Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 сентябри соли 2024, № 506 "Дар хусуси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Италия оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии мусофирон ва борҳо"

Санаи амалкуни: 28.09.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар хусуси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Италия оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии мусофирон ва борҳо

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Италия оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии мусофирон ва борҳо, ки 24 апрели соли 2024 дар шаҳри Рим ба имзо расидааст, барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,
аз 28 сентябри соли 2024, № 506

Лоиҳа

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар хусуси тасдиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Италия оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии мусофирон ва борҳо

Мутобиқи моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Италия оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии мусофирон ва борҳо, ки 24 апрели соли 2024 дар шаҳри Рим ба имзо расидааст, тасдиқ карда шавад.
  2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида ҷониби Италияро дар бораи аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо кардани Созишномаи мазкур заруранд, огоҳ намояд.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тарҷумаи ғайрирасмӣ

СОЗИШНОМА байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Италия оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии мусофирон ва борҳо

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Италия, ки минбаъд «Тарафҳои Аҳдкунанда» номида мешаванд,

бо мақсади мусоидат намудан ба рушди мутақобилан судманди муносибатҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ,

бо эътирофи аҳамияти таъмини ҳамлу нақли боэътимод ва самарабахши байналмилалии автомобилӣ барои рушди муносибатҳои тиҷоратӣ,

ба мувофиқаи зерин расиданд:

I. МУҚАРРАРОТ

Моддаи 1
  1. Муқаррароти Созишномаи мазкур нисбат ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии мусофирон ва борҳо дар байни давлатҳои Тарафҳои Аҳдкунанда ва тавассути ҳудуди онҳо транзитӣ, ки аз ҷониби интиқолдиҳандагони воситаҳои нақлиёт дар ҳудуди яке аз Тарафҳои Аҳдкунанда ба қайд гирифта шудаанд, татбиқ карда мешаванд.
  2. Созишномаи мазкур ба ҳуқуқ ва уҳдадориҳои Тарафҳои Аҳдкунанда, ки иштирокчии шартномаҳои байналмилалии дигар мебошанд, дахолат намекунад.

II. МАФҲУМҲО

Моддаи 2

Мафҳумҳое, ки дар Созишномаи мазкур истифода шудаанд:

1. «Интиқолдиҳанда» - шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки дар ҳудуди яке аз давлатҳои Тарафҳои Аҳдкунанда ба қайд гирифта шуда, соҳиби воситаи нақлиёт бо ҳуқуқи моликият ё дигар асоси ҳуқуқӣ мебошад ва мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишвари бақайдгиранда барои анҷом додани ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ваколатдоранд;

2. «Воситаи нақлиёти автомобилӣ» – маънои инро дорад:

Ҳамлу нақли мусофирон – автобус, воситаи нақлиёти автомобилие, ки барои интиқоли мусофирон пешбинӣ шудааст, дорои беш аз 9 ҷойи нишаст, аз ҷумла ҷойи нишасти ронанда мебошад;

Ҳамлу нақли борҳо – воситаи нақлиёти автомобилие, ки барои кашондани бор таъин шудааст, аз ҷумла воситаи нақлиёти боркаш, воситаи нақлиёти боркаш бо ядак ва воситаи нақлиёти боркаш бо нимядак;

3. «Нимядак» - воситаи нақлиёте, ки дорои муҳаррик набуда, барои анҷом додани боркашонӣ пешбинӣ шудааст, инчунин дар якҷоягӣ бо воситаи нақлиёт пайваст карда шуда, маҷмуи нақлиётро ташкил медиҳад.

