Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 2024, № 2091 «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Санаи амалкуни: 18.11.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда


ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

бо қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 
аз 1 октябри соли 2024, № 1408
қабул шуд

бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 
аз 5 ноябри соли 2024, № 535
ҷонибдорӣ карда шуд


Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 20 марти соли 2008 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №3, мод. 193; с. 2009, №5, мод. 323; с. 2010, №3, мод. 154; с. 2011, №6, мод. 459; с. 2013, №7, мод. 517; с. 2014, №11, мод. 645; с. 2016, №3, мод. 137; с. 2017, №1-2, мод. 10, мод. 11, мод. 12, №5, қ. 1, мод. 298; с. 2020, №1, мод. 10, №12, мод. 909; с. 2021, №1-2, мод. 6; с. 2022, №6, мод. 344; с. 2023, №11, мод. 461) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:

1. Дар тамоми матни қонун калимаҳои «ӯҳдадориҳо», «ӯҳдадориҳоро», «ӯҳдадориҳои», «ӮҲДАДОРИҲОИ», «Ӯҳдадориҳои», «ӯҳдадор», «Ӯҳдадорони», «мӯҳлатҳои», «мӯҳлати», «мӯҳлатнок», «мӯҳлат», «шӯъбаҳои», «шӯъбаҳо» ва «мӯҳр» мувофиқан ба калимаҳои «уҳдадориҳо», «уҳдадориҳоро», «уҳдадориҳои», «УҲДАДОРИҲОИ», «Уҳдадориҳои», «уҳдадор», «Уҳдадорони», «муҳлатҳои», «муҳлати», «муҳлатнок», «муҳлат», «шуъбаҳои», «шуъбаҳо» ва «муҳр» иваз карда шаванд.

2. Дар қисми 2 моддаи 11 калимаҳои «вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва» ба калимаҳои «вилоят, шаҳри Душанбе ва раёсату» иваз карда шаванд.

3. Дар моддаи 13:

1) сархати панҷум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«- сардорони раёсату шуъбаҳои мустақили Дастгоҳи марказӣ ва мақомоти маҳаллии Агентиро дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;»;

2) дар сархати шашум калимаи «шӯъбаҳои» ба калимаҳои «раёсату шуъбаҳои» иваз карда шавад;

3) сархати дувоздаҳум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«- дар доираи ваколатҳои худ кормандони Агентиро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рутбаҳои махсус то рутбаи полковник ва унвонҳои махсуси дахлдор сарфароз мегардонад. Сарфарозгардонии кормандони Агентиро бо рутбаи махсуси полковники адлия ва рутбаи полковники хадамоти зиддикоррупсионӣ дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад;».

4. Ба қисми 2 моддаи 15 ва қисми 4 моддаи 17 пас аз калимаи «нозирон,» калимаҳои «навбатдорони калони оперативӣ оид ба супоришҳои махсус,» илова карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

ш. Душанбе, аз 13 ноябри соли 2024, № 2091

 


Закон Республики Таджикистан

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЯ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН «ОБ АГЕНТСТВЕ ПО ГОСУДАРСТВЕННОМУ ФИНАНСОВОМУ КОНТРОЛЮ И БОРЬБЕ С КОРРУПЦИЕЙ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН» 


Принят постановлением МН МОРТ
от 1 октября 2024 года, №1408

 

Одобрен постановлением ММ МОРТ
от 5 ноября 2024 года, №535

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан «Об Агентстве по государственному финансовому контролю и борьбе с коррупцией Республики Таджикистан» от 20 марта 2008 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2008 г., №3, ст. 193; 2009 г., №5, ст. 323; 2010 г., №3, ст. 154; 2011 г., №6, ст. 459; 2013 г., №7, ст. 517; 2014 г., №11, ст. 645; 2016 г., №3, ст. 137; 2017 г., №1-2, ст. 10, ст. 11, ст. 12, №5, ч. 1, ст. 298; 2020 г., №1, ст. 10, №12, ст. 909; 2021 г., №1-2, ст. 6; 2022 г., №6, ст. 344; 2023 г., №11, ст. 461) следующие изменения и дополнение:

1. В части 2 статьи 11 слова «областях, города Душанбе, региональных отделов» заменить словами «области, города Душанбе, региональных управлений и отделов».

2. В статье 13:

1) абзац пятый изложить в следующей редакции:

«- назначает на должность и освобождает от должности начальников управлений и самостоятельных отделов Центрального аппарата и местных органов Агентства по согласованию с Президентом Республики Таджикистан;»;

2) в абзаце шестом слово «отделов» заменить словами «управлений и отделов»;

3) абзац двенадцатый изложить в следующей редакции:

«- в рамках своих полномочий в соответствии с законодательством присваивает сотрудникам Агентства специальные звания до звания полковника и соответствующие специальные чины. Осуществляет присвоение сотрудникам Агентства специального звания полковник юстиции и звания полковника антикоррупционной службы по согласованию с Президентом Республики Таджикистан;».

3. В части 2 статьи 15 и части 4 статьи 17 после слова «инспекторы,» дополнить словами «старшие оперативные дежурные по особым поручениям,».

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент Республики Таджикистан         Эмомали Рахмон 
г.Душанбе 13 ноября 2024 года №2091