ИТТИҲОДИ ДАВЛАТҲОИ МУСТҚИЛ
ШӮРОИ САРОНИ ҲУКУМАТҲО
ҚАРОР
аз 31 майи соли 2013 шаҳри Минск
Дар бораи таҳрири нави Оинномаи Шӯрои байниҳукуматии роҳсозон
Дар робита ба қабули таҳрири нави Оинномаи Шӯрои байниҳукуматии роҳсозон Шӯрои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
ба хулоса омад:
1. Аз рӯзи ҳамроҳ шудан ба Созишнома дар бораи Оинномаи Шӯрои байниҳукуматии роҳсозон Қарори Раёсати Кумитаи байнидавлатии иқтисодии Иттиҳоди иқтисодӣ аз 11 сентябри соли 1998 дар бораи додани мақоми мақомоти байниҳукуматии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Шӯрои роҳсозон аз эътибор соқит дода шавад.
2. Мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатии давлатҳои иштирокчии ИДМ, ки дар салоҳияти онҳо масъалаҳои ташкили амалӣ намудани фаъолияти роҳҳо дохил мешавад, ба муқаррароти Оинномаи Шӯрои байниҳукуматии роҳсозон дар таҳрири нав корбарӣ намоянд.
Аз ҷониби Ҷумҳурии Озарбойҷон
...