4. «Ҳамлу нақли мунтазами мусофирон» – ҳамлу нақли мусофирон бо автобус, ки аз рӯи хатсайрҳо, ҷадвалҳо, тарифҳо нуқтаҳои таваққуфи қаблан байни мақомоти салоҳиятдори давлатҳои Тарафҳои Аҳдкунанда мувофиқашуда анҷом меёбанд ва дар онҳо интиқолдиҳанда савор кардан ва фаровардани мусофиронро амалӣ менамояд;

5. «Ҳамлу нақли номунтазами мусофирон» - ҳамлу нақли хусусияти якдафъагӣ (номунтазам) доштае, ки интиқолдиҳандагон бо истифодаи воситаҳои нақлиёти автомобилӣ гуруҳи мусофиронро аз як нуқта ба нуқтаи дигар интиқол медиҳанд;

6. «Иҷозатнома» - ҳуҷҷате, ки аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори давлатҳои Тарафҳои Аҳдкунанда ба нақлиёте дода мешавад, ки дар ҳудуди Тарафи дигари Тарафҳои Аҳдкунанда ба қайд гирифта шудааст, ҳуқуқи иҷрои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилиро дар ҳудуди он медиҳад;

7. «Ҳамлу нақли транзитӣ» – ҳамлу нақли мусофирон ва борҳо, ки аз ҷониби интиқолдиҳандагон тавассути ҳудуди Тарафҳои Аҳдкунанда бе саворкунӣ ва фаровардани мусофирон, инчунин бе боркардану фаровардани бору бағоҷ амалӣ карда мешаванд;

8. «Ҳамлу нақл аз/ба кишвари сеюм» – ҳамлу нақли борҳо тавассути воситаҳои нақлиёти автомобилии интиқолдиҳандагон, ки дар ҳудуди яке аз давлатҳои Тарафҳои Аҳдкунанда ба қайд гирифта шудааст, дар байни ду нуқтае, ки яке аз онҳо дар ҳудуди давлатҳои Тарафҳои Аҳдкунанда ҷойгир аст. Ҳудуди кишвари сеюм маънои онро дорад, ки Тарафи Аҳдкунандаи Созишномаи мазкур намебошад;

9. «Борҳои хатарнок» – моддаҳо, мавод, маснуот, партовҳое, ки бинобар сабаби хислат ва хусусиятҳои ба онҳо хос ҳангоми мавҷуд будани омилҳои муайян метавонанд дар раванди интиқол, корҳои борбардорӣ ва борфарорӣ сабаби таркиш, сӯхтор ё осеб дидани борҳои интиқолшаванда, таҷҳизоти техникӣ, дастгоҳҳои интиқолшаванда, биноҳо ва иншооти дигар шавад, инчунин ба ҳаёт ва саломатии одамон ва муҳити зист зарар расонанд.

III. ҲАМЛУ НАҚЛИ МУСОФИРОН

Моддаи 3

 1. Ҳамлу нақли мунтазами мусофирон дар асоси низоми иҷозатдиҳӣ, ки аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори давлатҳои Тарафҳои Аҳдкунанда ва дар ҳолати зарурӣ аз ҷониби кишварҳои сеюм дода мешавад.

2. Ҳамлу нақли мунтазами мусофирон байни давлатҳои Тарафҳои Аҳдкунанда ё тавассути ҳудуди онҳо ва ё транзит дар асоси иҷозатнома мақомоти салоҳиятдори давлатҳои Тарафҳои Аҳдкунанда барои масире, ки аз ҳудуди давлатҳои онҳо мегузарад, анҷом дода мешавад.

3. Дархост барои иҷозатнома бояд ба мақоми салоҳиятдор дар кишвари таъсиси интиқолдиҳанда пешниҳод карда шавад ва он маълумоти зеринро дар бар гирад:

а) номи интиқолдиҳанда;

б) хатсайр;

в) ҷадвали интиқол ва пардохтҳо;

г) давраи банақшагирифташуда ва мунтазамии ҳамлу нақл;

д) нуқтаҳои таваққуф, ки барои савор кардан ва фаровардани мусофирон аз автобус ва нуқтаҳои назорати гузаргоҳҳои сарҳадӣ;

е) шартномаи муштарак, ки аз ҷониби якчанд интиқолдиҳада сурат гирад.

4. Агар мақоми салоҳиятдор аризаро дар бораи иҷозатнома қабул намояд, аризаи тасдиқшуда ба мақоми салоҳиятдори Тарафи дигари Аҳдкунанда дода мешавад.

