоҳу зимистон, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ, инчунин таъмини иҷрои босифати нақшаҳои созандагиву бунёдкорӣ, аз ҷумла Нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ чораҳои саривақтӣ андешанд.


  1. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон:
  • якҷо бо вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ доир ба коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, иҷрои дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодиро дар соли 2024 таъмин намояд;
  • якҷо бо вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ, Агентии содирот ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати зиёд намудани содироти маҳсулоти ватанӣ чораҳои амалӣ андешанд.


  1. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
  • якҷо бо Кумитаи андози ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сари вақт ва пурра ҷамъоварӣ намудани андозу пардохтҳо ва кам кардани бақияпулиҳои андозӣ тадбирҳои зарурӣ андешад;
  • ҷиҳати ҷалби маблағҳои сармоягузорӣ, бахусус маблағҳои грантӣ барои дастгирии буҷети давлатӣ ва рушди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ ҳамкориро бо созмонҳои байналмилалии молиявӣ тақвият бахшад;
  • ҷиҳати маблағгузории саривақтии чорабиниҳои дар буҷет пешбинишуда, аз ҷумла таъмини уҳдадориҳои иҷтимоӣ ва байналмилалии давлат, инчунин чорабиниҳо марбут ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баргузории маъракаҳои муҳими сиёсии байналмилалӣ чораҳои зарурӣ андешад.


  1. Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон:
  • корҳоро дар самти бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва зиёд намудани суръати рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, хусусан дар соҳаҳои саноати сабук, хӯрокворӣ, мошинсозӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва доруворӣ, инчунин ҷиҳати афзоиш додани истеҳсоли либоси мактабӣ ва пешниҳоди маҳсулоти босифату дастрас вусъат диҳад;
  • якҷо бо вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ сабабҳои барҳам хӯрдани корхонаҳои саноатӣ ва дар сатҳи зарурӣ таъмин нагардидани рушди истеҳсоли маҳсулот дар корхонаҳои саноатиро ҳаматарафа омӯхта, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа ва таъмини суръати рушди он дар доираи нишондиҳандаҳои мақсаднок тадбирҳои таъхирнопазир андешад.


  1. Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон:
  • ҳамкориро бо шарикони рушд ва сармоягузорон ҷиҳати татбиқи саривақтии лоиҳаҳои соҳа, аз ҷумла оид ба бунёди неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ тақвият бахшад;
  • якҷо бо ширкатҳои соҳа реҷаи таъминот бо барқ барои аҳолӣ ва муассисаву корхонаҳоро ба тартиб дароварда, ҳолатҳои қатъи ногаҳонии неруи барқро, бахусус ба иншооти иҷтимоию иқтисодии муҳим ва корхонаҳои истеҳсолӣ бартараф намояд;
  • якҷо бо Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар самти таъмиру таҷдиди хатҳои интиқоли барқ, трансформаторҳо ва иншооти дигари энергетикӣ чораҳои зарурӣ андешад.


  1. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ:
  • ҷиҳати таъмин намудани хоҷагиҳои деҳконӣ ва ҷамоавӣ бо тухмиҳои аълосифати картошкаю сабзавот ва намудҳои зироатҳои дигар, инчунин нуриҳои маъданӣ чораҳои зарурӣ андешад;
  • ҷиҳати пурра ҷамъоварӣ намудани ҳосили рӯёнидашуда, хусусан пахта, сари вақт гузаронидани кишти тирамоҳии ғалладонагиҳо ва сабзавоти барвақтӣ, иҷрои дурнамои кишти зироатҳо, инчунин таъмини рушди минбаъдаи соҳаи парандапарварӣ тадбирҳои таъхирнопазир роҳандозӣ намояд;
  • барои беталаф баровардани чорво аз зимистонгузаронӣ ҷиҳати таъмини омодагии биною иншооти соҳаи чорводорӣ ва дар сатҳи зарурӣ захира намудани хӯроки чорво тадбирҳои амалӣ андешад.


  1. Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
  • якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати татбиқи саривақтӣ ва босифати лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар самти бунёду азнавсозии роҳҳои мошингард бо ҷалби маблағҳои шарикони рушд тадбирҳои зарурӣ андешад;
  • якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати зиёд намудани хизматрасониҳои мусофиркашонии байналмилалӣ тариқи нақлиёти ҳавоӣ, роҳи оҳан ва автомобилӣ чораҳои иловагӣ андешад.


