ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ»
Мутобиқи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ» маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 30 октябри соли 2024, № 541
Лоиҳа
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БАҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ БАҲИСОБГИРИИ МУҲОСИБӢ ВА ҲИСОБОТИ МОЛИЯВӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ» аз 25 марти соли 2011 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2011, №3, мод.169; с.2014, №3, мод.149; с.2017, №1-2, мод.23) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 1 ва тамоми матн калимаҳои «ӯҳдадориҳо», «ӯҳдадор», «ӯҳдадориҳои», «мӯҳлати» ва «мӯҳлатҳои» мувофиқан ба калимаҳои «уҳдадориҳо», «уҳдадор», «уҳдадориҳои», «муҳлати» ва «муҳлатҳои» иваз карда шаванд.
2. Дар моддаи 2:
1) сархатҳои сенздаҳум, чордаҳум ва понздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«-ҳисоботи молиявии маҷмуӣ - ҳисоботи молиявии муттаҳидшуда, ки ҳисоботи молиявии ташкилоти асосӣ ва фаръиро дар бар гирифта, мутобиқ ба стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ таҳия карда мешавад;
...