Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2024, № 555 "Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ»"

Санаи амалкуни: 30.10.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 

ҚАРОР 

Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ»

Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2024, №2242 «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ»-ро баррасӣ намуда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Хулосаи замимагардидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ» ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанде, аз 30 октябри соли 2024, № 555
Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 октябри соли 2024, №555


Хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ»

 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ»-ро, ки бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2024, №2242 барои додани хулоса ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, мавриди баррасӣ қарор дод.

Дар маҷмуъ омӯзиш ва таҳлили лоиҳаи Қонуни мазкур нишон дод, ки он дар такя ба Қонуни амалкунанда ва таҷрибаи баъзе давлатҳо дар шакли коста, нопурра ва бе танзими масъалаҳои муҳимми соҳа таҳия гардидааст. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ» нисбат ба лоиҳаи Қонуни мазкур дар аксари мавридҳо аз рӯйи тарзи навишт ва истифодаи мафҳумҳо сода ва фаҳмо мебошад.

Лоиҳаи Қонуни мазкур масъалаҳои мавзуи танзимро пурра дар бар нагирифтааст. Аз ҷумла ҳангоми таҳия таҷрибаи дар амал татбиқгардидаи мақомоти давлатӣ дар самти танзими давлатии муносибатҳо оид ба сарватҳои зеризаминӣ ба пуррагӣ истифода нагардида, муқаддима, шарҳи мафҳумҳои асосӣ, танзими давлатӣ, гузариши ҳуқуқи истифода, ба гарав гузоштани ин ҳуқуқ ва дигар муносибатҳои муҳим нопурра, коста ва душворфаҳм ифода гардида, мебояд шаффофият, талаботи зиддиинҳисорӣ ҳангоми истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ, қатъ гардидани ҳуқуқи истифодабарӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ ва дигар масъалаҳо пешбинӣ карда шаванд.

Бо мақсади амалисозии пурра ва ҳаматарафаи муқаррароти лоиҳаи Қонуни мазкур қабули зиёда аз 20 санади меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ пешбинӣ гардидааст. Бинобар ин, ба мақсад мувофиқ аст, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ дар лоиҳа кам гардида, масъалаҳои ҷойдошта дар матни лоиҳа танзим карда шаванд.

Ҳамзамон мувофиқи таҳлили экспертизаи зиддикоррупсионии гузаронидашуда дар лоиҳаи пешниҳодгарида омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия, ки дар сархатҳои дуюм, шашум ва ҳаштуми қисми 2 моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» пешбинӣ шудааст, дида мешавад.

Дар як вақт ҳамоҳангӣ ва мутобиқати лоиҳаи Қонуни мазкур бо дигар санадҳои қонунгузорӣ, аз ҷумла бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин гардида, дар заминаи омӯзиши таҷрибаи пешқадами давлатҳои хориҷӣ лоиҳа такмил дода шавад.

Зимни такмили лоиҳа талаботи моддаҳои 43, 49, 50 ва 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» ва Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, №268 тасдиқ шудааст, ба инобат гирифта шуда, хатоҳои зиёди имлоӣ, грамматикӣ ва техникии дар лоиҳа ҷойдошта ислоҳ ва матни забони русии он ба матни забони тоҷикӣ мутобиқ карда шавад.

Бинобар гуфтаҳои боло лоиҳаи Қонуни мазкур дар шакли пешниҳодгардида қобили қабул намебошад.

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О представлении заключения Правительства Республики Таджикистан к проекту Закона Республики Таджикистан «О недрах»

Рассмотрев постановление Совета Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан от 3 июня 2024 года, №2242 «О проекте Закона Республики Таджикистан «О недрах», Правительство Республики Таджикистан постановляет:

Представить на рассмотрение Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан прилагаемое заключение Правительства Республики Таджикистан к проекту Закона Республики Таджикистан «О недрах».

Председатель Правительства Республики Таджикистан    Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 30 сентября 2024 года №555

Прилагается на тадж.яз