  1. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини бозори дохилӣ ва беруна бо коргарони дорои касбу ихтисосҳои ҷавобгӯ ба талабот дар доираи марказҳои навтаъсиси касбомӯзию хизматрасонӣ ва рушди малакаҳо ҳарчи бештар тайёр кардани мутахассисонро ба роҳ монад.
  2. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятро дар самти беҳтар кардани шароити муассисаҳои тиббӣ, таъмини онҳо бо таҷҳизоту технологияҳои муосир, инчунин баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва риояи одоби муошират бо беморон тақвият диҳад.
  3. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони ватанӣ ҷиҳати сохта, ба истифода додани муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва дар ин замина зиёд кардани фарогирии кӯдакон корҳоро ҷоннок намояд.
  4. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо фаъолиятро дар самти ҷалби сармояи мустақими хориҷиву ватанӣ дар доираи ҳадафҳои стратегии кишвар, аз ҷумла саноатикунонии босуръат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва лоиҳаҳои дар Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ барои солҳои 2021-2025 дарҷгардида вусъат бахшад.
  5. Ба Бонки миллии Тоҷикистон тавсия дода мешавад, ки:
  • ҷиҳати дар доираи нишондиҳандаҳои мақсаднок нигоҳ доштани сатҳи таваррум ва қурби пули миллӣ мунтазам чораҷӯйӣ намояд;
  • якҷо бо ташкилотҳои қарзӣ ҷиҳати таъмин намудани дастрасии соҳибкорони хурду миёна ба қарзҳои имтиёзнок ва дарозмуҳлат, хусусан дар соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ тадбирҳои амалӣ андешад.


  1. Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва босифати нақшаҳои пешбинигардида ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, инчунин риояи меъёрҳои қабулшудаи сохтмон чораҳои мушаххас андешад.
  2. Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ва сохторҳои дахлдори дигар ҷиҳати пешгирӣ ва коҳиш додани бекоршавии ақди никоҳ тавассути вусъат бахшидани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳӣ, инчунин амалисозии тадбирҳои ҳавасмандсозӣ ҷиҳати ҳифзи оила чораҳои зарурӣ андешад.
  3. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати сари вақт бартараф кардани офатҳои табиии бавуҷудомада ва офатҳои табиии дигари хусусияти техногенидошта чораҳои зарурӣ андешад.
  4. Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
  • дар ҳамкорӣ бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати таҳия ва қабули барномаҳои рушди сайёҳии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар чораҷӯйӣ намояд;
  • дар ҳамкорӣ бо соҳибкорону сармоягузорон барои бунёди инфрасохтори зарурии сайёҳӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва ташкили растаҳои косибону ҳунармандон тадбирҳои иловагӣ андешад.


  1. Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати рушди таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, таъмини муассисаҳои таълимии соҳа бо кадрҳои зарурӣ ва китобҳои дарсӣ тадбирҳо андешида, санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа доир ба стандартҳои таълимӣ (касбӣ)-ро таҷдиди назар намояд.
  2. Вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз ҷараёни иҷрои қарори мазкур ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

ш. Душанбе, аз 27 ноябри соли 2024, № 603

 

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

Об итогах социально-экономического развития Республики Таджикистан за девять месяцев 2024 года и задачах до конца 2024 года

За девять месяцев 2024 года деятельность министерств, ведомств и местных исполнительных органов государственной власти была направлена на обеспечение выполнения указов, распоряжений и поручений Президента Республики Таджикистан, постановлений Правительства Республики Таджикистан, а также на реализацию национальных, отраслевых и региональных программ социально- экономического развития.

С реализацией созидательных и последовательных инициатив Правительства Республики Таджикистан за девять месяцев 2024 года сохранились положительные тенденции в развитии национальной экономики и продолжился процесс наращивания объемов производства в большинстве реальных отраслей национальной экономики.

За девять месяцев 2024 года темп экономического развития страны был обеспечен на уровне 8,4 процента и объем валового внутреннего продукта достиг 102,6 миллиарда сомони.

Рост национальной экономики за этот период был обеспечен за счет увеличения объема производства промышленного продукции на 15,3 процента, сельскохозяйственной продукции на 11,4 процента, платных услуг на 16 процента, грузоперевозок на 15,2 процента, внутреннего товарооборота на 12 процента, пассажироперевозок на 12 процентов, финансирования в основной капитал на 7 процентов и внешнеторгового оборота на 25,6 процента, в том числе экспорта на 44,9 процента и импорт на 21,1 процента.

Уровень инфляции в этот период составил 3 процента, который сложился за счет роста цен на продовольственные товары на 2,2 процента, непродовольственные товары на 3,4 процента и услуги на 4,6 процента.

