Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 6 июни соли 2024 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 1284
Бо фармоиши якҷояи сардори
Хадамоти гумруки назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва директори
Агентии стандартизатсия, метрология,
сертификатсия ва нозироти савдои назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 майи соли 2024 №ф-58
аз 1 майи соли 2024 №53ф/а
тасдиќ шудааст
ТАРТИБИ БА ҲУДУДИ ГУМРУКИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВОРИД НАМУДАНИ МАҲСУЛОТИ ҲАТМАН СЕРТИФИКАТСИЯШАВАНДА
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Тартиби ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани маҳсулоти ҳатман сертификатсияшаванда (минбаъд-Тартиби мазкур) дар асоси талаботи қисми 2 моддаи 29 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳодиҳии мутобиқат» таҳия шуда, тартиби ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани маҳсулоти ҳатман сертификатсияшавандаро муайян менамояд.
2. Дар ҳудуди гумрукӣ барои ба муомилоти озод баровардан маҳсулоти ҳатман сертификатсияшаванда ба тасдиқи мутобиқат фаро гирифта мешавад.
3. Дар ҳудуди гумрукӣ ба тасдиќи мутобиќати њатмї маҳсулоте фаро гирифта мешаванд, ки тибқи талаботи регламентњои техникї ё номгўйи мањсулот (кор, хизматрасонӣ), ки бояд ҳатман сертификатсия карда шаванд, ба сертификати њатмї мансуб мебошанд.
4. Маҳсулоте, ки ба сертификатсияи ҳатмӣ мансубанд, бо шарти уҳдадор гаштани декларант ҷиҳати гирифтан ва пешниҳоди сертификати мутобиқат ба мақомоти гумрук дар шакли электронӣ тавассути низоми «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ» (минбаъд-низоми «Равзанаи ягона») дар муҳлати муайяннамудаи Тартиби мазкур шартан иҷозат дода мешаванд.
5. Маҳсулоти шартан иҷозатдодашуда таҳти назорати гумрукӣ қарор мегирад.
6. Қарор оид ба пешниҳоди сертификати мутобиқат тариқи низоми «Равзанаи ягона» дар шакли электронӣ нисбат ба маҳсулоте амалӣ карда мешавад, ки тибқи талаботи банди 3 Тартиби мазкур ба сертификатсияи ҳатмӣ мансуб буда, дар як декларатсияи гумрукии бор арз гардида, аз ҷониби як ирсолкунанда ба суроғаи як қабулкунанда фиристода шуда бошад.
7. Мутобиќи ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 24 июли соли 2020, №410 «Дар бораи љорї намудани низоми «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротї, воридотї ва транзитї» бо мақсади барасмиятдарории гумрукӣ сертификати мутобиқат ба мақомоти гумрук тариқи низоми «Равзанаи ягона» дар шакли электронӣ дода мешавад. Сертификати мутобиқат ба миқдори муайяни маҳсулот, як номгӯй ва ба гурӯҳи маҳсулоти якхела барасмиятдаровардашуда дода мешавад.
2. РАСМИЁТИ АЗНАЗАРГУЗАРОНИИ МАҲСУЛОТИ ВОРИДШУДА АЗ ҶОНИБИ МАҚОМИ ВАКОЛАТДОР ДАР СОҲАИ БАҲОДИҲИИ МУТОБИҚАТ
8. Мақоми ваколатдор дар соҳаи баҳодиҳии мутобиқат баъд аз гирифтани хабарнома тариқи низоми «Равзанаи ягона» дар бораи маҳсулоти воридшуда, маҳсулоти пешниҳодшударо аз муоина гузаронида, намуна мегирад, ҳаммонандсозӣ (идентификатсия) ва ташхиси онҳоро мегузаронад.
9. Азназаргузаронии маҳсулоти воридшуда бо гирифтани намунаҳои ин маҳсулот бо мақсади сертификаткунонӣ аз тарафи мақоми ваколатдор дар соҳаи баҳодиҳии мутобиқат дар ҳузури намояндаи мақомоти гумрук ва бо иштироки соҳиби маҳсулот амалӣ карда мешавад.
10. Аз рӯйи натиҷаи азназаргузаронӣ дар ду нусха санади гирифти намуна тартиб дода шуда, аз ҷониби тарафҳои иштирокдошта ба имзо расонида мешавад. Як нусхаи санад ба соҳиби маҳсулот дода шуда, нусхаи дигар дар дасти намояндаи мақоми ваколатдор дар соҳаи баҳодиҳии мутобиқат мемонад. Дар санади мазкур миқдор ва вазни намунаҳои интихобшуда дарҷ карда мешавад.
