ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар хусуси лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 2 ноябри соли 2024, № 592
Лоиҳа
Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шахси «Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо» (ТОҶИКСТАНДАРТ) ва Ҳукумати Давлати Кувайт дар шахси Мақомоти Давлатӣ оид ба саноат (МДС) «Раёсати стандартҳо ва метрология» (KOWSMD), ки (минбаъд «Тарафҳо» номида мешаванд),
бо майлу хоҳиши ҳар ду Тараф барои таҳкимбахши муносибатҳои ҳамкорӣ дар самтҳои стандартизатсия ва менеҷменти сифат, озмоишгоҳҳо ва баҳодиҳии мутобиқат;
ҷиҳати ба даст овардани кафолати сифати маҳсулоти саноатӣ (ба истиснои маҳсулоти хӯрокворӣ) барои воридоту содироти молу маҳсулот, бартараф намудани монеаҳои техникӣ дар савдо ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон байни ду кишвар;
барои пешгирии такроршавии баҳодиҳии мутобиқат дар сарҳад тибқи талаботи байналмилалӣ;
...