Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 сентябри соли 2024, № 507 "Дар хусуси лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Баҳрайн оид ба бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои хизматӣ ва махсус"

Санаи амалкуни: 28.09.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар хусуси лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Баҳрайн оид ба бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои хизматӣ ва махсус

Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Баҳрайн оид ба бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои хизматӣ ва махсус маъқул дониста шавад.

2. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи мазкурро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонад ва ҳангоми зарурат ба матни он тағйиру иловаҳои хусусияти муҳимнадоштаро ворид намояд.

3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида бо Шоҳигарии Баҳрайн сана ва маҳалли имзои Созишномаи мазкурро мувофиқа намояд.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,
аз 28 сентябри соли 2024, № 507

...

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О проекте Соглашения между Правительством Республики Таджикистан и Правительством Королевства Бахрейн об отмене визовых требований для владельцев служебных и специальных паспортов

В соответствии со статьей 7 Закона Республики Таджикистан «О международных договорах Республики Таджикистан» Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

1. Одобрить проект Соглашения между Правительством Республики Таджикистан и Правительством Королевства Бахрейн об отмене визовых требований для владельцев служебных и специальных паспортов.

2. Министру иностранных дел Республики Таджикистан подписать настоящее Соглашение от имени Правительства Республики Таджикистан и при необходимости внести в его текст изменения и дополнения, не имеющие принципиального характера.

3. Министерству иностранных дел Республики Таджикистан в установленном порядке согласовать с Королевством Бахрейн дату и место подписания настоящего Соглашения.

Председатель Правительства Республики Таджикистан     Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 28 сентября 2024 года №507

Прилагается на тадж.яз

...