Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 2024, № 2107 «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират»

Санаи амалкуни: 18.11.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МУҲОҶИРАТ»
бо қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 
аз 1 октябри соли 2024, № 1412
қабул шуд

бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 
аз 5 ноябри соли 2024, № 551
ҷонибдорӣ карда шуд

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират» аз 11 декабри соли 1999 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1999, №12, мод. 320; с. 2002, № 4, қ. 1, мод. 248; с. 2005, №12, мод. 657; с. 2008, №12, қ. 2, мод. 1004; с. 2010, №1, мод. 15; с. 2018, №7-8, мод. 525) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:

1. Дар қисми 2 моддаи 4 пас аз калимаи «табобат,» калимаи «саёҳат» илова карда шуда, калимаҳои «сафарҳои туристӣ ва» ба калимаҳои «ва сафари» иваз карда шаванд.

2. Қисми 4 моддаи 82 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«4. Дароз кардани муҳлати раводид барои рафтуомади кормандони муҳоҷир тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.».

3. Дар ном ва қисми 2 моддаи 11, ном ва қисми 1 моддаи 13, ном ва қисми 2 моддаи 14, қисми 1 моддаи 16, моддаи 17, бандҳои 2), 3) ва 5) қисми 1 моддаи 21, қисми 2 моддаи 22 калимаҳои «Шахсе», «шахсе» ва «Шахси» мувофиқан ба калимаҳои «Шахсоне», «шахсоне» ва «Шахсони» иваз карда шаванд.

4. Аз сархати панҷуми қисми 1 моддаи 11 аломат ва калимаи «(турист)» хориҷ карда шаванд.

5. Дар моддаи 16:

- дар қисми 1 аломат ва калимаҳои «писархондҳо (духтархондҳо)» ба калимаи «фарзандхондшудагон» иваз карда шаванд;

- дар қисми 2 калимаҳои «кӯдакони то синни ҳаждаҳсола бо розигии падару модар ва падархонди (модархонд, васиён ё сарпарастони)» ба калимаҳои «кӯдакон бо розигии падару модар, фарзандхондагон, васиён ё парасторони» иваз карда шаванд.

6. Муқаддимаи қисми 1 моддаи 21 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«1. Асосҳои рад намудани додани иҷозат барои истиқомат ва шаҳодатномаи шахси бешаҳрванд:».

7. Дар сархати якуми қисми 2 моддаи 22 калимаи «писархондҳо» ба калимаи «фарзандхондшудагон» иваз карда шавад.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

ш. Душанбе, аз 13 ноябри соли 2024, № 2107

 

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Зокирзода

ш. Душанбе, аз 1 октябри соли 2024, № 1412

Қарори

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси

Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ

ш. Душанбе, аз 5 ноябри соли 2024, № 551

Закон Республики Таджикистан

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН «О МИГРАЦИИ»
Принят постановлением МН МОРТ
от 1 октября 2024 года, №1412


Одобрен постановлением ММ МОРТ
от 5 ноября 2024 года, №551

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан «О миграции» от 11 декабря 1999 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1999 г., №12, ст. 320; 2002 г., № 4, ч. 1, ст. 248; 2005 г., №12, ст. 657; 2008 г., №12, ч. 2, ст. 1004; 2010 г., №1, ст. 15; 2018 г., №7-8, ст. 525) следующие изменения:

1. Часть 4 статьи 82 изложить в следующей редакции:

«4. Продление срока действия визы для въезда и выезда трудящихся мигрантов осуществляется в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан.».

2. Из части 2 статьи 16 слова «до восемнадцатилетнего возраста» исключить.

3. Введение часть 1 статьи 21 изложить в следующей редакции:

«Основание отказа на выдачу вида на жительство и удостоверения лица без гражданства:».

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.


Президент Республики Таджикистан              Эмомали Рахмон
г.Душанбе 13 ноября 2024 года №2107