ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар хусуси Протокол байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ ҷиҳати таҳкими бехатарии иншоотҳо дар доираи ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ»
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Протокол байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ ҷиҳати таҳкими бехатарии иншоотҳо дар доираи ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ», ки 5 апрели соли 2024 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 28 сентябри соли 2024, № 513
Лоиҳа
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар хусуси тасдиқи Протокол байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ ҷиҳати таҳкими бехатарии иншоотҳо дар доираи ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ»
Мутобиқи моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Протокол байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ ҷиҳати таҳкими бехатарии иншоотҳо дар доираи ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ», ки 5 апрели соли 2024 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, тасдиқ карда шавад.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида ҷониби Чинро дар бораи аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо намудани Протоколи мазкур заруранд, огоҳ намояд.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Лоиҳа
ПРОТОКОЛ байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ вобаста ба таҳкими бехатарии иншоотҳо дар доираи ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ»
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки минбаъд Тарафҳо номида мешаванд,
муқаррароти Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин аз 27 майи соли 2002-ро ба роҳбарӣ гирифта,
мутобиқи қонунгузории миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ва уҳдадориҳои байналмилалии онҳо, инчунин дар асоси салоҳияти Тарафҳо,
бо мақсади таъмини амнияти иншоотҳо дар доираи ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, инчунин таъмини амният, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин,
ба мувофиқаи зайл расидаанд:
1. Бо мақсади таъмини бехатарии иншоотҳо дар доираи ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» Тарафҳо фаъолияти муштараки зеринро анҷом медиҳанд:
- механизми табодули иттилоотро оид ба масъалаҳои таъмини амнияти иншоотҳо дар доираи ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» ба роҳ монда, сари вақт дар бораи онҳо маълумот пешниҳод менамоянд ва ҷиҳати тафтиши иттилоот дар бораи таҳдид мусоидат мекунанд;
- дар асоси тавофуқот, дар самти муқовимат ба ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноятҳое, ки ба иншоотҳо дар доираи ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» нигаронида шудаанд, чораҳои муштарак меандешанд;
- дар асоси тавофуқот, доир ба ҳифзи иншоотҳо аз амалҳои террористӣ дар доираи ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» чорабиниҳои муштараки пешгирикунанда мегузаронанд;
- ҷиҳати таъмини амнияти шаҳрвандон ва корхонаи як Тараф дар ҳудуди дигар Тараф чораҳои зарурӣ меандешанд.
2. Тарафҳо маълумотро, ки дар банди 1 Протоколи мазкур номбар шудааст, дар асоси баробарҳуқуқӣ ва ройгон пешниҳод менамоянд:
Пешниҳоди иттилоот ё дархост бояд дар шакли хаттӣ ба расмият дароварда шуда бошад. Дар ҳолатҳои таъхирнопазир дархостҳо минбаъд тамдид карда мешавад, агар аз ҷониби Тарафҳо қарори дигаре қабул нагардад. Ҳар яке аз Тарафҳо метавонанд иҷроиши Протоколи мазкурро бо роҳи пешниҳод намудани огоҳиномаи хаттӣ дар ин бора ба Тарафи дигар, қатъ намоянд. Протоколи мазкур эътибори худро пас аз шаш моҳ аз рӯзи гирифтани чунин огоҳинома аз ҷониби Тарафи дигар, гум мекунад.
Дар шаҳри Душанбе 5 апрели соли 2024 дар ду нусха ҳар яке бо забонҳои тоҷикӣ, чинӣ ва русӣ ба имзо расид, зимнан ҳамаи матнҳо дорои эътибори якхела мебошанд. Дар сурати ба миён омадани ихтилофот дар тафсири Протоколи мазкур, матни забони русӣ афзалият хоҳад дошт.
Аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон | Аз ҷониби Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин |
Правительство Республики Таджикистан
Постановление
О Протоколе между Министерством внутренних дел Республики Таджикистан и Министерством общественной безопасности Китайской Народной Республики о сотрудничестве по усилению безопасности объектов в рамках инициативы «Один пояс, один путь»
В соответствии со статьей 12 Закона Республики Таджикистан «О международных договорах Республики Таджикистан» Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:
Представить на ратификацию в Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан Протокол между Министерством внутренних дел Республики Таджикистан и Министерством общественной безопасности Китайской Народной Республики о сотрудничестве по усилению безопасности объектов в рамках инициативы «Один пояс, один путь», подписанный 5 апреля 2024 года в городе Душанбе.
Председатель Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 28 сентября 2024 года №513