5. Қарор дар бораи додан ё рад кардани иҷозатнома аз ҷониби мақоми салоҳиятдори Тарафи дигари Аҳдкунанда дар давоми ду моҳ қабул карда мешавад.

6. Агар мақоми салоҳиятдори Тарафи дигари Аҳдкунанда дархостро дар бораи иҷозатнома қабул намояд, мақоми салоҳиятдори кишвари таъсиси ҳамлу нақлкунанда дар мавриди зарурат аризаи тасдиқшударо инчунин ба мақомоти салоҳиятдори кишварҳои транзит мефиристад.

7. Иҷозатномаҳои мақомоти салоҳиятдори Тарафҳои Аҳдкунанда ва дар ҳолати зарурӣ аз кишварҳои транзитӣ барои ҳамлу нақли мунтазами мусофирбарҳо дар қитъаҳои масир, ки аз ҳудуди давлати онҳо мегузаранд, аз ҷониби мақоми салоҳиятдори кишвари таъсисёбии ҳамлу нақлкунанда ба интиқолдиҳанда дода мешавад.

Моддаи 4

1. Ҳамлу нақли номунтазами мусофирон дар байни давлатҳои Тарафҳои Аҳдкунанда ё тариқи транзитӣ ҳудуди онҳо, ба истиснои ҳамлу нақли дар моддаи 5 Созишномаи мазкур пешбинишуда, дар асоси иҷозатномаи аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори Тарафҳои Аҳдкунанда додашуда амалӣ карда мешавад.

2. Мақомоти салоҳиятдори давлатҳои Тарафҳои Аҳдкунанда барои масире, ки аз ҳудуди кишварҳои онҳо мегузарад, иҷозат медиҳанд.

3. Барои ҳар як ҳамлу нақли мусофирон иҷозати алоҳида дода мешавад, ки он ҳуқуқи рафту омади якдафъаинаро медиҳад, агар тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад.

4. Иҷозатномаҳо барои ҳамлу нақли мусофирон шахсӣ буда, ба интиқолдиҳандагони дигар ё шахсони сеюм дода намешаванд.

5. Мақомоти салоҳиятдори давлатҳои Тарафҳои Аҳдкунанда тартиби мубодилаи иҷозатномаҳоро мувофиқа мекунанд.

Моддаи 5 

1. Иҷозатнома дар моддаи 4 Созишномаи мазкур зикргардида барои интиқоли номунтазами мусофирбар дар ҳолатҳои зерин талаб карда намешавад:

а) агар гурӯҳи мусофирон якхела бо як автобус дар тамоми сафар ва дар як вақт интиқол дода шаванд:

оғоз то анҷоми сафар дар ҳудуди давлати Тарафҳои Аҳдкунанда, ки автобус ба қайд гирифта шудааст;

ҳаракат дар ҳудуди яке аз давлати Тарафҳои Аҳдкунанда, ки автобус ба қайд гирифта шудааст, оғоз мегардад ва дар давлати дигари Тарафҳои Аҳдкунанда ба анҷом мерасад, ба шарте ки автобус аз ҳудуди ин давлати Тарафҳои Аҳдкунандаро холӣ равад;

автобуси холӣ ба ҳудуди давлати дигари Тарафҳои Аҳдкунанда бо мақсади гирифтани гурӯҳи мусофирон, ки қаблан ҳамон интиқолиҳанда анҷом дода, буд ворид гардад;

б) дар ҳолати иваз кардани автобуси вайроншуда бо автобуси дигар.

2. Ҳангоми анҷом додани ҳамлу нақли дар зербанди «а» банди 1 ҳамин модда пешбинишуда ронандаи автобус бояд бо худ рӯйхати мусофиронро дар шакли мувофиқакардаи мақомоти салоҳиятдори давлатҳои Тарафҳои Аҳдкунанда дошта бошад.

IV. ҲАМЛУ НАҚЛИ БОРҲО

Моддаи 6

1. Интиқоли борҳо байни давлатҳои Тарафҳои Аҳдкунанда транзит тавассути ҳудуди онҳо, ба истиснои ҳамлу нақли дар моддаи 7 Созишномаи мазкур пешбинишуда, тариқи воситаҳои нақлиёт тибқи иҷозатномаи додашуда аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори давлатҳои Тарафҳои Аҳдкунанда анҷом дода мешавад.

