бо фармоиши директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон аз 03.04.2025 № 1/03 аз эътибор соқит дониста шуд
Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 11 июли соли 2024 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 1291
Замимаи 2
ба фармоиши директори Агентии инноватсия
ва технологияҳои рақамии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 09 июли соли 2024,
№1/23
ТАРТИБИ ФАЪОЛИЯТИ ШУРОИ МУШОВИРОН БАРОИ ИНТИХОБИ ЛОИҲАИ ОЗМОИШӢ
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Тартиби фаъолияти шурои мушовирон барои интихоби лоиҳаи озмоишӣ (минбаъд - Тартиб) расмиёти фаъолияти шурои мушовирон барои интихоби лоиҳаи озмоишӣ тибқи Тартиби пешниҳод намудани реҷаи махсуси танзимӣ дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ (минбаъд - шуро)-ро муқаррар ва танзим менамояд.
...