ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри тиҷоратӣ»
Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июни соли 2024, №2299 «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри тиҷоратӣ»-ро баррасӣ намуда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Хулосаи замимагардидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри тиҷоратӣ» ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 30 октябри соли 2024, №556
Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 октябри соли 2024, №556
Хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри тиҷоратӣ»
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри тиҷоратӣ»-ро, ки бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июни соли 2024, №2299 барои додани хулоса ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба моддаи 1 таклифҳои зеринро манзур менамояд:
- Аз қисми 1 калимаҳои «аломат ва» хориҷ карда шаванд.
- Ба қисми 2 пас аз калимаи «паҳн» калимаи «мувофиқан» илова карда шавад.
- Сархати якуми қисми 3 таҷдид гардида, мафҳуми «сирри тиҷоратӣ» ба муқаррароти моддаи 165 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ карда шавад.
- Қисми 4 бинобар коста ва душворфаҳм таҳия гардидан таҷдид карда шавад.
- Сархати сеюми қисми 5 хориҷ карда шавад, зеро калимаҳои ивазшаванда муқаррароти зербанди ж) моддаи 5 Қонуни мазкурро нопурра ва душворфаҳм гардонда, метавонад ҳангоми татбиқ дар оянда гуногунфаҳмиро ба миён орад.
- Дар сархати якуми қисми 6 ивазнамоии калимаҳои «мақомоти ҳокимияти давлатӣ» ба калимаҳои «мақомоти давлатӣ» пешбинӣ карда шавад.
- Дар сархати дуюми қисми 10 калимаи «дода» ба калимаи «дастрас» иваз карда шавад.
- Оид ба сархати ҳафтуми қисми 11, ба зербанди д) қисми 3 моддаи 11 пас аз калимаи «моддии» илова кардани калимаи «электронии» зарурат надорад, зеро ҳомили моддии иттилоот мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоотонӣ» маводди дорои хосиятҳои муайян буда, барои сабт ва нигоҳдории иттилоот истифода бурда мешавад.
Хатоҳои дигари имлои, грамматикӣ ва техникӣ ислоҳ ва матни забони русии лоиҳа ба матни забони тоҷикии он мутобиқ карда шавад.
Правительство Республики Таджикистан
Постановление
О представлении заключения Правительства Республики Таджикистан к проекту Закона Республики Таджикистан «О внесении изменений и дополнения в Закон Республики Таджикистан «О коммерческой тайне»
Рассмотрев постановление Совета Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан от 18 июня 2024 года, №2299 «О проекте Закона Республики Таджткистан «О внесении изменений и дополнения в Закон Республики Таджикистан «О коммерческой тайне», Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:
Представить на рассмотрение Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан прилагаемое заключение Правительства Республики Таджикистан к проекту Закона Республики Таджикистан «О внесении изменений и дополнения в Закон Республики Таджикистан «О коммерческой тайне».
Председатель Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 30 октября 2024 года №556