Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 августи соли 2024, № 454 "Оид ба тасдиқи қарори комиссияи ҷумҳуриявии Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ"

Санаи амалкуни: 24.08.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

  ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Оид ба тасдиқи қарори комиссияи ҷумҳуриявии Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ

Мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қарори комиссияи ҷумҳуриявии Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соли 2024 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон              Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 24 августи соли 2024, № 454

Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 24 августи соли 2024, №454

Қарори комиссияи ҷумҳуриявии Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ

1 августи соли 2024                         №1                               ш. Душанбе

Мутобиқи банди 22 Низомномаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, ки бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 ноябри соли 2020, № 621 ва аз 26 июли соли 2023, № 294 тасдиқ шудааст, Комиссияи ҷумҳуриявии Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ қарор мекунад:

  1. Бо Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соли 2024 шахсони зерин сарфароз гардонида шаванд:

1) шахсоне, ки дараҷа ва унвони илмӣ доранд:

Мирзорахимзода Муродали Хасанбой – номзади илмҳои физика–математика, дотсент, мудири кафедраи илмҳои табиатшиносӣ-риёзии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Музафарзода Даврон Маҳмадшариф – номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсент, мудири кафедраи агротехнологияи Донишгоҳи давлатии Данғара;

Яминзода Заррина Акрам – доктори илмҳои техникӣ, дотсент, декани факултети муштараки Донишгоҳи давлатии Полотски Ҷумҳурии Беларус ва Донишгоҳи технологии Тоҷикистон;

Низомзода Зиёвуддин – номзади илмҳои физика–математика, дотсент, мутахассиси пешбари Институти илмию таҳқиқотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;

Ҳасанзода Нозимшо Назокатшо – доктори илмҳои меъморӣ, профессори кафедраи меъмории биноҳо ва иншооти Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ;

Раҷабзода Лутфия Нусрат – доктори илмҳои физика–математика, профессор, мудири кафедраи таҳлили математикӣ ва назарияи функсияҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;


  1. омӯзгорони муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ ва ибтидоии касбӣ:


Муродзода Зафар Олимҷон - омӯзгори фанни технологияи иттилоотии Муассисаи давлатии таълимии Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе;

Холиқзода Муазам Худойназар – омӯзгори фанни математикаи Муассисаи давлатии таълимии литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе;

Хушолбекзода Лоиқ Хушвақт – омӯзгори фанни математикаи Муассисаи давлатии таълимии литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хоруғ;

Аваззода Гулнар Ражаб – омӯзгори фанни физикаи Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Кӯшониён;

Комрони Пулодзод – омӯзгори фанни физикаи Муассисаи таълимии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб»;

Ҳасанзода Мурод Рустам – омӯзгори фанни химияи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ;

Қосимзода Зебоҷон Абдуқодир – омӯзгори фанни математикаи Муассисаи давлатии таълимии миёнаи умумии «Литсейи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд»;

Саидзода Зафар Юлдош - омӯзгори фанни физикаи Муассисаи давлатии таълимии Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе;

Мансурзода Ҳасан Мансур – омӯзгори фанни технологияҳои иттилоотии Муассисаи давлатии таълимии махсусгардонидашудаи хонандагони болаёқати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.

2. Қарори комиссияи ҷумҳуриявии Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ҷиҳати тасдиқ ва сарфарозгардонӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.


Раиси комиссияи ҷумҳуриявии
Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ,
дақиқ ва риёзӣ                                           Раҳим Саидзода

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

Об утверждении решения республиканской комиссии Государственной премии Республики Таджикистан для учёных и преподавателей естественных, точных и математических дисциплин

В соответствии со статьей 17 конституционного Закона Республики Таджикистан «О Правительстве Республики Таджикистан» Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

Утвердить решение республиканской комиссии Государственной премии Республики Таджикистан для учёных и преподавателей естественных, точных и математических дисциплин в 2024 году (прилагается).

Председатель Правительства Республики Таджикистан            Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 24 августа 2024 года №454

Прилагается на тадж.яз