11. Муҳлати пешниҳоди сертификати мутобиқат тавассути низоми «Равзанаи ягона» аз тарафи мақоми ваколатдор дар соҳаи баҳодиҳии мутобиқат бояд аз 3 рӯзи корӣ зиёд набошад ва барои маҳсулоти зудвайроншаванда набояд аз 2 рӯзи корӣ зиёд бошад.
12. Муҳлати ниҳоӣ барои додани сертификати мутобиқат тавассути низоми «Равзанаи ягона» дар шакли электронӣ дар ҳолатњои зерин бояд аз 7 рўзи корӣ зиёд набошад:
- агар барои корҳои сертификаткунонӣ зиёда аз 3 номгӯйи маҳсулоти пешниҳодшуда бошад;
- агар муҳлати интихоби намуна байни дархостдиҳанда ва мутахассис мувофиқа нашуда бошад;
- агар зарурати гузаронидани ташхиси иловагӣ пайдо шавад.
13. Мақоми ваколатдор дар соҳаи баҳодиҳии мутобиҳат сертификати мутобиқатро пас аз иҷрои уҳдадориҳои базиммагирифтаи дархостдиҳанда тавассути низоми «Равзанаи ягона» ба мақомоти гумрук пешниҳод менамояд.
14. Дар ҳолатҳои иҷро нашудани шартнома миёни дархостдиҳанда ва мақоми ваколатдор дар соҳаи баҳодиҳии мутобиқат, аризаи шаклаш ягонаи он ба ҳолати «Дархостшуда» гузаронида шуда, муҳлати додани сертификати мутобиқат мавқуф гузошта мешавад.
3. ПАЙДАРПАЙИИ РАСМИЁТИ ГУМРУКӢ ОИД БА БАРАСМИЯТДАРОРИИ МАҲСУЛОТИ ШАРТАН ИҶОЗАТДОДАШУДА, КИ БА СЕРТИФИКАТСИЯИ ҲАТМӢ МАНСУБАНД
15. Асос барои шартан иҷозат додани маҳсулоте, ки ба сертификатсияи ҳатмӣ мансубанд, ситонидани пардохтҳои гумрукӣ ва уҳдадориҳои дархосткунанда дар бораи пешниҳод намудани сертификати мутобиқат тариқи низоми «Равзанаи ягона» дар муҳлатњои пешбининамудаи бандҳои 11 ва 12 Тартиби мазкур ба ҳисоб мераванд. Қарор дар бораи имконияти шартан иҷозат додани маҳсулот аз тарафи шахси масъули мақомоти гумрук қабул карда мешавад.
16. Қарор дар бораи шартан иҷозат додани маҳсулот дар рӯзи гирифтани декларатсияи гумрукии бор, ки аз ҷониби декларант (брокери гумрукӣ) пешниҳод гардидааст, на дертар аз 2 рӯзи корӣ аз рӯзи пешниҳод ва иҷрои шартҳои муқаррарнамудаи моддаи 151 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад.
17. Уҳдадориҳо аз тарафи декларант ба мақомоти гумрук дар шакли хаттӣ пешниҳод карда мешаванд, ки дар он маълумотҳои зерин дарҷ карда мешавад:
- муҳлати банақшагирифтаи ҳамлу нақли маҳсулот ба маҳалли нигаҳдорӣ;
- муҳлати банақшагирифтаи пешниҳоди сертификати мутобиқат дар шакли электронӣ;
- ба шахси сеюм пешниҳод накардани маҳсулот дар шаклҳое, ки ќисми 2 моддаи 151 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст;
- дар бораи хабардор будани шахси аризадиҳанда оид ба ҳолатҳои нисбати ӯ татбиқ шудани тадбирҳои ҷавобгарӣ барои иҷро накардани уҳдадориҳои ба зиммаи худ гирифта;
- декларант (брокери гумрукӣ) дар муҳлати на зиёда аз як рўзи корӣ аризаи шаклаш ягонаро бо замимаи ҳуҷҷатҳои тиҷоратии дархосткунанда тариқи низоми «Равзанаи ягона» ба мақомоти ваколатдор дар соҳаи баҳодиҳии мутобиқат ирсол менамояд.
18. Қарор дар бораи иҷозати шартӣ ба системаи иттилоотии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуда, танҳо пас аз ин маҳсулот мақоми иҷозати шартиро мегирад.
19. Дар декларатсияи бори гумрукӣ санаи иҷозатдиҳӣ, нақши муҳри рақамдори шахсӣ ва имзои нозири барасмиятдарори гумрукӣ гузошта мешавад.
