×

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 ноябри соли 2024, № 579 "Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ»"

Санаи амалкуни: 01.11.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 

ҚАРОР

Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ»

Мутобиқи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 1 ноябри соли 2024, № 579
Лоиҳа

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ АСНОДИ ҲОЛАТИ ШАҲРВАНДӢ

Қонуни мазкур вазъи ҳуқуқии мақомоти бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ, тартиби бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ташкил ва нигоҳдории китобҳои бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ворид намудани ислоҳ, тағйир ва иловаҳо ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, барқарор ва бекор кардани сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, додани шаҳодатномаҳои такрорӣ оид ба бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва ҳуҷҷатҳои дигар, ки факти мавҷуд будан ё набудани бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандиро тасдиқ менамояд, инчунин пешбурди феҳристи давлатии асноди ҳолати шаҳрвандиро муайян менамояд.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 2. Асноди ҳолати шаҳрвандӣ
...

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

  О проекте Закона Республики Таджикистан «О государственной регистрации актов гражданского состояния»

В соответствии со статьей 58 Конституции Республики Таджикистан Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

Одобрить проект Закона Республики Таджикистан «О государственной регистрации актов гражданского состояния» и представить на рассмотрение Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан.

Председатель Правительства Республики Таджикистан   Эмомали Рахмон 
г.Душанбе от 1 ноября 2024 года №579
Проект

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ГОСУДАРСТВЕННОЙ РЕГИСТРАЦИИ АКТОВ ГРАЖДАНСКОГО СОСТОЯНИЯ

Настоящий Закон регулирует правовое положение регистрирующих  органов актов гражданского состояния, порядок государственной регистрации актов гражданского состояния, организацию и хранение книг государственной регистрации актов гражданского состояния, внесение исправлений, изменений и дополнений в записи актов гражданского состояния, восстановление и аннулирование записей актов гражданского состояния, выдачу повторных свидетельств о государственной регистрации актов гражданского состояния и иных документов, подтверждающих факты наличия или отсутствия государственной регистрации актов гражданского состояния, а также определяет ведение государственного реестра актов гражданского состояния.

ГЛАВА 1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

Статья 1. Законодательство Республики Таджикистан о государственной регистрации актов гражданского состояния

Законодательство Республики Таджикистан о государственной регистрации актов гражданского состояния основывается на Конституции Республики Таджикистан и состоит из Семейного кодекса Республики Таджикистан, настоящего Закона, других нормативных правовых актов Республики Таджикистан и международных правовых актов, признанных Таджикистаном.

Статья 2. Акты гражданского состояния
...