План доходов государственного бюджета за девять месяцев 2024 года перевыполнен на 5,4 процента и поступление в бюджет составило 33,3 млрд сомони.

Наряду с обеспечением положительных показателей развития отраслей национальной экономики за девять месяцев 2024 года необходимо усилить деятельность центральных и местных исполнительных органов государственной власти и других государственных структур.

В соответствии со статьей 13 конституционного Закона Республики Таджикистан «О Правительстве Республики Таджикистан» и в целях устранения имеющихся недостатков и обеспечения устойчивого развития национальной экономики, Правительство Республики Таджикистан постановляет:

  1. Министерствам, ведомствам, местным исполнительным органам государственной власти, предприятиям, учреждениям и другим организациям республики:
  • усилить деятельность по противодействию угрозам и кризисам, формированию финансовых ресурсов, ориентированных на рост, обеспечению диверсификации экономики, улучшению деловой и инвестиционной среды и доступа к финансовым ресурсам, своевременному решению социальных проблем населения страны и адаптации к последствиям изменения климата;
  • на основе эффективной реализации принятых программ и планов обеспечить темпы экономического развития страны на уровне не менее 8 процентов, качественно и в срок реализовать намеченные планы;
  • принять своевременные меры в целях обеспечения упорядоченной деятельности реальных отраслей экономики в осенне-зимний период, создания новых рабочих мест, привлечения отечественного и иностранного капитала, а также обеспечения качественной реализации планов по созиданию и благоустройству, в том числе Плана работ по созиданию и благоустройству посвященных 35-летию Государственной независимости.
  1. Министерству экономического развития и торговли Республики Таджикистан:


  • совместно с министерствами, ведомствами и местными исполнительными органами государственной власти принять необходимые меры по снижению влияния возможных рисков на национальную экономику и обеспечить выполнение прогноза макроэкономических показателей в 2024 году;
  • совместно с министерствами промышленности и новых технологий, сельского хозяйства, Агентством по экспорту и местными исполнительными органами государственной власти принять необходимые меры по увеличению экспорта отечественной продукции.


  1. Министерству финансов Республики Таджикистан:


  • совместно с Налоговым комитетом и Таможенной службой при Правительстве Республики Таджикистан принять необходимые меры по своевременному и полному сбору налогов и платежей и сокращению налоговых недоимок;
  • укреплять сотрудничество с международными финансовыми организациями в целях привлечения инвестиционных средств, особенно грантовых средств для поддержки государственного бюджета и развития различных отраслей национальной экономики;
  • принять необходимые меры по своевременному финансированию мероприятий, предусмотренных в бюджете, в том числе по обеспечению социальных и международных обязательств государства, а также мероприятий, связанных с празднованием 35-летия Государственной Независимости Республики Таджикистан и проведением важных международных политических кампаний.


  1. Министерству промышленности и новых технологий Республики Таджикистан:


  • усилить работы по строительству новых производственных предприятий, созданию новых рабочих мест и повышению темпов развития производства промышленной продукции, особенно в сферах легкой, пищевой, машиностроительной промышленности, производства строительных материалов и медикаментов, а также увеличению производства школьной формы и предоставления качественной и доступной продукции;
  • совместно с министерствами, ведомствами и местными исполнительными органами государственной власти всесторонне изучить причины ликвидации промышленных предприятий и необеспечения на необходимом уровне развития производства продукции на промышленных предприятиях и принять неотложные меры по устранению имеющиеся недостатков отрасли обеспечению её развития в рамках целевых показателей.


  1. Министерству энергетики и водных ресурсов Республики Таджикистан:


  • укреплять сотрудничество с партнерами по развитию и инвесторами для своевременной реализации отраслевых проектов, в том числе строительства солнечных и ветряных электростанций;
  • совместно с предприятиями отрасли упорядочить режим электроснабжения населения, учреждений и предприятий и исключить случаи внезапных отключений электроэнергии, особенно важным социально-экономическим объектам и производственным предприятиям;
  • совместно с Открытым акционерным обществом «Барки Точик», Открытым акционерным обществом «Шабакахои интиколи барк» и Открытым акционерным обществом «Шабакахои таксимоти барк» принять необходимые меры по ремонту и реконструкции линий электропередачи, трансформаторов и других энергетических объектов.