2. Барои ҳар як воситаи нақлиёт иҷозатномаи алоҳида дода мешавад. Ҳар чунин иҷозатнома ҳуқуқи иҷрои як маротиба боркашониро медиҳад. Иҷозатномаҳои дар давоми соли ҷорӣ пешниҳодшуда то 31 январи соли оянда эътибор доранд.

3. Иҷозатномаҳо барои ҳамлу нақли борҳо шахсӣ буда, ба интиқолдиҳандагони дигар ё шахсони сеюм дода намешаванд.

4. Мақомоти салоҳиятдори давлатҳои Тарафҳои Ахдкунанда ҳар сол миқдори иҷозатномаҳои ба ҳамдигар мувофиқашудаи ҳамлу нақли борҳоро мубодила мекунанд. Иҷозатномаҳо бояд муҳри мақоми салоҳиятдори давлатҳои Тарафҳои Аҳдкунанда ва имзои шахсе, ки ин иҷозатномаро додааст, дошта бошанд. Бо дархости яке аз Тарафҳои Аҳдкунанда метавонад мубодилаи иловагии иҷозатномаҳо анҷом дода шавад.

5. Мақомоти салоҳиятдори давлатҳои Тарафҳои Аҳдкунанда тартиби мубодилаи иҷозатномаҳоро мувофиқа мекунанд.

Моддаи 7

1. Барои ҳамлу нақли зерин иҷозатнома талаб карда намешавад:

а) молу мулки манқул ҳангоми кӯчидан;

б) мавод ва ашё, аз ҷумла асарҳои фарҳангӣ, ки барои ярмаркаҳо ва намоишгоҳҳо таъин гардидаанд;

в) воситаҳои нақлиёт, ҳайвоноти зинда, инчунин асбобу анҷомҳои гуногун, ки барои гузаронидани чорабиниҳои варзишӣ ва намоишҳои сирк таъин шудаанд;

г) ороишот ва таҷҳизотҳои театрӣ, асбобҳои мусиқӣ, мавод ва ашёҳое, ки барои сабти радиошунавоӣ, наворбардории кино ва телевизион истифода мешаванд;

д) боқимондаҳо ё хокистари мурдагон;

е) ҳамлу нақл бо мақсади кумаки башардӯстона ва тиббӣ, амалиёти наҷотдиҳӣ дар рафъи офатҳои табиӣ;

ё) фиристодани почта дар доираи хизматрасониҳои байналмилалӣ.

2. Ба воситаи нақлиёти ёрирасони техникӣ, ки барои таъмир ё кашондани мошинҳои вайроншуда дар яке аз давлатҳои Тарафҳои Аҳдкунанда таъин шудааст, инчунин иҷозатнома талаб карда намешавад.

V. МУҚАРРАРОТ УМУМӢ

 Моддаи 8

1. Ҳамлу нақл тибқи Созишномаи мазкур дар роҳҳое, ки барои ҳаракати байналмилалии автомобилӣ кушодаанд, тавассути гузаргоҳҳои сарҳадии давлатии таъиншудаи ҳар яке аз Тарафҳои Аҳдкунанда анҷом дода мешавад.

2. Воситаҳои нақлиёте, ки ҳамлу нақли автомобилии байналмилалиро анҷом медиҳанд, бояд дорои аломатҳои бақайдгирӣ ва аломатҳои давлатии бақайдгирӣ дошта бошанд. Ядак ва нимядакҳо метавонанд рақамҳои бақайдгирӣ ва аломатҳои кишварҳои дигарро низ дошта бошанд, агар воситаҳои нақлиёти боркаш рақами қайд ва аломатҳои давлатҳои Тарафҳои Аҳдкунандаро дошта бошанд.

3. Интиқоли мусофирон, борҳо ба воситаи кироя ва ё музднок, ки тавассути боркардан ва фуровардани мусофирон ё бор дар дохили Тарафи дигари Аҳдкунанда анҷом дода мешавад, иҷозат дода намешавад.

