ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар хусуси лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Словакия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва илмию техникӣ
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Словакия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва илмию техникӣ маъқул дониста шавад.
2. Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи мазкурро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонад ва ҳангоми зарурат ба матни он тағйиру иловаҳои хусусияти муҳимнадоштаро ворид намояд.
3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида сана ва маҳалли имзои Созишномаи мазкурро бо ҷониби Словакия мувофиқа намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 28 сентябри соли 2024, № 505
СОЗИШНОМА БАЙНИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ СЛОВАКИЯ ОИД БА ҲАМКОРИҲОИ ИҚТИСОДӢ ВА ИЛМИЮ ТЕХНИКӢ
1. МУҚАДДИМА
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Словакия (минбаъд - «Тарафҳои аҳдкунанда»),
муносибатҳои дӯстонаи байни ду кишварро тасдиқ намуда,
муҳиммияту аҳаммияти идома ва таҳкими муносибатҳои мавҷудаи иқтисодиро дарк намуда,
бо хоҳиши мусоидат ба рушди ҳамкории иқтисодии ҷонибҳо дар асоси баробарӣ ва манфиати мутақобила,
мутобиқи қонунгузории миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Словакия ва бо назардошти уҳдадориҳои байналмилалии онҳо,
ба мувофиқаи зерин расиданд:
II. ҲАДАФИ СОЗИШНОМА
МОДДАИ 1
- Ҳадафи Созишнома густаришу фаъолгардонии ҳамкориҳои иқтисодии байни Тарафҳои аҳдкунанда дар асоси баробарӣ ва манфиати мутақобила ва мутобиқи қонунгузории миллии давлатҳои Тарафҳои аҳдкунанда мебошад.
1.2 Тарафҳои аҳдкунанда муносибатҳои иқтисодию тиҷоратии худро дар асоси эҳтироми соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии якдигар ба роҳ мемонанд.
1.3. Ҳамкориҳо бо дарбаргирии соҳаҳои зерин, вале бо инҳо маҳдуд намегарданд:
а) саноат ва сохтмон;
б) нақлиёт ва логистика;
в) сармоягузорӣ;
г) навоварӣ;
ғ) энергетика ва саноати истихроҷи маъдан;
д) сайёҳӣ;
е ) корхонаҳои хурд ва миёна (КХМ);
ё ) кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал;
ж ) ҳифзи муҳити зист ва идоракунии захираҳои об;
з ) телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ;
и) соҳаҳои дигари ҳамкориҳои иқтисодӣ дар асоси манфиатҳои мутақобил.
III. ШАКЛҲОИ ХАМКОРӢ
МОДДАИ 2
2.1. Тарафҳои аҳдкунанда:
а ) ҷиҳати густариши ҳамкориҳои иктисодӣ байни ду кишвар тамоми чораҳои заруриро меандешанд;
б ) барои мубодилаи иттилоот дар бораи вазъи иқтисодӣ дар ҳар ду кишвар, санадҳои меъёрӣ, барномаҳои иқтисодӣ, иттилооти корӣ ва мубрами дорои манфиати мутақобил, тамоми чораҳои заруриро андешанд;
в ) мушкилотеро, ки ба ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодӣ халал мерасонанд, муайян намуда, барои ҳалли онҳо тадбирҳо пешниҳод менамоянд.
2.2. Тарафҳои аҳдкунанда:
а) ба фаъолияти сармоягузорӣ, ҳамкориҳои иқтисодӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак, кушодани намояндагиҳо ва филиалҳои ширкатҳо дар ҳудуди ҳар ду кишвар мусоидат менамоянд;
б) ба иштироки намояндагони бахши хусусии дар ҳар ду кишвар дар ярмаркаю намоишгоҳҳои байналмилалие, ки дар ҳудуди ҳар ду кишвар барпо мегарданд, мусоидат менамоянд;
в) мубодилаи сафарҳои ҳайатҳои кориро дастгирӣ ва ҳавасманд мегардонанд;
г ) сохторҳои дахлдори минтақавӣ ва маҳаллӣ, палатаҳои касбӣ, иттиҳодияҳои соҳибкорӣ ва бахши хусусиро барои омӯхтани имкониятҳои мавҷуда дар доираи татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои гуногуни ҳамкориҳои иқтисодӣ ҳавасманд менамоянд.
IV. КОМИССИЯИ МУШТАРАК
МОДДАИ 3
3.1. Тарафҳои аҳдкунанда ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ва рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодӣ Комиссияи муштараки Тоҷикистону Словакияро оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ (минбаъд — «Комиссияи муштарак») ташкил мекунанд, ки аз намояндагони мақомоти дахлдори Тарафҳои аҳдкунанда иборат аст.
Комиссияи муштарак ҳамкориҳои иқтисодиро ба таври зайл ба роҳ мемонад:
а) назорати иҷрои ҳадафҳои Созишномаи мазкур;
б) рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои дар Созишномаи мазкур қайдшуда ё минбаъд байни Тарафҳои аҳдкунанда мувофиқашуда;
в) таҳияи тавсияҳо оид ба рафъи монеаҳое, ки ҳангоми иҷрои ҳама гуна созиш ва лоиҳа метавонанд ба миён оянд ва Созишномаи мазкур метавонанд муқаррар шаванд.