  1. Министерству сельского хозяйства Республики Таджикистан совместно с местными исполнительными органами государственной власти:


  • принять необходимые меры по обеспечению дехканских и общественных хозяйств качественными семенами картофеля, овощей и других культур, а также минеральными удобрениями;
  • принять неотложные меры по полному сбору выращенного урожая, особенно хлопка, проведению осеннего сева зерновых и ранних овощей, реализации прогноза посадки сельскохозяйственных культур, а также обеспечению дальнейшего развития птицеводства;
  • принять практические меры, по подготовке зданий и сооружений животноводства и заготовке кормов для животных на необходимом уровне для вывода скота из зимовки без потер.


  1. Министерству транспорта Республики Таджикистан:


  • совместно с соответствующими министерствами и ведомствами принять необходимые меры по своевременной и качественной реализации государственных инвестиционных проектов по строительству и реконструкции автомобильных дорог путем привлечения средств партнеров по развитию;
  • совместно с соответствующими министерствами и ведомствами принять дополнительные меры по увеличению объемов международных пассажирских перевозок воздушным, железнодорожным и автомобильным транспортом.


  1. Министерству труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан в целях обеспечения внутреннего и внешнего рынка работниками с профессиями и специальностями, соответствующими требованиям, наладить подготовку как можно большего количества специалистов в рамках новообразованных центров профессионального обучения, обслуживания и развития навыков.
  2. Министерству здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан усилить деятельность в направлении улучшения условий медицинских учреждений, обеспечения их современным оборудованием и технологиями, а также повышения качества медицинских услуг и соблюдения этикета общения с пациентами.
  3. Министерству образования и науки Республики Таджикистан совместно с местными исполнительными органами государственной власти во взаимодействии с отечественными предпринимателями активизировать работу по строительству и вводу в эксплуатацию дошкольных образовательных учреждении и увеличению на этой основе охвата детей этим видом учреждений.
  4. Государственному комитету по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан совместно с министерствами и ведомствами, исполнительными органами государственной власти областей, городов и районов усилить деятельность по привлечению прямых иностранных и внутренних инвестиций в рамках стратегических целей страны, включая ускоренную индустриализацию, создание новых рабочих мест и реализацию проектов указанных в Программе государственных инвестиции на 2021-2025 годы.
  5. Рекомендовать Национальному банку Таджикистана:


  • принимать регулярные меры по поддержанию уровня инфляции и курса национальной валюты в пределах целевых показателей;
  • принять совместно с кредитными организациями практические меры по обеспечению доступа субъектов малого и среднего предпринимательства к льготным и долгосрочным кредитам, особенно в отраслях промышленности и сельского хозяйства.


  1. Комитету по архитектуре и строительству при Правительстве Республики Таджикистан совместно с соответствующими министерствами, ведомствами и местными исполнительными органами государственной власти принять конкретные меры для своевременной и качественной реализации намеченных планов в честь 35-летия Государственной независимости, а также соблюдению принятых норм строительства.
  2. Комитету по делам женщин и семьи при Правительстве Республики Таджикистан совместно с Комитетом по религии, упорядочение традиций, торжеств и обрядов и другими соответствующими структурами, принять необходимые меры по предотвращению и сокращению случаев расторжения брака путем расширения агитационно-пропагандистских и разъяснительных работ, а также реализации мер по поощрению для сохранения семьи.
  3. Комитету по чрезвычайным ситуациям и гражданской обороне при Правительстве Республики Таджикистан совместно с исполнительными органами государственной власти областей, городов и районов принять необходимые меры по своевременной ликвидации стихийных бедствий и других стихийных бедствий техногенного характера.
  4. Комитету по развитию туризма при Правительстве Республики Таджикистан:


  • во взаимодействии с Министерством экономического развития и торговли Республики Таджикистан, соответствующими министерствами и ведомствами, местными исполнительными органами государственной власти принять меры по разработке и принятию программ развития туризма областей, городов и районов страны;
  • во взаимодействии с предпринимателями и инвесторами принять дополнительные меры по строительству необходимой туристической инфраструктуры, повышению качества услуг, развитию народных промыслов и организации торговых рядов ремесленников и умельцев,


  1. Комитету по начальному и среднему профессиональному образованию при Правительстве Республики Таджикистан совместно с соответствующими министерствами и ведомствами принять меры по развитию начального и среднего профессионального образования, повышению уровня и качества образования, обеспечению образовательных учреждений сферы необходимыми кадрами и учебниками и пересмотреть нормативные правовые акты по образовательным (профессиональным) стандартам.
  2. Министерствам, ведомствам и местным исполнительным органам государственной власти представить информацию о ходе выполнения настоящего постановления в Правительство Республики Таджикистан.


Председатель Правительства Республики Таджикистан    Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 27 ноября 2024 года №603