Моддаи 9

1. Ронандагони воситаҳои нақлиёти давлатҳои Тарафҳои Аҳдкунанда бояд шаҳодатномаи ронандагии миллӣ ё байналмилалӣ, ки ба категорияи воситаҳои нақлиёти онҳо мувофиқанд ва ҳуҷҷатҳои миллии бақайдгирии воситаи нақлиётро дошта бошанд.

2. Шаҳодатномаи ронандагии миллӣ ё байналмилалӣ ва ҳуҷҷатҳои миллии бақайдгирии воситаи нақлиёт бояд ба талаботи муқаррарнамудаи Конвенсия оид ба ҳаракат дар роҳ, ки 8 ноябри соли 1968 дар Вена ба имзо расидааст, мувофиқат намояд.

3. Иҷозатномаҳо ва ҳуҷҷатҳои дигаре, ки тибқи муқаррароти Созишномаи мазкур талаб карда мешаванд, бояд дар дохили воситаи нақлиёте, ки ба онҳо тааллуқ доранд, бошанд ва бо дархости мақомоти ваколатдори давлатҳои Тарафҳои Аҳдкунанда пешниҳод карда мешаванд.

Моддаи 10

1. Интиқолдиҳанда бояд тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Тарафҳо иҷозатномаи махсуси мақомоти салоҳиятдори давлатҳои Тарафҳои Аҳдкунандаро дарёфт намояд, агар андозаи вазни воситаи нақлиёт, ки бе бор ё боркаш аз меъёрҳои муқаррарнамудаи дар ҳудуди давлати ҳамин Тарафҳои Аҳдкунанда зиёд бошад.

2. Интиқол бояд танҳо тибқи талаботи дар иҷозатномаи махсус зикргардида сурат гирад.

Моддаи 11

1. Воситаҳои нақлиёте, ки ба интиқоли борҳои хатарнок ё зудвайроншаванда машғул аст, бояд мутобиқи талаботи Созишномаи аврупоӣ «Дар бораи ҳамлу нақли байналмилалии борҳои хатарнок тавассути автомобил» ва Созишнома «Дар бораи ҳамлу нақли байналмилалии маҳсулоти хӯроквории зудвайроншаванда ва воситаҳои нақлиёти махсус», ки дар чунин ҳамлу нақл истифода мешаванд, риоя шаванд.

2. Таҷҳизоте, ки барои назорати ронандагони воситаи нақлиёт ва вақти истироҳат дар воситаҳои нақлиёт истифода мешавад, бояд ба муқаррароти Созишномаи аврупоӣ оид ба кори ронандагони воситаҳои нақлиётӣ, ки дар ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ машғуланд, мувофиқат кунад.

3. Тарафҳои Аҳдкунанда уҳдадор мешаванд, ки дар доираи Созишномаи мазкур ба истифодабарии воситаҳои нақлиёте, ки ба стандартҳои қатъии бехатарӣ ва партовҳои гази карбон мувофиқанд, мусоидат кунанд.

Моддаи 12

1. Интиқолдиҳандагони яке аз давлати Тарафҳои Аҳдкунанда, ки тибқи Созишномаи мазкур амалиёти нақлиётиро дар ҳудуди давлати дигари Тарафҳои Аҳдкунанда анҷом медиҳанд, дар асоси баробарӣ аз пардохтҳо, пардохтҳо ва андозҳое, ки дар ин ҳудуд ситонида мешаванд, озод карда мешаванд. Барои истифода ва ихтиёрдории воситаҳои нақлиёт, инчунин барои иҷрои амалиёти нақлиётӣ мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар ҳудуди давлати ҳамин Тарафи Аҳдкунанда амал мекунанд.

2. Озодкунии чунин пардохтҳо нисбат ба пардохти боҷҳо ва пардохтҳо барои истифодаи роҳҳо, пулҳо ва нақбҳо, инчунин барои пардохтҳо барои вазн, андоза ва иқтидори борбардории воситаи нақлиёт аз меъёри муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Тарафҳои Аҳдкунанда татбиқ намегардад.