3.2. Комиссияи муштарак бо хоҳиши яке аз Тарафи аҳдкунанда ва розигии Тарафи дигари аҳдкунанда дар мавридҳои зарурӣ бо навбат дар ҳар ду кишвар ҷамъ ояд.
3.3.Ҳар як Тарафи аҳдкунанда аз ҷониби худ як Раис, ки (ҳамраис номида мешавад) таъин мекунад ва ҳар як ҳамраис барои қисми дахлдори Комиссияи муштарак котиб таъин мекунад.
3.4.Сана ва рӯзномаи ҷаласа аз ҷониби Тарафи аҳдкунандаи қабулкунанда пешниҳод карда мешавад, ки котиби он барои таҳияи протокол масъул аст.
3.5. Ҳар як Тарафи ахдкунанда хароҷоти хайатҳои вакилони худро дар маҷлисҳои Комиссияи муштарак мепардозад.
3.6. Дар доираи Комиссияи муштарак гурӯҳҳои корӣ таъсис дода мешаванд, ки ба самтҳои алоҳидаи ҳамкорӣ, ки дар банди 1.3 Созишномаи мазкур зикр мегардад, машғул мешаванд.
V. СОЗИШНОМАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
МОДДАИ 4
4.1. Созишномаи мазкур ба ҳеҷ гуна ҳуқуқу уҳдадориҳое, ки аз созишномаҳои байналмилалии амалкунандаи аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҷумҳурии Словакия бо Тарафҳои сеюм басташуда бармеоянд, инчунин ҳуқуқ ва уҳдадориҳое, ки аз узвияти ҳар ду кишвар дар созмонҳои байналмилалӣ бармеоянд, дахолат намекунад.
4.2. Созишномаи мазкур бидуни зарар ба уҳдадориҳое, ки аз узвияти Ҷумҳурии Словакия дар Иттиҳоди Аврупо бармеоянд, татбиқ мегардад. Ҳамин тариқ, муқаррароти Созишномаи мазкур наметавонанд тавре тафсир ё татбиқ карда шаванд, ки уҳдадориҳои дар доираи Шартномаи Иттиҳоди Аврупо баровардашуда бекор карда шаванд ё ба онҳо ба тариқи дигар таъсир расонида шаванд.
VI. ТАНЗИМИ БАҲСҲО
МОДДАИ 5
Ҳама гуна ихтилофоте, ки вобаста ба тафсир ё иҷрои Созишномаи мазкур ба миён меоянд, байни Тарафҳои аҳдкунанда бо роҳи гуфтушунид ва машваратҳо тариқи роҳҳои дипломатӣ ҳал карда мешаванд.
VII. ТАҒЙИРОТ
МОДДАИ 6
Бо розигии мутақобили хаттии Тарафҳои аҳдкунанда мумкин аст ба Созишномаи мазкур тағйирот ворид карда шаванд. Чунин тағйирот дар шакли протоколҳои алоҳида, ки ҷузъи ҷудонопазири Созишномаи мазкур мебошанд, тартиб дода мешаванд ва онҳо мутобиқи моддаи 7 Созишномаи мазкур эътибор пайдо мекунанд.
VIII. ЭЪТИБОР ПАЙДО НАМУДАН, МУҲЛАТИ АМАЛ ВА ҚАТЪИ АМАЛ
МОДДАИ 7
7.1. Созишномаи мазкур пас аз 30 (сӣ) рӯз аз санаи тавассути роҳҳои дипломатӣ гирифтани огоҳиномаи хаттии охирини Тарафҳои аҳдкунанда дар бораи анҷом ёфтани расмиёти дохилидавлатии онҳо, ки барои эътибор пайдо кардани ин созишнома заруранд, эътибори ҳуқуқӣ пайдо мекунад.
7.2. Созишномаи мазкур ба муҳлати 5 (панҷ) сол баста мешавад ва баъдан худ аз худ дар давоми давраи панҷ солаҳои минбаъда эътибор хоҳад дошт, агар яке аз Тарафҳои аҳдкунанда ба Тарафи дигари аҳдкунанда ба таври хаттӣ тавассути роҳҳои дипломатӣ на камтар аз шаш моҳ пеш аз ин оид ба нияти худ дар бораи бекор кардани амали Созишномаи мазкур хабар надиҳад.
7.3. Дар шаҳри __________ «_ » ____________20___ дар ду нусхаи аслӣ бо забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ва словакӣ ба имзо расидааст, зимнан ҳамаи матнҳо эътибори якхела доранд. Дар ҳолати ба миён омадани ихтилофот дар тафсири муқаррароти Созишномаи мазкур, бартарӣ ба матни забони англисӣ дода мешавад.
АЗ ҶОНИБИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН | АЗ ҶОНИБИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ СЛОВАКИЯ |