Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 2024, № 462 "Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти органикӣ»"

Санаи амалкуни: 28.08.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти органикӣ»

 

Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2024, №2236 «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти органикӣ»-ро баррасӣ намуда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Хулосаи замимагардидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти органикӣ» ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, аз 28 августи соли 2024, № 462

Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 августи соли 2024, № 462


Хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти органикӣ»

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти органикӣ»-ро, ки бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2024, №2236 барои додани хулоса ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, мавриди баррасӣ қарор дода, вобаста ба он таклифҳои зеринро пешниҳод менамояд:

1) дар муқаддима калимаҳои «муайян» ва «системаи» мувофиқан ба калимаҳои «муқаррар» ва «низоми» иваз карда шаванд;

2) дар моддаи 1:

- бандҳои 2) ва 3) бо дар назар дошти самтҳои истеҳсолоти органикӣ, ки дар моддаи 5 лоиҳаи Қонуни мазкур пешбинӣ шудааст, мукаммал карда шавад;

- дар банди 4) калимаи «бо» ба калимаи «ба» иваз карда шавад;

- дар банди 5) ва тамоми матн калимаи «системаи» ба калимаи «низоми» иваз карда шавад;

- банди 7) дар таҳрири зерин ифода карад шавад:

«7) субъекти хоҷагидорӣ дар соҳаи истеҳсолоти органикӣ-соҳибкори инфиродӣ ва шахси ҳуқуқие, ки истеҳсол ва гардиши маҳсулоти органикиро амалӣ менамояд;»;

3) моддаи 4 бознигарӣ карда шавад, зеро муқаррароти пешниҳодгардида моҳиятан принсип намебошад;

4) моддаи 5 дар иртибот ба эрод нисбат ба бандҳои 2) ва 3) моддаи 1 лоиҳаи Қонуни мазкур таҷдид карда шавад;

5) дар моддаи 6:

- банди 1) қисми 1 коста таҳия гардида, таҷдид карда шавад;

- дар банди 2) қисми 1 калимаи «бо» ба калимаи «ба» иваз карда шавад;

- қисмҳои 2 ва 3 бинобар танзими мавзуи моддаи 6 набудан хориҷ ва ё муқаррароти асосии он дар дигар моддаи танзимкунандаи лоиҳаи Қонуни мазкур пешбинӣ карда шавад;

6) дар моддаи 7:

- аз банди 1) калимаи «таъмини» хориҷ карда шавад;

- дар банди 2) калимаи «қабули» ба калимаи «тасдиқи» иваз карда шавад;

- банди 3) таҷдид гардида, номи санади меъёрии ҳуқуқии қабулшаванда дақиқ пешбинӣ шавад;

- банди 5) хориҷ карда шавад, зеро дар лоиҳаи Қонуни мазкур муносибатҳои асосӣ вобаста ба бақайдгирӣ ва баҳисобгирии субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ дар соҳаи истеҳсолоти органикӣ бе танзим монда, дар як вақт зарурати он дида намешавад;

- дар моддаи мазкур масъалаҳои муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи истеҳсолоти органикӣ пешбинӣ шавад;

7) дар моддаи 8:

- қисми 1 бинобар мавзуи танзими моддаи мазкур набудан ва ба миён овардани номутобиқатӣ бо номи модда хориҷ карда шавад;

- қисми 2 таҷдид гардида, ваколатҳо ба таври мушаххас дар иртибот ба фаъолияти низомномавии мақомоти дахлдор пешбинӣ карда шавад, зеро ваколатҳо ба таври умумӣ пешбинӣ гардида, дар амалия гуногунфаҳмиро ба миён меорад ва боиси татбиқи нодуруст мегардад. Ҳамзамон номи санади меъёрии ҳуқуқии таҳияшаванда дақиқ пешбинӣ шавад;

8) моддаҳои 9-14 дар иртибот бо эрод нисбат ба моддаи 8 лоиҳаи Қонуни мазкур бознигарӣ карда шавад;

9) дар моддаи 15:

- дар банди 2) қисми 2 калимаи «татбиқшудаи» ба калимаи «истифодашудаи» иваз карда шавад;

- аз банди 6) қисми 2 калимаи «чунин» хориҷ карда шавад;

10) қисми 1 моддаи 16 дар иртибот бо эродҳо нисбат ба банди 3) моддаи 7 ва қисми 2 моддаи 8 хориҷ гардида, дар он вобаста ба танзими муносибат оид ба воридот ва содироти маҳсулоти органикӣ муқаррароти меъёрии дахлдор пешбинӣ карда шавад;

11) дар моддаи 17:

- дар банди 1) қисми 2 калимаҳои «сармоягузории ватанию хориҷӣ» ба калимаи «маблағгузорӣ» иваз карда шавад;

- дар банди 2) қисми 2 калимаи «татбиқи» ба калимаи «амалисозии» иваз карда шавад;

12) дар моддаи 18:

- дар банди 1) қисми 2 калимаи «соҳа» ба калимаҳои «соҳаи истеҳсолоти органикӣ» иваз карда шаванд;

- банди 2) қисми 2 дар иртибот бо қисми муқаддимавӣ мукаммал карда шавад;

13) моддаи 19 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«Моддаи 19. Ҳалли баҳсҳо дар соҳаи истеҳсолоти органикӣ

Баҳсҳо дар соҳаи истеҳсолоти органикӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд.»;

14) дар моддаи 21 сарчашмаҳои интишори расмӣ дуруст нишон дода шаванд.

Ҳамзамон ба мақсад мувофиқ аст, ки дар як вақт дар лоиҳаи Қонуни мазкур муносибатҳо вобаста ба пешбурди феҳристи давлатии маҳсулоти органикӣ, расмиёти додани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта барои пешбурди фаъолият дар соҳаи истеҳсолоти органикӣ ва амалӣ намудани назорати фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ дар соҳаи истеҳсолоти органикӣ ба танзим дароварда шуда, он дар доираи гурӯҳи корӣ бо ҷалби намояндагони вазорату идораҳои дахлдор такмил дода шавад.

Правительство Республики Таджикистан

Постановление


О представлении заключения Правительства Республики Таджикистан к проекту Закона Республики Таджикистан «Об органическом производстве»

Рассмотрев постановление Совета Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан от 27 мая 2024 года, №2236 «О проекте Закона Республики Таджикистан «Об органическом производстве», Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

Представить на рассмотрение Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан прилагаемое заключение Правительства Республики Таджикистан к проекту Закона Республики Таджикистан «Об органическом производстве».


Председатель Правительства Республики Таджикистан   Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 28 августа 2024 года №462

Прилагается на тадж.яз