ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои ахбори омма»
Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июни соли 2024, №2311 «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои ахбори омма»-ро баррасӣ намуда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Хулосаи замимагардидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои ахбори омма» ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 28 сентябри соли 2024, № 501
Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 сентябри соли 2024, №501
Хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои ахбори омма»
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои ахбори омма»-ро, ки бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июни соли 2024, №2311 барои додани хулоса ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, мавриди баррасӣ қарор дод.
Омӯзиш ва таҳлили лоиҳаи Қонуни мазкур нишон дод, ки он дар натиҷаи муттаҳид кардани ду қонуни амалкунанда дар шакли коста, нопурра ва бе танзими масъалаҳои муҳимми соҳа таҳия гардидааст. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ» ва «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» аз рӯйи тарзи навишт ва истифодаи мафҳумҳо сода ва фаҳмо мебошанд.
Бояд зикр кард, ки лоиҳаи Қонуни мазкур дар соҳаи танзим калидӣ ба ҳисоб меравад ва меъёрҳои он на танҳо аз ҷониби субъектони танзимкунандаи соҳа, балки аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ васеъ истифода бурда мешаванд.
Лоиҳаи Қонуни мазкур масъалаҳои мавзуи танзимро пурра дар бар нагирифтааст. Аз ҷумла ҳангоми таҳия таҷрибаи дар амал татбиқгардидаи мақомоти давлатӣ дар самти танзими давлатии воситаҳои ахбори омма ба пуррагӣ истифода нагардида, вобаста ба ҳар як намуди воситаи ахбори омма, ки шакли фаъолияташон фарқ мекунанд, мебояд боби алоҳида бахшида шуда, дар он тарзи ташкил, лаҳзаи оғози фаъолият, зери танзими давлатӣ қарор гирифтан, кадом ҳуҷҷатҳои иҷозатномавӣ ва иҷозатдиҳӣ доштан ва дигар масъалаҳо пешбинӣ карда шавад. Ҳамзамон, дар лоиҳа масъалаи паҳн кардани воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ҳаллу фасл гардида, вобаста ба шакли фаъолияти онҳо, инчунин доир ба масъалаҳои соҳибистиқлолӣ, амнияти давлатӣ, тамомияти арзӣ, фарҳанг ва маданияти миллӣ диққати махсус дода шавад.
Ҳамоҳангсозӣ ва мутобиқати лоиҳаи Қонуни мазкур бо дигар санадҳои қонунгузорӣ, аз ҷумла бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ», «Дар бораи иттилоот» ва «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот» таъмин карда шавад.
Зимни такмили лоиҳа талаботи моддаҳои 49, 50 ва 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ба инобат гирифта шуда, хатоҳои зиёди имлоӣ, грамматикӣ ва техникии ҷойдошта ислоҳ ва матни русии он ба матни забони тоҷикӣ мутобиқ карда шавад.
Бояд зикр кард, ки лоиҳаи Кодекси иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2023, №1589 барои додани хулоса ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида буд. Аз натиҷаи баррасӣ хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июни соли 2023, №275 пешниҳод гардида, дар он зикр шуда буд, ки тибқи талаботи моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» кодекс қонуни ягона ва мураттабгаштаест, ки тавассути он соҳаи муайяни муносибатҳои ҷамъиятӣ пурра, бевосита ва бонизом танзим карда мешавад. Аммо дар лоиҳаи Кодекси пешниҳодшуда на ҳамаи масъалаҳои муайяни муносибатҳои ҷамъиятии дар ин соҳа мавҷудбуда танзими худро ёфта буданд. Аз ҷумла муносибатҳои ҷамъиятие, ки бо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ», «Дар бораи сирри тиҷоратӣ», «Дар бораи реклама», «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо» ва «Дар бораи иттилооти экологӣ» танзим гардидаанд, пурра фаро гирифта нашудаанд.
Бинобар ин, ба мақсад мувофиқ аст, ки масъалаи ворид намудани муқаррароти лоиҳаи Қонуни мазкур ба лоиҳаи Кодекси иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда шавад.
Правительство Республики Таджикистан
Постановление
"О представлении заключения Правительства Республики Таджикистан к проекту Закона Республики Таджикистан «О средствах массовой информации»"
Рассмотрев постановление Совета Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан от 24 июня 2024 года, №2311 «О проекте Закона Республики Таджикистан «О средствах массовой информации», Правительство Республики Таджикистан постановляет:
Представить на рассмотрение Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан прилагаемое заключение Правительства Республики Таджикистан к проекту Закона Республики Таджикистан «О средствах массовой информации».
Председатель Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбеот 28 сентября 2024 года №501
Прилагается на тадж.яз