Тартиби ба иҷора додани китобҳои дарсӣ ва маблағҳои гардони китобҳои дарсӣ дар муассисаҳои таълимӣ аз 1 августи соли 2022, № 1144

Санаи амалкуни: 11.11.2022

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

8 сентябри соли 2022 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,

рақами бақайдгирӣ 1187

Замима
ба фармоиши вазири маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 августи соли 2022, № 1144
тасдиқ шудааст

ТАРТИБИ БА ИҶОРА ДОДАНИ КИТОБҲОИ ДАРСӢ ВА МАБЛАҒҲОИ ГАРДОНИ КИТОБҲОИ ДАРСӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Тартиби ба иҷора додани китобҳои дарсӣ ва маблағҳои гардони китобҳои дарсӣ дар муассисаҳои таълимӣ (минбаъд - Тартиб) дар асоси сархати ёздаҳуми банди 8 Низомномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, № 145 тасдиқ шудааст таҳия гардида, тартиби таъмин бо китобҳои дарсӣ ва ба иҷора додани китобҳои дарсӣ дар муассисаҳои таълимӣ, инчунин истифодаи маблағҳои гардони онро муайян мекунад.

2. Тартиби ба иҷора додани китобҳои дарсӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ амалӣ мегардад.

3. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Вазорат) аз ҳисоби маблағҳои гардони иҷораи китобҳои дарсӣ чопи китобҳои дарсӣ, бадеӣ, маводди таълимиро барои тамоми муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад.

4. Дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти умумии хусусӣ, мактаб-интернатҳо, мактабҳои президентӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ ва олии касбӣ маблағи иҷораи адабиёти таълимӣ ва китобҳои бадеӣ баробар ба арзиши китобҳои мазкур буда, якбора пардохт мегардад.

5. Дар муассисаҳои таълимӣ пардохти маблағи китобҳои дарсӣ аз ҳисоби хонандагон дар муддати се сол ба таври зайл пардохт мешавад: 34%, 33% ва 33%, ба истиснои хонандагони синфи якуми муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимашон ба забони тоҷикӣ, ки маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ якбора пардохт мешавад.

...
Зарегистрировано Министерством юстиции
Республики Таджикистан 8 сентября 2022 года,
регистрационный номер 1187
Приложение
утвержден распоряжением
министра образования и науки
Республики Таджикистан
от «01»августа 2022 года, №1144

ПОРЯДОК АРЕНДЫ УЧЕБНИКОВ И ОБОРОТНЫХ СРЕДСТВ ОТ НИХ В ОБРАЗОВАТЕЛЬНЫХ УЧРЕЖДЕНИЯХ

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЕ

1. Порядок аренды учебников и оборотных средств от них в образовательных учреждениях (далее - Порядок) разработан в соответствии с абзацем 11 пункта 8 Положения Министерства образования и науки Республики Таджикистан, утвержденного постановлением Правительством Республики Таджикистан от 3 марта 2014 года, №145, и определяет порядок обеспечение учебников и аренды учебников, а также ее оборотных средств в учебных заведениях Республики Таджикистан.

2. Порядок аренды учебников осуществляется в общеобразовательных учреждениях.

3. Министерство образования и науки Республики Таджикистан (далее - Министерство) в пределах оборотных средств аренду учебников организует издание учебных и художественных книг, и учебных материалов для всех образовательных учреждений Республики Таджикистан.

4. В дошкольных образовательных учреждениях, частных общеобразовательных учреждениях, школах-интернатах, президентских школах, начальных, средних профессиональных и высших профессиональных учебных заведениях сумма аренды учебников и художественных литератур ровняется их общей стоимостью и оплачивается сразу.

5. В общеобразовательных учреждениях оплата сумма аренды учебников учениками на три года осуществляется следующим образом: 34% + 33% + 33%, за исключением учеников первого класса общеобразовательных учреждений, где язык обучение таджикский, и стоимость учебников оплачивается сразу.

...