ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи номҳои объектҳои ҷуғрофӣ»
Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июни соли 2024, №2296 «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи номҳои объектҳои ҷуғрофӣ»–ро баррасӣ намуда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Хулосаи замимагардидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи номҳои объектҳои ҷуғрофӣ» ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 28 сентябри соли 2024, № 503
Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистоназ
28 сентябри соли 2024, №503
Хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи номҳои объектҳои ҷуғрофӣ»
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи номҳои объектҳои ҷуғрофӣ»-ро, ки бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июни соли 2024, №2296 барои додани хулоса ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, баррасӣ карда, ба моддаи 1 таклифҳои зеринро манзур менамояд:
1) сархати якуми моддаи 1 дар таҳрири нав ифодашаванда коста ва мурракаб буда, таҷдид карда шавад;
2) аз қисми 2 калимаҳои «аломат ва» хориҷ карда шаванд;
3) оид ба қисми 3, вобаста ба моддаи 21 ба Қонуни мазкур иловашаванда:
- қисми 1 дар иртибот ба муқаддимаи Қонуни мазкур пурра карда шавад;
- қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«2. Амали Қонуни мазкур нисбат ба номгузорӣ ва номивазкунии воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишин татбиқ мегардад, агар дар Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.»;
4) сархатҳои якум ва дуюми қисми 4 ва қисми 6 хориҷ карда шаванд, зеро зарурати дар ду моддаи алоҳида пешбинӣ кардани масъалаҳо вобаста ба танзим ва истифодаи номҳои объектҳои ҷуғрофӣ ҷой надошта, баъзе аз муносибатҳо берун аз танзим мондаанд.
Матни забони русии лоиҳа ба матни забони тоҷикии он мутобиқ гардонида, хатоҳои имлоӣ ва техникии дар лоиҳа ҷойдошта ислоҳ карда шаванд.
Правительство Республики Таджикистан
Постановление
О представлении заключения Правительства Республики Таджикистан к проекту Закона Республики Таджикистан «О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан «О наименованиях географических объектов»
Рассмотрев постановление Совета Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан от 18 июня 2024 года, №2296 «О проекте Закона Республики Таджикистан «О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан «О наименованиях географических объектов», Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:
Представить на рассмотрение Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан прилагаемое заключение Правительства Республики Таджикистан к проекту Закона Республики Таджикистан «О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан «О наименованиях географических объектов».
Председатель Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 28 сентября 2024 года №503
Прилагается на тадж.яз