Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 сентябри соли 2024, № 504 "Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»"

Санаи амалкуни: 28.09.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»

Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2024, №2164 «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»-ро баррасӣ намуда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Хулосаи замимагардидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, аз 28 сентябри соли 2024, № 504
Замима 
ба қарори Ҳукумати 
Ҷумҳурии Тоҷикистон 
аз 28 сентябри соли 2024, №504

 Хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»


Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»-ро, ки бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2024, №2164 барои додани хулоса ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардидааст, баррасӣ карда, оид ба моддаи 1 пешниҳоди зеринро манзур менамояд:

1) дар сархати дуюми қисми 1 калимаи «таъмини» ба калимаи «таъминоти» иваз карда шавад;

2) дар қисми 4 калимаи «салоҳияти» ба калимаи «ваколатҳои» иваз карда шавад;

3) қисмҳои 6 ва 8 дар робита ба эрод нисбат ба сархати дуюми қисми 1 таҷдид карда шаванд;

4) қисми 10 хориҷ карда шавад, зеро такроран ворид намудани калимаҳои пешниҳодгардида зарурат надорад.

Ҳамзамон хатоҳои имлоӣ, грамматикӣ ва техникии дигари лоиҳа ислоҳ карда шуда, матни забони русӣ бо матни забони тоҷикӣ мутобиқ карда шавад.


Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О представлении заключения Правительства Республики Таджикистан к проекту Закона Республики Таджикистан «О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан «О страховых и государственных пенсиях»

Рассмотрев постановление Совета Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан от 29 апреля 2024 года, №2164 «О проекте Закона Республики Таджикистан «О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан «О страховых и государственных пенсиях», Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

Представить на рассмотрение Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан прилагаемое заключение Правительства Республики Таджикистан к проекту Закона Республики Таджикистан «О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан «О страховых и государственных пенсиях».


Председатель Правительства Республики Таджикистан    Эмомали Рахмон
 г.Душанбе от 28 сентября 2024 года №504

 Прилагается на тадж.яз