ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи қарори Кумитаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистика дар соли 2024
Мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қарори Кумитаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистика дар соли 2024 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 24 августи соли 2024, № 456
Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 24 августи соли 2024, № 456
ҚАРОРИ Кумитаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистикаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
13 июни соли 2024 шаҳри Душанбе
I. Қарори комиссияи ҳисоби овозҳои маҷлиси умумии ҳайати Кумита тасдиқ карда шавад.
II. Дар натиҷаи овоздиҳии пинҳонии аъзои Кумитаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистикаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соли 2024 довталабони зерин ғолибони озмун дониста шаванд:
Дар бахши адабиёт
Шоир Рустам Ваҳҳобзода – барои маҷмуаи шеърҳои «Қаламрави меҳр».
Дар бахши театр ва синамо
Коргардон Носир Саидов, муаллифи сенария Сафар Ҳақдод, наворбардор Георгий Дзалаев, оҳангсоз Далер Назаров ва офарандагони нақшҳои асосӣ - Надежда Муҳаммадҷонова, Зулфия Қодирова, Мавлонбибӣ Наҷмиддинова ва Абдукарими Машраб – барои филми ҳунарии «Роҳ».
Дар бахши мусиқӣ ва ҳунарнамоӣ
Ҷӯрахон Обидпур – барои «Луғатномаи тафсирии истилоҳоти мусиқӣ».
Дар бахши санъати тасвирӣ ва меъморӣ
Самӣ Азизиён – барои асари меъмории «Тахти тоҷикон» дар маҷмааи «Майдони Истиқлол».
Дар бахши эҷодиёти бадеӣ барои кӯдакон ва наврасон
Нависанда Равшан Махсумзод – барои маҷмуаи қисса ва ҳикояҳои «Кафшергар».
Дар бахши публитсистика
Абдураҳмон Абдуманнон – барои маҷмӯаи очерк, мусоҳиба ва мақолаҳои публитсистии «Аз дирӯз ва имрӯзи адабиёти тоҷик».
Дар бахши тарҷума, пажӯҳиш ва тарғиби адабиёти тоҷик
дар мамлакатҳои хориҷӣ:
Иосиф Брагинский – барои силсилаи асарҳои адабиётшиносӣ, чопи осори адибони тоҷик дар нашриётҳои Россия ва Аврупо ва тарғиби собитқадамонаи асарҳои адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик.
III. Қарори мазкур тибқи тартиби муқарраргардида барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Раиси Кумита Дилрабо Мансурӣ
Котиби масъул Ибодулло Машраб
Правительство Республики Таджикистан
Постановление
Об утверждении решения Комитета по Государственным премиям Республики Таджикистан имени Абуабдулло Рудаки в области литературы, искусства, архитектуры и журналистики в 2024 году
В соответствии со статьей 17 конституционного Закона Республики Таджикистан «О Правительстве Республики Таджикистан» Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:
Утвердить решение Комитета по Государственным премиям Республики Таджикистан имени Абуабдулло Рудаки в области литературы, искусства, архитектуры и журналистики в 2024 году (прилагается).
Председатель Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 24 августа 2024 года №456
Прилагается на тадж.яз