ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар хусуси тасдиқи Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вобаста ба татбиқи лоиҳаи НБО-и Роғун (Лоти 4)
Мутобиқи моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вобаста ба татбиқи лоиҳаи НБО-и Роғун (Лоти 4), ки 10 октябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, тасдиқ карда шавад.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида Хазинаи ОПЕК оид ба рушди байналмилалиро дар бораи аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо кардани Созишномаи мазкур заруранд, огоҳ намояд.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Зокирзода
ш. Душанбе, аз 13 ноябри соли 2024, №1481
...