Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 ноябри соли 2024, № 599 "Дар бораи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба масъалаҳои рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ"

Санаи амалкуни: 16.11.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР 

Дар бораи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба масъалаҳои рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ

Мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба масъалаҳои рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ таъсис дода шавад (ҳайат замима мегардад).

2. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар то санаи 5 ҳар моҳ ба Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба раванди рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва гузаштан ба низоми ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ маълумоти муфассал пешниҳод намоянд.

3. Ситоди ҷумҳуриявӣ:

- механизмҳои арзёбӣ кардани самаранокии хизматрасониҳои давлатӣ ва низоми ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдиро дар фаъолияти мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мунтазам мавриди таҳлил қарор дода, вобаста ба суръат бахшидан ба татбиқи саривақтии он ва таъмини амнияти иттилоотӣ тадбирҳои зарурӣ андешад;

- дар муҳлати як моҳ нақшаи кори худро таҳия ва тасдиқ намояд;

- аз натиҷаи фаъолият ва корҳои анҷомдодашуда то санаи 10 ҳар моҳ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот манзур намояд.

4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 16 ноябри соли 2024, № 599
...

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О Республиканском штабе по вопросам цифровизации государственных услуг и безналичных расчетов

В соответствии со статьей 13 конституционного Закона Республики Таджикистан «О Правительстве Республики Таджикистан» Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

1. Создать Республиканский штаб по вопросам цифровизации государственных услуг и безналичных расчетов (состав прилагается).

2. Министерствам, ведомствам, исполнительным органам государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов, предприятиям, учреждениям и другим организациям до 5 числа каждого месяца предоставлять Республиканскому штабу подробную информацию о ходе цифровизации государственных услуг и перехода к системе безналичных расчетов.

3. Республиканскому штабу:

- регулярно анализировать механизмы оценки эффективности оказания государственных услуг и системы безналичных расчетов в деятельности центральных и местных исполнительных органов государственной власти и принимать необходимые меры по ускорению ее своевременного внедрения и обеспечению информационной безопасности;

- в течение одного месяца подготовить и утвердить план своей работы;

- до 10 числа каждого месяца представлять Правительству Республики Таджикистан информацию о результатах деятельности и выполненных работ.

4. Контроль за исполнением настоящего постановления возложить на Премьер-министра Республики Таджикистан.

Председатель Правительства Республики Таджикистан    Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 16 ноября 2024 года №599
Приложение 
...