Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «30» августи соли 2024,
№ 480Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
2. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ БАРНОМА
- омода намудани нозирони миллӣ дар самти бехатарии авиатсионӣ;
- ҷалб намудани намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷию ватанӣ ба фаъолияти комиссияи фурудгоҳӣ оид ба таъмини бехатарии авиатсионӣ;
- таҳияи барномаи омода намудани мутахассисони авиатсионӣ оид ба масъалаҳои таъмини бехатарии авиатсионӣ;
- таҳия ва барои мувофиқа пешниҳод намудани барномаҳои бехатарии авиатсионии корхонаҳои авиатсионӣ;
- баргузории курсҳои такмили ихтисос барои кормандони хадамоти бехатарии авиатсионии фурудгоҳҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- гузаронидани хониш ва санҷишҳои нақшавӣ дар корхонаҳои авиатсионии кишвар;
- азназаргузаронии ҷойҳои осебпазир дар фурудгоҳҳои байналмилалии кишвар ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта;
...