Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Италия оид ба бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда


бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон 
аз 28 августи соли 2024, № 467
тасдиқ шудааст

 

Тарҷумаи ғайрирасмӣ

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Италия оид ба бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Италия, ки минбаъд "Тарафҳо" номида мешаванд,

бо мақсади густариши муносибатҳои дуҷониба;

бо дар назар доштани ҳавасмандӣ ба таҳкими муносибатҳои мавҷудаи дӯстона ва мусоидат ба рафту омади шаҳрвандони ҳар ду кишвар-дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ;

ба мувофиқаи зерин расиданд:

Моддаи 1 

Шаҳрвандони Тарафҳо - дорандагони шиносномаҳои эътиборноки дипломатӣ, ки дар ҳудуди Тарафи дигар аккредитатсия нашудаанд, метавонанд ба ҳудуди Тарафи дигар бе дастрасии раводид ба муҳлати на зиёда аз 90 (навад) рӯз ворид, хуруҷ, ба таври транзитӣ убур ва будубош намоянд. Ин озодкунӣ барои як давраи мувофиқ ё фосилаи навад 90 (навад) рӯз дар давоми 180 (яксаду ҳаштод) рӯз аз рӯзи ворид шудан ба ҳудуди Тарафи қабулкунанда эътибор дорад.

Барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳлати 90 (навад) рӯз аз рӯзи аввали воридшавӣ ба минтақаи Шенген оғоз мегардад.

Моддаи 2

Созишномаи мазкур аъзои намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулӣ, инчунин намояндагони созмонҳои байналмилалие, ки дар ҳудуди Тарафи дигар ҷойгиранд, ҳамзамон аъзои оилаи онҳоро, ки шиносномаҳои дипломатӣ доранд, аз гирифтани раводид барои аккредитатсия дар назди Тарафи қабулкунанда озод намекунад.

Пас аз аккредитатсия ва дар давраи фаъолияти онҳо шахсони дар қисми якуми моддаи мазкур зикргардида метавонанд бидуни раводид ба ҳудуди Тарафи дигар ворид, ба таври транзитӣ убур, истиқомат ва онро тарк намоянд.

Моддаи 3

Шаҳрвандони Тарафҳо - дорандагони шиносномаҳои дар моддаҳои 1 ва 2 Созишномаи мазкур дарҷгардида метавонанд тавассути ҳамаи нуқтаҳои гузаргоҳҳои сарҳади байналмилалӣ ба ҳудуди Тарафи дигар ворид ё хориҷ гарданд.

Моддаи 4

Созишномаи мазкур шаҳрвандони Тарафҳо - дорандагони шиносномаҳои дар моддаҳои 1 ва 2 зикргардидаро аз эҳтироми қонунгузории миллии амалкунандаи Тарафи дигар озод намекунад.

Моддаи 5

Созишномаи мазкур ба ҳуқуқи мақомоти салоҳиятдори ҳар ду Тараф оид ба рад кардани вуруд ё будубоши шахсоне, ки дар ҳудуди давлати қабулкунанда номатлуб ҳисобида мешаванд, таъсир намерасонад.

Моддаи 6

Бо мақсади таъмини амнияти миллӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ, ҳар як Тараф хуқуқ дорад амали Созишномаи мазкурро пурра ё қисман боздорад.

Қарор дар бораи боздоштан ба Тарафи дигар тавассути роҳҳои дипломатӣ огоҳонида мешавад.

Боздошти амали Созишномаи мазкур ба ҳуқуқи шаҳрвандони дар моддаҳои 1 ва 2 ин Созишнома зикргардида, ки дар ҳудуди Тарафи дигар қарор доранд, таъсир намерасонад.

Моддаи 7

Намунаи шиносномаҳои дипломатии аз ҷониби Тарафҳо таҳияшуда замимаҳои техникии Созишномаи мазкур мебошанд.

Тарафҳо метавонанд тавассути мубодилаи ёддоштҳо ба замимаҳои техникӣ тағйирот ворид намоянд, ки он дар рӯзи қабули ёддошти ҷавобӣ эътибор пайдо мекунад.

Моддаи 8

Бо розигии мутақобилаи Тарафҳо ба Созишномаи мазкур метавонад тағйирот ворид карда шавад. Тағйироти зикргардида қисми ҷудонашавандаи Созишномаи мазкур дониста шуда, тибқи муқаррароти моддаи 11 эътибор пайдо мекунад.

Моддаи 9

Ҳама гуна баҳсҳое, ки аз тафсир ва/ё татбиқи муқаррароти Созишномаи мазкур бармеоянд, бо роҳи машварат ва гуфтушунидҳо байни Тарафҳо тавассути роҳҳои дипломатӣ ҳаллу фасл карда мешаванд.

Моддаи 10

Созишномаи мазкур мутобиқи қонунгузории татбиқшавандаи байналмилалӣ ва барои Тарафи Италия аз уҳдадориҳое, ки аз узвият дар Иттиҳоди Аврупо бармеояд, амалӣ мегардад.

Моддаи 11

Созишномаи мазкур дар рӯзи 30 (сиюми) пас аз гирифтани дуюмин огоҳинома, ки дар он Тарафҳо ба якдигар аз анҷоми расмиёти дохилии худ ва эътибор пайдо кардани Созишнома иброз менамоянд, эътибор пайдо мекунад.

Созишномаи мазкур ба муҳлати номуайян эътибор дошта, то лаҳзаи қатъ шудан мутобиқи қисми сеюми моддаи мазкур амал мекунад.

Ҳар яке аз Тарафҳо метавонад дар ҳар лаҳза бо ирсоли огоҳинома тавассути роҳҳои дипломатӣ ба Тарафи дигар амали Созишномаи мазкурро қатъ намояд. Созишномаи мазкур пас аз навад 90 (навад) рӯз аз санаи гирифтани огоҳинома дар бораи қатънамоӣ бекор мегардад.


Барои тасдиқ намудан зеримзокунандагон ба таври дахлдор ваколатдор шуда, Созишномаи мазкурро имзо намуданд.


Созишномаи мазкур 23 апрели соли 2024 дар шаҳри Рим дар ду нусхаи асл бо забони англисӣ ба имзо расид.

Аз тарафи Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз тарафи Ҳукумати

Ҷумҳурии Италия



Утверждено
постановлением Правительства
Республики Таджикистан
от 28 августа 2024 года №467

 Соглашение между Правительством Республики Таджикистан и Правительством Итальянской Республики о взаимной отмене визовых требований для владельцев дипломатических паспортов 

Прилагается на тадж.яз