ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи почта»
Мутобиқи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи почта» маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 30 октябри соли 2024, № 550
Лоиҳа
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ АЛОҚАИ ПОЧТА»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи почта» аз 1 августи соли 2003 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2003, №8,. мод.462; с.2004, №5, мод.341; с.2007, №7, мод.684; с.2014, №7, қ.2, мод.412, мод.413; с.2016, №11, мод.886) моддаи 241 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 241. Пардохтҳои марбут ба хизматрасониҳои алоқаи почта
Пардохтҳои марбут ба хизматрасониҳои алоқаи почта, ки дар Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд, тариқи ғайринақдӣ анҷом дода мешаванд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О проекте Закона Республики Таджикистан «О внесении дополнения в Закон Республики Таджикистан «О почтовой связи»
В соответствии со статьей 58 Конституции Республики Таджикистан Правительство Республики Таджикистан постановляет:
Одобрить проект Закона Республики Таджикистан «О внесении дополнения в Закон Республики Таджикистан «О почтовой связи» и представить на рассмотрение Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан.
Председатель Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 30 октября 2024 года №550
Проект
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ДОПОЛНЕНИЯ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН «О ПОЧТОВОЙ СВЯЗИ»
Статья 1. Дополнить Закон Республики Таджикистан «О почтовой связи» от 1 августа 2003 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2003 г., №8, ст.462; 2004 г., №5, ст.341; 2007 г., №7, ст.684; 2014 г., №7, ч.2, ст.412, ст.413; 2016 г., №11, ст.886) статьёй 241 следующего содержания:
«Статья 241. Платежи, связанные с услугами почтовой связи
Платежи, связанные с услугами почтовой связи, предусмотренные настоящим Законом, осуществляются в безналичной форме.».
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент Республики Таджикистан