ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи қарори комиссияи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ
Мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қарори комиссияи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар бораи бо Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2024 сарфароз гардонидани олимони ҷавоне, ки дар соҳаи илм ва техника корҳои намоён анҷом додаанд, тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 24 августи соли 2024, № 455
Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 24 августи соли 2024, № 455
...