Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 2024, № 473 "Дар бораи Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази васлу насби автомобилҳои оташнишонӣ»"

Санаи амалкуни: 28.08.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази васлу насби автомобилҳои оташнишонӣ»

Мутобиқи моддаи 122 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи корхонаҳои давлатӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази васлу насби автомобилҳои оташнишонӣ» таъсис дода шавад.
  2. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва молиявии Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази васлу насби автомобилҳои оташнишонӣ»-ро тибқи тартиби қонунгузорӣ ҳал намояд.
  3. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби биноҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмин намудани корхона бо утоқҳои корӣ чораҷӯйӣ намояд.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, аз 28 августи соли 2024, № 473


ПРАВИТЕЛЬСТВО РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Государственном унитарном предприятии «Сборочный центр пожарных автомобилей»

В соответствии со статьей 122 Гражданского кодекса Республики Таджикистан и статьей 5 Закона Республики Таджикистан «О Государственных предприятиях» Правительство Республики Таджикистан постановляет:

  1. Создать Государственное унитарное предприятие «Сборочный центр пожарных автомобилей».
  2. Минисгерству внутренних дел Республики Таджикистан в соответствии с законодательством решить организационно-правовые и финансовые вопросы Государственного унитарного предприятия «Сборочный центр пожарных автомобилей».
  3. Министерству внутренних дел Республики Таджикистан совместно с Государственным комитетом по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан принять меры по обеспечению предприятия рабочими кабинетами за счёт зданий Министерства внутренних дел Республики Таджикистан.

Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г. Душанбе, от 28 августа 2024 года, № 473