Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 19 июли соли 2024 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 1293
Замимаи 2
ба фармоиши вазири энергетика
ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 5 июли соли 2024,
№ 33
ТАРТИБИ ҚАТЪ НАМУДАНИ ҚУВВАИ БАРҚ ДАР КОРХОНАЮ МУАССИСАҲОИ СТРАТЕГӢ ВА ТАШКИЛОТҲОИ ДИГАРИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, КИ ФАЪОЛИЯТИ МУНАЗЗАМАШОН МАХСУСАН МУҲИМ БА ҲИСОБ МЕРАВАД
1. Тартиби қатъ намудани қувваи барқ дар корхонаю муассисаҳои стратегӣ ва ташкилотҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти муназзамашон махсусан муҳим ба ҳисоб мераванд (минбаъд - Тартиби мазкур), ҳолатҳои қатъ намудани қувваи барқро дар корхонаю муассисаҳои стратегӣ ва ташкилотҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Муштариён), ки дар рӯйхати корхонаю муассисаҳои стратегӣ ва ташкилотҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти муназзамашон махсусан муҳим ба ҳисоб меравад ва бо фармоиши вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми июли соли 2024-ум, №33 тасдиқ гардида, дар замимаи 1 пешбинӣ шудааст (минбаъд - рӯйхати дар замимаи 1 фармоиши мазкур пешбинишуда) ва сари вақт маблағи истифодаи қувваи барқро пардохт наменамоянд, муайян менамояд.
2. Таъминоти қувваи барқ ба Муштариёни дар банди 1 рӯйхати замимаи 1 фармоиши мазкур пешбинишуда, новобаста ба напардохтани маблағи истифодаи қувваи барқ, қатъ карда намешавад.
3. Дар сурати аз 2 (ду) моҳ зиёд ба таъхир афтодани пардохти маблағи истифодаи қувваи барқ, ташкилоти таъминкунандаи барқ ба Муштариён дар бораи қарздории онҳо, зарурати пардохт намудани қарз ва қатъ гардидани таъминоти барқ огоҳиномаҳоро бо нишон додани муҳлати пардохт, ки он аз 10 рӯзи тақвимӣ зиёд буда наметавонад, ирсол менамояд.
4. Огоҳинома ба муштарии қарздор тавассути мактуб ба суроғааш ирсол ё шахсан ба намояндаи муштарӣ бо гирифтани имзо ва нишон додани сана ва вақти қабули пардохти он супорида мешавад.
5. Дар сурати имконнопазирии пардохти қарз дар муҳлати дар огоҳинома пешбинишуда, Муштарӣ ҳуқуқ дорад бо ташкилоти таъминкунандаи барқ дар бораи тамдид намудани пардохти қарз ба муҳлати 3 (се) моҳ ва ба қисмҳои баробар ҷудо намудани қарз бо пардохти ҳатмии маблағҳои ҷории ҳаққи истифодаи неруи барқ шартнома ба имзо расонад. Дар сурати риоя накардани яке аз шартҳои шартнома вобаста ба пардохти қарзи қувваи барқ, ташкилоти таъминкунандаи барқ ба Муштарӣ огоҳиномаи иловагӣ пешниҳод карда, таъминоти қувваи барқи Муштариро қатъ менамояд.
6. Дар сурати ба имзо нарасидани шартномаи дар банди 5 Тартиби мазкур пешбинишуда қатъ гардидани таъминоти қувваи барқ баъди гузаштани муҳлати дар огоҳинома муқарраршуда анҷом дода мешавад. Намояндаи ваколатдори ташкилоти таъминкунандаи барқ уҳдадор мешавад, ки дар ҳузури намояндаи Муштарии қарздор таъминоти қувваи барқи Муштариро бо пломба гузоштани ҳисобкунаки барқӣ қатъ намуда, вобаста ба он дар ду нусха протоколи қатъ намудани қувваи барқро тартиб диҳад. Як нусхаи протокол дар ташкилоти таъминкунандаи барқ ва нусхаи дуюм ба Муштарӣ супорида мешавад. Дар сурати аз ҷониби намояндаи Муштарӣ даст кашидан аз имзогузорӣ дар протокол, дар ин бора дар протокол қайд карда мешавад.
7. Аз нав пайваст кардани таъминоти барқи Муштариён дар давоми на зиёда аз 3 (се) соат пас аз пурра баргардонидани қарз сурат мегирад.
8. Ташкилоти таъминкундаи барқ ва Муштарӣ уҳдадоранд, ки дар ҳамаи нуқтаҳои ҳисоб ҳисобкунакҳои муосири зеҳнӣ бо имкони дастрасии дурдаст барои гирифтани нишондодҳо ва хомӯш кардани таъминоти барқ ва таъмини бехатарии онҳо гузоранд. Биноҳои истеҳсолии дар банди 9 рӯйхати замимаи 1 фармоиши мазкур пешбинишуда, ки ба равандҳои технологие, ки кори доимиро тақозо мекунанд, алоқаманд мебошанд ва қатъ намудани қувваи барқ дар онҳо боиси ба иқтидорҳои асосии истеҳсолӣ зарари калони молиявӣ мегардад, бояд бо чунин ҳисобкунакҳои муосири зеҳнӣ ҷиҳозонида шаванд.
