ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар хусуси лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни Вазорати меҳнат,муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати шуғл ва меҳнати Ҷумҳурии Корея оид ба фиристодан ва қабули кормандонтавассути низоми иҷозати кор
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 30 октябри соли 2024, № 539
Лоиҳа
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати шуғл ва меҳнати Ҷумҳурии Кореяоид ба фиристодан ва қабули кормандон тавассути низоми иҷозати кор
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати шуғл ва меҳнати Ҷумҳурии Корея, ки минбаъд «Тарафҳо» номида мешаванд, бо эҳтиром ба принсипҳои баробарӣ ва манфиатҳои мутақобила, густариши муносибатҳои дӯстонаи мавҷудаи байни ду кишвар тавассути ҳамкорӣ дар соҳаи шуғл ва масъалаҳои меҳнатӣ, бо нияти рушди нерӯи инсонӣ, бо дарки манфиатҳои аз ҳамкориҳои ҳар ду кишвар бадастомада, ба мувофиқаи зайл расиданд.
Моддаи 1. Ҳадаф
...