ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024”
бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 9 октябри соли 2024,
№ 1425 қабул карда шуд
Моддаи 1. Ба моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024» аз 18 ноябри соли 2023 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2023, №11, мод.484; с. 2024, №3-4, мод. 158, №5-6, мод. 248) қисми 5 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
5. Дар доираи созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ширкати “RexGen Co.Ltd”-и Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ, ки 14 сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, маблағи ҷаримаҳо барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз лоиҳаи «Низоми зеҳнии сабти аксу видеоии қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ, дар нуқтаҳои истгоҳи нақлиёти маршрутӣ ва хатҳои махсуси ҳаракати барои воситаҳои нақлиёти маршрутӣ пешбинишуда, тавассути воситаҳои махсуси низоми худидоракунӣ дар соҳаи нақлиёт дар кӯчаву роҳҳои автомобилгарди шаҳри Душанбе» дар давраи амали созишнома ба суратҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе гузаронда мешавад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 21 октябри соли 2024, № 2083
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ДОПОЛНЕНИЯ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИТАДЖИКИСТАН «О ГОСУДАРСТВЕННОМ БЮДЖЕТЕ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН НА 2024 ГОД»
Принять постановлением МН МОРТ
от 9 октября 2024 года,
№1425Статья 1. Статью 24 Закона Республики Таджикистан «О Государственном бюджете Республики Таджикистан на 2024 год» от 18 ноября 2023 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан 2023 г., №11, ст. 484; 2024 г., №3-4, ст. 158, №5-6, ст. 248) дополнить частью 5 следующего содержания:
«5. В рамках соглашения о государственно-частном партнерстве между Исполнительным органом государственной власти города Душанбе и компанией «RexGen Со. Ltd» Республики Южная Корея, подписанного 14 сентября 2023 года в городе Душанбе, сумма штрафов, взимаемых за нарушение правил дорожного движения из проекта «Интеллектуальная система фото и видеофиксации нарушений правил дорожного движения на остановках маршрутных транспортных средств и движения по полос, предусмотренных для маршрутных транспортных средств, посредством автоматизированной системы специальных средств в сфере транспорта на автомобильных улицах и дорогах города Душанбе» в период действия соглашения переводится на счет Исполнительного органа государственной власти города Душанбе.».
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе 21 октября 2024 года №2083