Барномаи миллӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028 аз 30 августи соли 2024, № 485

Санаи амалкуни: 30.08.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда


Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 августи соли 2024, № 485

 

Барномаи миллӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Барномаи миллӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028 (минбаъд – Барнома) бо мақсади ба танзим даровардан ва пешгирӣ намудани фаъолияте, ки бо хусусият ва ё шароитҳои худ метавонад ба саломатӣ ва бехатарии кӯдакон зарар расонад, ба монанди кор дар зери замин, зери об, дар баландии хатарнок, ҳангоми ҷоӣивазкунии мошинҳо, таҷҳизоту асбобҳо ва бо даст бардоштани борҳои вазнин, ё аз ҷое ба ҷоӣи дигар кашонидани онҳо, таъсири моддаҳои хатарнок дар ҷараёни кор, ҳарорат, ғавғову лаппиш, шиддатнокӣ ва омилҳои дигари зараровар таҳия гардидааст.

2. Барнома шароит фароҳам меорад, ки талаботи меъёрии давлатии ҳифзи меҳнат, муҳофизати ҳаёт ва саломатии кӯдакон дар ҷараёни муносибатҳои меҳнатӣ таъмин гардида, танзими масъалаҳои ҳифзи меҳнати онҳо тибқи нақшаҳои амалисозии Барнома ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ таҳти назорати доимӣ қарор гирад.

3. Барнома нишондиҳандаҳои асосии иҷрои уҳдадориҳои ҷумҳуриро аз рӯӣи талаботи санадҳои ҳуқуқии баӣналмилалӣ ва сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи меҳнати кӯдакон тибқи меъёри ягонаи ҳифзи меҳнати кӯдакон дар шароити иқтисоди бозаргонӣ дар бар гирифта, ба пешгирии корҳои шароиташон номусоид ё зараровар ҷалб намудани кӯдаконро дар ҳама корхонаҳои шакли гуногуни фаъолияти иқтисодидошта равона гардидааст.

2. ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИ МЕҲНАТИ КӮДАКОН ДАР ТОҶИКИСТОН ВА МУШКИЛОТИ АСОСӢ

4. Дар Тоҷикистон меҳнати кӯдакон тавассути гузаронидани таҳқиқот арзёбӣ карда мешавад. Таҳқиқоти омории охир соли 2012 гузаронида шуд.

5. Дар соли 2023 аз ҷониби Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи «Дастгирии техникӣ дар бахшҳои маориф ва меҳнат» чунин таҳқиқот анҷом дода шуд.

Таҳқиқоти мазкур меҳнати кӯдакон, кори оилавӣ ва хонагии онҳоро фаро гирифт.

...
Приложение 1 
к постановлению Правительства 
Республика Таджикистан 
от «30» августа 2024 года, №485

Национальная программа по искоренению наихудших форм детского труда в Республике Таджикистан на 2024-2028 годы

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Национальная программа по искоренению наихудших форм детского труда в Республике Таджикистан на 2024-2028 годы (далее – Программа) разработана в целях регулирования и предотвращения деятельности, которая по своему характеру и условиям может причинить вред здоровью и безопасности детей, например работа под землей, под водой, на опасной высоте, при перемещении машин, оборудования и инструментов, подъеме тяжелых грузов вручную или перемещении их из одного места в другое, воздействия опасных веществ в процессе работы, температур, шума и вибрации, напряжения и других вредных факторов.

2. Программа создает условия, чтобы обеспечить требования государственных нормативных требований охраны труда, защиты жизни и здоровья детей в ходе трудовых отношений и нахождения под постоянным контролем соответствующих государственных органов регулирования вопросов их охраны труда в соответствии с планами реализации Программы и нормативными правовыми актами Республики Таджикистан.

3. Программа охватывает основные показатели выполнения обязательств республики в соответствии с требованиями международных правовых документов и политики Правительства Республики Таджикистан в направлении охраны детского труда и направлена на предотвращение вовлечения детей в условия неблагоприятного или вредного труда согласно единому регламенту охраны детского труда в экономических условиях рынка на всех предприятиях, осуществляющих различные формы экономической деятельности.

 

2. АНАЛИЗ СИТУАЦИИ ДЕТСКОГО ТРУДА В ТАДЖИКИСТАНЕ И ОСНОВНЫЕ ПРОБЛЕМЫ

4. В Таджикистане детский труд оценивается путем проведения исследований. Последнее статистическое исследование проводилось в 2012 году.

5. В 2023 году Государственным учреждением «Научно-исследовательский институт труда, миграции и занятости населения» Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан было проведено исследование в рамках проекта «Техническая поддержка в сферах образования и труда». Настоящее исследование охватило детский труд, их работу в семье и на дому.

6. В ходе данного исследования был проведен опрос 6000 домохозяйств с охватом 11850 детей в возрасте 5-17 лет на уровне регионов республики.

...