ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар хусуси лоиҳаи созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «Tilemaster Investment Limited» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ-ороишӣ (кошин) дар минтақаи озоди иқтисодии «Данғара»
Мутобиқи моддаҳои 11, 12, 13 ва 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 1 октябри соли 2024, № 527
СОЗИШНОМАИ САРМОЯГУЗОРӢ БАЙНИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ШИРКАТИ «TILEMASTER INVESTMENT LIMITED» ОИД БА СОХТМОН ВА БА ИСТИФОДА ДОДАНИ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ СОХТМОНӢ-ОРОИШӢ (КОШИН) ДАР МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ «ДАНҒАРА»
Созишномаи сармоягузории мазкур оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ-ороишӣ (Кошин) дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» байни
...