Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 сентябри соли 2024, № 511 "Дар хусуси лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони миллии стандартҳои Эрон дар соҳаи стандартизатсия ва метрология"

Санаи амалкуни: 28.09.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар хусуси лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони миллии стандартҳои Эрон дар соҳаи стандартизатсия ва метрология

Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони миллии стандартҳои Эрон дар соҳаи стандартизатсия ва метрология маъқул дониста шавад.

2. Директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳуми мазкурро ба имзо расонад ва ҳангоми зарурат ба матни он тағйиру иловаҳои хусусияти муҳимнадоштаро ворид намояд.

3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида сана ва маҳалли имзои Ёддошти тафоҳуми мазкурро бо ҷониби Эрон мувофиқа намояд.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,
аз 28 сентябри соли 2024, № 511


Лоиҳа
...

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О проекте Меморандума о взаимопонимании между Агентством по стандартизации, метрологии, сертификации и торговой инспекции при Правительстве Республики Таджикистан и Иранской национальной организации по стандартам в области стандартизации и метрологии

В соответствии со статьей 7 Закона Республики Таджикистан «О международных договорах Республики Таджикистан» Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

1. Одобрить проект Меморандума о взаимопонимании между Агентством по стандартизации, метрологии, сертификации и торговой инспекции при Правительстве Республики Таджикистан и Иранской национальной организации по стандартам в области стандартизации и метрологии.

2. Директору Агентства по стандартизации, метрологии, сертификации и торговой инспекции при Правительстве Республики Таджикистан подписать настоящий Меморандум о взаимопонимании и при необходимости внести в его текст изменения и дополнения, не имеющие принципиального характера.

3. Министерству иностранных дел Республики Таджикистан в установленном порядке согласовать с иранской стороной дату и место подписания настоящего Меморандума о взаимопонимании.

Председатель Правительства Республики Таджикистан     Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 28 сентября 2024 года №511
...