Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистоназ 28 августи соли 2024, № 465 "Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ»"

Санаи амалкуни: 28.08.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ»

Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июни соли 2024, №2278 «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ»-ро баррасӣ намуда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Хулосаи замимагардидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ» ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, аз 28 августи соли 2024, № 465


Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 августи соли 2024, № 465

 Хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ»

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ»-ро, ки бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июни соли 2024, №2278 барои додани хулоса ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, мавриди баррасӣ қарор дода, ба он пешниҳоди зеринро манзур менамояд:

1) муқаддима таҷдиди назар гардида, тибқи моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мақсади қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ» нишон дода шавад;

2) банди 1) моддаи 1 бинобар нопурра ва номукаммал будан таҷдид карда шуда, бандҳои 2) ва 8) моддаи мазкур дар иртибот бо Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ» таҷдид карда шаванд. Омӯзиш нишон дод, ки мафҳумҳои дар моддаи мазкур овардашуда коста, нопурра ва такмилталаб буда, дар мухолифат бо якдигар қарор доранд, ки ин дар маҷмуъ ба мазмуни матн таъсир расондааст;

3) моддаи 6 бинобар номутобиқатии ном ба матни модда таҷдиди назар карда шуда, намудҳои соҳибкории иҷтимоӣ ба таври мушаххас пешбинӣ карда шавад;

4) моддаи 8 хориҷ карда шавад, зеро гурӯҳҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазири аҳолӣ категорияҳои ивазшаванда буда, ба мақсад мувофиқ аст, ки онҳо тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шаванд;

5) дар банди 3) моддаи 9 калимаҳои «барномаҳои давлатӣ» ба калимаҳои «ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ» иваз карда шаванд;

6) ба Қонуни мазкур моддаи алоҳида илова гардида, дар он ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи соҳибкории иҷтимоӣ муайян карда шавад, зеро тибқи банди 3) моддаи 10 лоиҳаи Қонуни мазкур мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи соҳибкории иҷтимоӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардида, ваколатҳои он бе танзими ҳуқуқӣ мемонад;

7) матни моддаи 11 таҷдиди назар карда шавад, зеро масъалаҳоеро дар бар мегирад, ки бештар ба ваколати мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи соҳибкории иҷтимоӣ мансуб мебошанд;

8) моддаҳои 12 ва 23 дар иртибот бо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ», «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» ва «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» таҷдиди назар карда шаванд;

9) моддаи 15 дар иртибот бо Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва банди 2) моддаи 1 лоиҳаи Қонуни мазкур хориҷ карда шавад;

10) моддаи 16 дар иртибот бо талаботи Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» бознигарӣ карда шавад;

11) банди 2) қисми 1 моддаи 25 хориҷ карда шавад, зеро кумаки молиявӣ (субсидия) маблағҳои буҷетие мебошанд, ки ба буҷети сатҳи дигари низоми буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо шарти маблағгузории ҳиссавии хароҷоти мақсаднок дода мешавад.

Бояд зикр кард, ки дар лоиҳаи Қонуни мазкур мақсади асосии қабули он, фарқияти соҳибкории иҷтимоӣ аз дигар шакли соҳибкорӣ, имтиёзҳо барои соҳибкорони иҷтимоӣ ва сарчашмаи маблағгузорӣ барои ин намуди соҳибкорӣ ба таври дақиқ нишон дода нашуда, мувофиқи мақсад аст, ки дар иртибот бо таклифу пешниҳодҳои болозикр такмил дода шавад.

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О представлении заключения Правительства Республики Таджикистан к проекту Закона Республики Таджикистан «О социальном предпринимательстве»

Рассмотрев постановление Совета Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан от 10 июня 2024 года, №2278 «О проекте Закона Республики Таджикистан «О социальном предпринимательстве», Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

Представить на рассмотрение Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан прилагаемое заключение Правительства Республики Таджикистан к проекту Закона Республики Таджикистан «О социальном предпринимательстве».

Председатель Правительства Республики Таджикистан    Эмомали Рахмон

г.Душанбе от 28 августа 2024 года №465

Прилагается на тадж.яз