ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ»
бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 9 октябри соли 2024, № 1432 қабул шуд
бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 5 ноябри соли 2024,
№ 543ҷонибдорӣ карда шуд
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» аз 2 августи соли 2011 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, №7-8, мод. 614; с. 2014, №11, мод.669; с. 2017, №7-9, мод. 572; с. 2022, №6, мод. 347, мод. 348) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 9:
- сархати даҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- муайян кардани тартиб ва андозаи ҷуброни зарар барои ифлос кардани муҳити зист бо партовҳо, барои зиёда аз меъёр партофтани моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера, об, инчунин буридани худсаронаи дарахту буттаҳо дар маҳаллаҳои аҳолинишин, заминҳои таъиноти кишоварзӣ, ҳифзи табиат ва захираҳои давлатӣ (ба ғайр аз боғҳои хоҷагидорӣ ва қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ);»;
- сархати ҳаждаҳум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- додани иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, анҷом додани амалҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ, қабули огоҳиномаҳо барои пешбурди фаъолиятҳо ва амалҳои дигар дар соҳаи ҳифзи муҳити зист бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ»;».
2. Ба қисми 2 моддаи 10 сархати сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- ташкил намудани нуқтаҳои муваққатии ҷамъоварии партовҳо дар ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин, бунёди партовгоҳҳо барои ҷойгирсозӣ ва безараргардонии онҳо бо мақсади ҳифзи объектҳои муҳити зист;».
3. Моддаи 77 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 77. Уҳдадории ҷуброн намудани товони зараре, ки бинобар риоя накардани қонунгузорӣ оид ба ҳифзи муҳити зист расонида шудааст
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки дар натиҷаи ифлос, хароб ва нобуд кардани ҷузъҳои муҳити зист, ғайриоқилона истифода бурдани захираҳои табиӣ, дар ҷойҳои муқаррарнашуда ҷойгир кардани партовҳо, хароб кардани системаҳо, комплексҳо ва ландшафтҳои табиии экологӣ ба муҳити зист зарар расонидаанд, уҳдадоранд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон зарарро ҷуброн намоянд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 13 ноябри соли 2024, № 2099
Закон Республики Таджикистан
О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН «ОБ ОХРАНЕ ОКРУЖАЮЩЕЙ СРЕДЫ»
Принят постановлением МН МОРТ
о
т 9 октября 2024 года, №1432Одобрен постановлением ММ МОРТ
от 5 ноября 2024 года,
№543Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан «Об охране окружающей среды» от 2 августа 2011 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2011 г., №7-8, ст. 614; 2014 г., №11, ст. 669; 2017 г., №7-9, ст. 572; 2022 г., №6, ст. 347, ст. 348) следующие изменения и дополнения:
1. В статье 9:
- дополнить абзацем десятым следующего содержания:
«- определение порядка и размера компенсации ущерба за загрязнение окружающей среды отходами, сверхлимитный выброс загрязняющих веществ в атмосферу, воду, а также самовольную вырубку деревьев и кустарников в населенных пунктах, землях сельскохозяйственного назначения, охраны природы и государственного запаса (за исключением хозяйственных садов и приусадебных земельных участков);»;
- абзац восемнадцатый изложить в следующей редакции:
«- выдачу лицензий, разрешительных документов, совершение актов утверждения и согласования, принятия уведомлений для осуществления определённых видов деятельности и другие действия в области охраны окружающей среды в порядке, установленном Законом Республики Таджикистан «О разрешительной системе»;».
2. Часть 2 статьи 10 дополнить абзацем третьим следующего содержания:
«- организация пунктов временного сбора отходов на территории населенных пунктов, строительство полигонов для захоронения и их обезвреживания в целях защиты объектов окружающей среды;».
3. Статью 77 изложить в следующей редакции:
«Статья 77. Обязанность возмещения ущерба за вред, причиненный вследствие несоблюдения законодательства об охране окружающей среды
Физические и юридические лица, наносившие вред окружающей среде, вследствие загрязнения, разрушения и уничтожения компонентов окружающей среды, нерационального использования природных ресурсов, размещения отходов в неустановленных местах, разрушения систем, комплексов и естественных экологических ландшафтов, обязаны компенсировать ущерб в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан.».
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе 13 ноября 2024 года №2099