20. Дар ҳолати аз ҷониби декларант пешниҳод шудани хуҷҷати номутобиқатии маҳсулот ба талаботи бехатарӣ ва сифат ва манъи фурӯши маҳсулот дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, декларатсияи гумрукӣ беэътибор дониста шуда, маҳсулот бояд тибқи талаботи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти низоми гумрукии дигар аз нав ба расмияти гумрукӣ дароварда шавад.
21. Декларант баъд аз қабул намудани қарор дар бораи шартан иҷозат додани маҳсулоти воридшуда бояд фавран тариқи низоми «Равзанаи ягона» ба мақоми ваколатдор дар соҳаи баҳодиҳии мутобиқат дар бораи декларатсияи бори гумрукӣ ва уҳдадориҳои иштирокдорони фаъолияти иқтисодии хориҷӣ оид ба пешниҳод намудани сертификати мутобиқат хабар диҳад.
22. Мақоми ваколатдор дар соҳаи баҳодиҳии мутобиқат баъди гузаронидани корҳои сертификаткунонӣ дар навбати худ мақомоти гумрукро тавассути низоми «Равзанаи ягона» дар бораи додан ва ё сабаби надодани сертификати мутобиқат хабардор менамояд.
23. Мақомоти гумрук иҷозати воридоти маҳсулотро бе талаби пешниҳоди сертификати мутобиқат мутобиќи банди 35 Тартиби иљрои корњои сертификатсия, ки бо фармоиши директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 29 марти соли 2022, №41-ф/а тасдиќ гардида, дар Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистон 26 апрели соли 2022, №1157 ба ќайди давлатї гирифта шудааст, дар шакли электронї ба роњ мемонад.
24. Мақомоти гумрук дар асоси маълумоте, ки дар доираи низоми «Равзанаи ягона» дастрас мешавад, иҷозати воридоти маҳсулоти барои расонидани ёрӣ дар ҳолати офатҳои табиӣ, низои ҳарбӣ, фалокати (садама) технологӣ, кумакҳои башардўстона таъин шудаанд, инчунин дигар маҳсулоте, ки тибқи қонунгузорӣ аз сертификатсиякунонӣ озод мебошанд, бидуни талаби маълумотнома (хулоса)-и мақоми ваколатдор дар соҳаи баҳодиҳии мутобиқат барасмиятдарории гумрукиро анҷом медиҳад.
4. УҲДАДОРИИ МАҚОМОТИ ГУМРУК ВА МАҚОМИ ВАКОЛАТДОР ДАР СОҲАИ БАҲОДИҲИИ МУТОБИҚАТ
25. Мақомоти гумрук ва мақоми ваколатдор дар соҳаи баҳодиҳии мутобиқат уҳдадоранд, ки мунтазам оид ба ҳолати риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи иштирокдорони фаъолияти иқтисодии хориҷӣ дар робита бо риояи низоми иҷозати шартии маҳсулот ва сертификаткунонии маҳсулоте, ки ба сертификатсияи ҳатмӣ мансубанд, тавассути низомҳои электронӣ ба ҳамдигар мубодилаи ахбор дошта бошанд.
26. Назорати дурустии барасмиятдарории гумрукӣ ва гузаронидани корҳои сертификаткунонии маҳсулот, ки ба сертификатсияи ҳатмӣ мансубанд, аз тарафи роҳбари мақомоти ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ва роҳбари мақоми ваколатдор дар соҳаи баҳодиҳии мутобиқат ба роҳ монда мешавад.
27. Нозирони барасмиятдарори гумрук ва кормандони масъулини мақоми ваколатдор дар соҳаи баҳодиҳии мутобиқат уҳдадоранд расмиёти қабул ва пешниҳоди сертификати мутобиқатро тавассути низоми «Равзанаи ягона» анҷом диҳанд.
28. Ҳангоми ба вуҷуд омадани ҳолатҳои ғайричашмдошт дар низоми «Равзанаи ягона» корҳои сертификатсияи ҳатмӣ то бартараф гаштани онҳо муваққатан бо истифода аз ҳомили коғазӣ амалӣ карда мешавад.