Моддаи 13

Ҳангоми ҳамлу нақл тибқи Созишномаи мазкур ашёи зерин, ки ба ҳудуди давлатҳои Тарафҳои Аҳдкунанда ворид мешавад ё аз он хориҷ карда мешавад, мутақобилан аз боҷҳои гумрукӣ, андозҳо ва пардохтҳо озод карда мешавад:

а) зарфҳои сӯзишворие, ки истеҳсолкунанда барои намудҳои дахлдори нақлиёт пешниҳод кардааст ва аз ҷиҳати технологӣ ва сохтор бо системаи таъминоти сӯзишвории муҳаррик муттаҳид шудааст, инчунин сӯзишворие, ки дар зарфҳои сӯзишвории ядак ва нимядакҳои аз ҷониби истеҳсолкунанда насбшуда мавҷуд аст, барои кор фармудани таҷҳизоти гармидиҳанда/сарддкунандаи нақлиёт хизмат мекунад; ва

б) равғанҳои молиданӣ ба миқдоре, ки барои истифода ҳангоми кори нақлиёт заруранд;

в) ашёе, ки барои эҳтиёҷоти шахсии ронанда ва талаботи муқаррарии ҳаракати он зарур аст, ба миқдори зарурӣ ва мутаносибан ба муҳлати будубош дар ҳудуди Тарафи дигари Аҳдкунанда метавонад бо худ дошта бошад ба шарте, ки ин ашёҳо ба шахсони дигар дода нашаванд;

г) таъминоти зарурӣ барои сафар ва миқдори лозимаи тамоку ва сигор барои истифодаи шахсии ронанда, ки мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии гумрукии дар ҳудуди Тарафи дигари Аҳдкунанда иҷозат дода шудааст.

Моддаи 14

Назорати сарҳадӣ, гумрукӣ ва санитарӣ тибқи созишномаҳои байналмилалӣ, ки Тарафҳои Аҳдкунанда иштирокчии он мебошанд, амалӣ карда мешавад. Дар сурати дигар танзими санадҳои меъёрии ҳуқуқии давлатҳои ҳар яке аз Тарафҳои Аҳдкунанда татбиқ мегардад.

Моддаи 15

Интиқолдиҳандагон ва ронандагони воситаҳои нақлиёти давлатҳои Тарафҳои Аҳдкунанда вазифадоранд қоидаҳои ҳаракати роҳ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Тарафи Аҳдкунандаро, ки воситаи нақлиёт дар ҳудуди он ҷойгир аст, риоя намоянд.

Моддаи 16

1. Давоми ҳар шаш моҳ мақомоти салоҳиятдори Тарафҳои Аҳдкунанда дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳо, ки аз ҷониби интиқолдиҳандагон ё ронандагони он тибқи муқаррароти Созишномаи мазкур Тарафҳо сурат мегирад, якдигарро огоҳ намуда, инчунин тибқи санадҳои меъёри ҳуқуқии худ ба мақомоти қудратии худ хабар медиҳанд.

2. Муқаррароти ҳамин модда нисбат ба интиқолдиҳандагон барои татбиқи чораҳои пешбининамудаи қонунгузории давлате, ки дар ҳудуди он ҳуқуқвайронкунӣ рух додааст, монеъ намешавад.

VI. КОМИССИЯИ МУШТАРАК

Моддаи 17

1. Барои таъмини иҷрои дурусти муқаррароти Созишномаи мазкур ва ҳалли фаврии баҳсҳое, ки дар ҷараёни татбиқи он ба миён меоянд ва бо роҳи робитаҳои мустақими мақомоти салоҳиятдори давлатҳои Тарафҳои Аҳдкунанда ҳал карда намешаванд, комиссияи муштарак таъсис дода мешавад.

2. Комиссияи муштарак аз намояндагони мақомоти ваколатдори Тарафҳои Аҳдкунанда бо талаби яке аз Тарафҳои Аҳдкунанда дар ҳудуди ҳар кадоми онҳо бо навбат даъват карда мешавад.

