ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар хусуси лоиҳаи Созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии шаҳрсозӣ ва меъмории Ҷумҳурии Озарбойҷон
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 28 августи соли 2024, № 469
Лоиҳа
СОЗИШНОМА дар бораи ҳамкорӣ байни Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии шаҳрсозӣ ва меъмории Ҷумҳурии Озарбойҷон
Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии шаҳрсозӣ ва меъмории Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки минбаъд «Тарафҳо» номида мешаванд,
бо дарназардоште, ки ҳамкорӣ дар соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон ба фароҳамоварии шароити муфид барои ташкилотҳои лоиҳакашӣ ва сохтмонии ду кишвар мусоидат хоҳад кард,
бо изҳори азм дар таъмини ҳимояи баробари ҳуқуқ, манфиатҳо ва молу мулки субъектҳои фаъолияти сохтмонии Тарафҳо,
ба мувофиқаи зерин расиданд:
...