29. Шахсоне, ки талаботи Тартиби мазкурро вайрон мекунанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Зарегисттрировано Министерством юстиции
Республики Таджикистан 6 июня 2024 года,
регистрационный номер 1284
Утверждено
совместным распоряжением начальника
Таможенной службы при Правительстве
Республики Таджикистан
и директором Агентства по стандартизации,
метрологии, сертификации и торговой инспекции
при Правительстве Республики Таджикистан
от 1 мая 2024 года №Ф-58,
от 1 мая 2024 года №53ф/а
ПОРЯДОК ВВОЗА НА ТАМОЖЕННУЮ ТЕРРИТОРИЮ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН ПРОДУКЦИИ, ПОДЛЕЖАЩИХ ОБЯЗАТЕЛЬНОЙ СЕРТИФИКАЦИИ
1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ
1. Порядок ввоза на таможенную территорию Республики Таджикистан продукции, подлежащих обязательной сертификации (далее-Порядок) разработан на основании части 2 статьи 29 Закона Республики Таджикистан «Об оценке соответствия» и устанавливает порядок ввозимых на таможенную территорию Республики Таджикистан продукции, подлежащей обязательной сертификации.
2. На таможенной территории для свободного обращения продукция подлежит обязательной сертификации подтверждения соответствия.
3. На таможенной территории обязательному подтверждению соответствия подлежат продукции, которые в соответствии с требованиями технических регламентов и перечнем товаров (работ, услуг) должны быть обязательно сертифицированы и подлежат обязательной сертификации.
4. Продукция, подлежащая обязательной сертификации, подлежит условному выпуску, при условии принятия обязательства декларанта (заявителя) о получении и представлении сертификата соответствия таможенному органу через систему «Единое окно по оформлению экспортных, импортных и транзитных процедур» (далее - система «Единое окно») в электронной форме в течение срока, определенного настоящим Порядком.
5. Условно выпушенная продукция находится под таможенным контролем.
6. Решение о предоставлении сертификата соответствия через систему «Единое окно» принимается в отношение той продукции, которая в соответствии с требованием пункта 3 настоящего Порядка относится к обязательной сертификации, заявлены в одной таможенной декларации и прибывших от одного отправителя в адрес одного получателя.
7. В соответствии с постановлением Правительства Республики Таджикистан от 24 июля 2020 года, №410 «О внедрении системы «Единого окна по оформлению экспортных, импортных и транзитных процедур» в целях таможенного оформления, сертификат соответствия в таможенные органы предоставляется через систему «Единое окно» в электронной форме. Сертификат соответствия предоставляется определенному количеству (партии) продукции, одному перечню и оформленной однородной группе продукции.
2.ПРОЦЕДУРА РАССМАТРЕНИЯ ВВОЗИМОЙ ПРОДУКЦИИ УПОЛНОМОЧЕННЫМ ОРГАНОМ В ОБЛАСТИ ОЦЕНКИ СООТВЕТСТВИЯ
8. Уполномоченный орган в области оценки соответствия после получения уведомления через систему «Единое окно» о ввозимой продукции, производит осмотр, отбор образцов, идентификацию и их анализ.
9. Осмотр ввозимой продукций, отбор образцов этой продукции для целей сертификации осуществляется уполномоченным органом в области оценки соответствия в присутствии представителя таможенного органа с участием владельца продукции.
10. По результатам осмотра в двух экземплярах составляется акт отбора образцов, который подписывается присутствующими сторонами. Один экземпляр акта вручается владельцу продукции, другой экземпляр остается у представителя уполномоченного органа в области оценки соответствия. В акте фиксируется количество и масса отобранных образцов.
11. Срок предоставления сертификата соответствия через систему «Единое окно» уполномоченным органом в области оценки соответствия не должен превышать 3 рабочих дней, а на скоропортящуюся продукцию не более 2 рабочих дней.
12. Максимальный срок для предоставления сертификата соответствия через систему «Единое окно» в электронной форме, не должен превышать 7 рабочих дней в следующих случаях:
- если для сертификационных работ представлено более трёх наименований продукции;
- если сроки отбора образцов не согласованы между заявителем и специалистом;
- если нужно провести дополнительные испытания.
13. Уполномоченный орган в области оценки соответствия после выполнения взятых на себя обязательств заявителем предоставляет в таможенный орган сертификат соответствия через систему «Единое окно».
14. В случаях невыполнения договора между заявителем и уполномоченным органом в области оценки соответствия заявка в единой форме переводится в статус «Запрошена», а срок выдачи сертификата соответствия переносится.