3. Комиссияи муштарак метавонад тавсияҳо оид ба илова ва тағйир додани моддаҳои ин Созишномаро қабул кунад.

Моддаи 18

1. Мақомоти салоҳиятдор оид ба татбиқи муқаррароти Созишномаи мазкур инҳоянд:

аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон – Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон,

аз ҷониби Ҷумҳурии Италия – Вазорати инфрасохтор ва нақлиёти Ҷумҳурии Италия.

2. Дар ҳолати тағйир ёфтани номҳои расмӣ ва вазифаҳои мақомоти салоҳиятдори Тарафҳои Аҳдкунанда, Тарафҳои Аҳдкунанда фавран дар ин бора якдигарро тавассути роҳҳои дипломатӣ огоҳ менамоянд.

Моддаи 19

Ҳама гуна баҳсҳое, ки вобаста бо тафсир ё истифодаи муқаррароти Созишномаи мазкур ба миён меоянд, аз ҷониби Тарафҳои Аҳдкунанда тавассути машварат ва гуфтушунид ҳал карда мешаванд.

VII. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 20

Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишномаи мазкур бо розигии Тарафҳои Аҳдкунанда тавассути протоколҳои алоҳида, ки қисми ҷудонашавандаи Созишномаи мазкур мебошанд ва тибқи моддаи 21 ҳамин Созишнома эътибори ҳуқуқӣ пайдо мекунанд, ворид карда мешаванд.

Моддаи 21

1. Созишномаи мазкур пас аз 30 (сӣ) рӯз аз рӯзи тавассути роҳҳои дипломатӣ гирифтани огоҳиномаи хаттии охирини Тарафҳои Аҳдкунанда дар бораи ба анҷом расонидани расмиёти дохилидавлатии онҳо, ки барои эътибор пайдо кардани Созишномаи мазкур заруранд, эътибори ҳуқуқӣ пайдо мекунад.

2. Созишномаи мазкур ба муҳлати номуайян баста шуда, то ба охир расидани шаш моҳ аз рӯзи гирифтани огоҳиномаи хаттии яке аз Тарафҳои Аҳдкунанда аз ҷониби дигари Тарафи Аҳдкунанда бо мақсади бекор кардани Созишномаи мазкур амал мекунад.


Дар шаҳри ___________ "___" ________20__ бо забонҳои тоҷикӣ, итолёвӣ ва англисӣ дар ду нусха, ба имзо расидааст ва матни онҳо қувваи якхела доранд. Дар ҳолати ба вуҷуд омадани ихтилофот дар тафсири муқаррароти Созишномаи мазкур, бартарӣ ба матни забони англисӣ дода мешавад.

АЗ ҶОНИБИ

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

АЗ ҶОНИБИ

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ИТАЛИЯ


ПРАВИТЕЛЬСТВО РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Соглашении между Правительством Республики Таджикистан и Правительством Итальянской Республики о международном автомобильном пассажирском и грузовом сообщении

В соответствии со статьей 12 Закона Республики Таджикистан «О международных договорах Республики Таджикистан» Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

Представить на ратификацию в Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан Соглашение между Правительством Республики Таджикистан и Правительством Итальянской Республики о международном автомобильном пассажирском и грузовом сообщении, подписанное 24 апреля 2024 года в городе Рим.

Председатель Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 28 сентября 2024 года №506
Проект

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ратификации Соглашения между Правительством Республики Таджикистан и Правительством Итальянской Республики о международном автомобильном пассажирском и грузовом сообщении

В соответствии со статьей 57 Конституции Республики Таджикистан Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

1. Ратифицировать Соглашение между Правительством Республики Таджикистан и Правительством Итальянской Республики о международном автомобильном пассажирском и грузовом сообщении, подписанное 24 апреля 2024 года в городе Рим.

2. Правительству Республики Таджикистан в установленном порядке уведомить итальянскую сторону о выполнении Республикой Таджикистан внутригосударственных процедур, необходимых для вступления в силу настоящего Соглашения.


Председатель Правительства Республики Таджикистан    Эмомали Рахмон