9. Муштариёне, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мегарданд, дар асоси нишондиҳандаҳои воқеии истифодабарии барқ ва таҳлилҳои асоснок, дурнамои истифодабариро барои ҳар се сол таҳия карда, ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади банақшагирии маблағҳои зарурӣ барои мувофиқа пешниҳод менамояд.
10. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохти саривақтии Муштариёни дар рӯйхати замимаи 1 фармоиши мазкур пешбинишуда, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мегарданд, таъмин менамояд.
11. Иншоотҳои идоракунии фаврии танзимгарӣ, огоҳкунӣ, муҳофизавӣ, хабардиҳии нақлиёти роҳҳои оҳан, ҳавоӣ, инчунин низоми энергетикӣ барои таъмини муназзами қувваи барқ сарчашмаҳои иловагии таъмини қувваи барқро бояд таъмин намоянд.
Зарегистрированно Министерством юстиции
Республики Таджикистан от 19 июля 2024 года,
регистрационный номер №1293
Приложение 2
к распоряжению министра
энергетики и водных ресурсов
Республики Таджикистан
от «5» июля 2024 года,
№33
ПОРЯДОК ОТКЛЮЧЕНИЯ ЭЛЕКТРОЭНЕРГИИ СТРАТЕГИЧЕСКИХ ПРЕДПРИЯТИЙ, УЧРЕЖДЕНИЙ И ДРУГИХ ОРГАНИЗАЦИЙ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН, РЕГУЛЯРНАЯ ДЕЯТЕЛЬНОСТЬ КОТОРЫХ СЧИТАЕТСЯ ОСОБО ВАЖНОЙ
Порядок отключения электроэнергии стратегических предприятий, учреждений и других организаций Республики Таджикистан, регулярная деятельность которых считается особо важной (далее - настоящий Порядок), определяет случаи отключения электроэнергии стратегических предприятий, учреждений и других стратегических организаций Республики Таджикистан (далее - Потребителей), предусмотренные в приложении 1 к настоящему распоряжению, и своевременно не оплативших потреблённую электроэнергию.
1.Подача электроэнергии Потребителям, предусмотренным пунктом 1 приложения 1 настоящего распоряжения, не прекращается независимо от неуплаты за потреблённую электрическую энергию.
2.В случае просрочки оплаты за пользованную электроэнергию более чем на 2 (два) месяца, электроснабжающая организация направляет Потребителям уведомление о наличии задолженности, необходимости её погашения и прекращении подачи электроэнергии с указанием периода оплаты, который составляет не более 10 (десяти) календарных дней.
3.Уведомление направляется Потребителю должнику письмом на его имя или вручается лично представителю клиента под роспись с указанием даты и времени получения уведомления.
4.В случае невозможности погашения задолженности в срок указанный в уведомлении, Потребитель имеет право заключить с энергоснабжающей организацией договор о рассрочке погашения задолженности на 3 (три) месяца равными долями с обязательной оплатой текущих платежей в период рассрочки. В случае невыполнения одного из условий договора, связанного с оплатой задолженности за электроэнергию, электроснабжающая организация предоставляет Потребителю дополнительное уведомление а после отключает Потребителя от электроснабжения.
5.В случае не заключения договора, предусмотренного пунктом 5 настоящего Порядка, подача электроэнергии будет прекращена по истечении срока, указанного в уведомлении. Уполномоченный представитель энергоснабжающей организации обязан в присутствии представителя Потребителя опломбировать электросчётчик и составить протокол об отключении электроэнергии в двух экземплярах. Один экземпляр остаётся в энергоснабжающей организации, второй экземпляр передаётся Потребителю. В случае отказа представителя Заказчика от подписания протокола это не будет отмечено в протоколе.
6.Повторное подключение Потребителей к системе электроснабжения осуществляется в течение не более 3 (трёх) часов после полного погашения задолженности.
7.Потребители обязаны установить на всех точках коммерческого учёта интеллектуальные счётчики с возможностью удалённого доступа для снятия показаний и отключения электроснабжения и обеспечить их сохранность. Производственные помещения, в которых осуществляются технологические процессы, перечисленные в пункте 8 приложения 1 настоящего Порядка, должны быть оборудованы аналогичными приборами учёта расхода электроэнергии.
8.На основе фактических показателей потребления электроэнергии и их анализа потребители, финансируемые из государственного бюджета, каждые три года разрабатывают прогноз потребления электроэнергии и представляют его в Министерство финансов Республики Таджикистан для планирования и утверждения соответствующих бюджетных расходов.
9.Министерство финансов Республики Таджикистан обеспечивает своевременную оплату Потребителей, указанных в приложении 1 к настоящему распоряжению, финансируемых из государственного бюджета.
10.На объектах систем оперативного регулирования, оповещения, защиты, предупреждения на железнодорожном транспорте, воздушном транспорте, а также в энергосистемах рекомендуется иметь источники резервного электроснабжения для обеспечения бесперебойного электроснабжения.