2.ПОСЛЕДОВАТЕЛЬНОСТЬ ТАМОЖЕННЫХ ПРОЦЕДУР ПРИ ОФОРМЛЕНИИ УСЛОВНОГО ВЫПУСКА ПРОДУКЦИИ, ПОДЛЕЖАЩИХ ОБЯЗАТЕЛЬНОЙ СЕРТИФИКАЦИИ
15. Основания для условного выпуска продукции подлежащих обязательной сертификации, является оплата таможенных платежей и обязательство декларанта (таможенного брокера) о представлении сертификата соответствия через систему «Единое окно» в течение сроков, предусмотренных пунктами 11 и 12 настоящего Порядка. Решение о возможности условного выпуска продукции принимается уполномоченным лицом таможенного органа.
16. Решение об условном выпуске продукции принимается в день получения таможенной декларации, представленной декларантом (таможенным брокером), но не позднее 2 рабочих дней со дня его подачи и выполнения условий, предусмотренных в статье 151 Таможенного кодекса Республики Таджикистан.
17. Обязательства со стороны декларанта (таможенного брокера) в таможенные органы предоставляются в письменной форме, где указывается следующая информация:
- планируемый срок перевозки продукции к месту хранения;
- планируемый срок предоставления сертификата соответствия в электронной форме;
- не передавать продукцию третьим лицам, в формах предусмотренных в части 2 статьи 151 Таможенного кодекса Республики Таджикистан;
- об информированности лица, подавшего заявление о возможности применения к нему мер ответственности за неисполнение взятых на себя обязательств.
- заявитель или таможенный брокер в срок не более одного рабочего дня отправить единую форму заявления с приложением коммерческих документов заявителя через систему «Единое окно» в уполномоченный орган в сфере оценки соответствия.
18. Решение об условном выпуске вводится в информационную систему Таможенной службы при Правительстве Республики Таджикистан и только после этого продукция получают статус условного выпуска.
19. На грузовой таможенной декларации проставляется дата выпуска, оттиск личной номерной печати и подпись таможенного оформителя.
20. В случае если декларант представляет документ о несоответствии продукции требованиям безопасности и качества, а также документ о запрете на реализацию (использование) продукции на таможенной территории Республики Таджикистан, то таможенная декларация аннулируется, а продукция должна быть переоформлена под иной таможенный режим согласно требованиям таможенного законодательства Республики Таджикистан.
21. Декларант после принятия решения об условном выпуске ввезенной продукции, обязан незамедлительно через систему «Единое окно» уведомить уполномоченный орган в сфере оценки соответствия о таможенной декларации и обязательствах участника внешнеэкономической деятельности о предоставлении сертификата соответствия.
22. Уполномоченный орган в области оценки соответствия после проведения сертификационных работ, в свою очередь, информирует таможенный орган о случаях выдачи или причинах отказа в предоставлении сертификата соответствия.
23. Таможенный орган осуществляет выпуск продукции без требования предоставления сертификата соответствия в соответствии с пунктом 35 Порядка выполнения работ по сертификации, утверждённого распоряжением директора Агентства по стандартизации, метрологии, сертификации и торговой инспекции при Правительстве Республики Таджикистан от 29 марта 2022 года, №41ф/а и зарегистрированного в Министерстве юстиции Республики Таджикистан 26 апреля 2022 года, №1157 в электронной форме.
24. Таможенный орган на основании информации полученной в рамках системы «Единое окно» осуществляет таможенное оформление продукции, предназначенные для оказания помощи в случаях природных бедствий, военного конфликта, технологических катастроф, гуманитарной помощи и другая продукция которая освобождена от сертификации в соответствии с законодательством без требования предоставления справки (заключения) уполномоченного органа в сфере оценки соответствия.
3.ОБЯЗАННОСТЬ ТАМОЖЕННОГО ОРГАНА И ОРГАНА В ОБЛАСТИ ОЦЕНКИ СООТВЕТСТВИЯ
25. Таможенный орган и уполномоченный орган в области оценки соответствия обязаны посредством электронной системы осуществлять регулярный обмен информацией о соблюдении участниками внешнеэкономической деятельности требований законодательства Республики Таджикистан по соблюдению режима условного выпуска и сертификации продукции, подлежащих обязательной сертификации.
26. Контроль за правильностью таможенного оформления и провидения работ по сертификации продукции, подлежащих обязательной сертификации осуществляет руководитель уполномоченного органа по вопросам таможенного дела и руководитель органа в области оценки соответствия.
27. Таможенные оформители и ответственные сотрудники уполномоченного органа в сфере оценки соответствия обязаны производить процедуру принятия и предоставления сертификат соответствия через систему «Единое окно».
28. В случае возникновения непредвиденных (форсмажорных) обстоятельств в системе «Единое окно», работа по обязательной сертификации до их устранения временно будет осуществляться на бумажном носителе.
29. Лица, нарушающие требования настоящего Порядка, несут ответственность в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.