Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 2024, № 2114 «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024»

Санаи амалкуни: 01.01.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2024»

бо қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 
аз 7 ноябри соли 2024, № 1455
қабул шуд


Моддаи 1. Ба моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024» аз 18 ноябри соли 2023 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2023, №11, мод. 484; с. 2024, №3-4, мод. 158, №5-6, мод. 248; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 октябри соли 2024, №2083) қисми 18 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«18. Воридоти таҷҳизоту техникаи замонавӣ, аз ҷумла 4 автобуси мусофиркашонии тамғаи COBUS, 5 таҷҳизоти аксрезии тамғаи Hi-Scan, 1 нақлиёти махсуси боркунандаю фарорандаи худҳаракати дупалагӣ барои контейнерҳои 14 - тоннагии тамғаи WGSJT, 1 нақлиёти махсус барои коркарди зиддияхбандии ҳавопаймо, 2 нақлиёти махсуси зиддисӯхтории аэродромӣ ва 2 нақлиёти махсус аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд», ки барои истифода дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ворид карда мешаванд, аз андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз ба андозаи 50 дарсади меъёри муқарраршуда ва аз боҷи гумрукӣ пурра озод карда мешаванд.».

Моддаи 2. Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2024 мавриди амал қарор дода шавад.


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

ш. Душанбе, аз 13 ноябри соли 2024, № 2114



Закон Республики Таджикистан

О ВНЕСЕНИИ ДОПОЛНЕНИЯ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН «О ГОСУДАРСТВЕННОМ БЮДЖЕТЕ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН НА 2024 ГОД»
Принят постановлением МН МОРТ
от 7 ноября 2024 года №1455

Статья 1. Статью 15 Закона Республики Таджикистан «О Государственном бюджете Республики Таджикистан на 2024 год» от 18 ноября 2023 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2023 г., №11, ст. 484; 2024 г., №3-4, ст. 158, №5-6, ст. 248; Закон Республики Таджикистан от 21 октября 2024 года, №2083) дополнить частью 18 следующего содержания:

«18. Ввоз современной техники и оборудования, в том числе 4 пассажирских автобусов марки COBUS, 5 фотооборудований марки Hi-Scan, 1 специального самоходного двухэтажного погрузочно-разгрузочного транспорта для 14-тонных контейнеров марки WGSJT, 1 специальный транспорт для обработки самолетов от обледенения, 2 специальных аэродромных пожарных машин и 2 специальных транспорта со стороны Открытого акционерного общества «Международный аэропорт Худжанд» для использования в международном аэропорту Худжанд, освобождается от налога на добавленную стоимость и акцизов в размере 50 процентов от установленной ставки и полностью от таможенных пошлин.».

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие с 1 января 2024 года.


Президент Республики Таджикистан         Эмомали Рахмон
г.Душанбе 13 ноября 2024 года №2114