ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ҷудо намудани қарзи бефоиз ба андозаи 50,0 млн. сомонӣ ба Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хариди гандуми истеъмолӣ аз дохили ҷумҳурӣ
Мутобиқи моддаи 22 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
- аз ҳисоби маблағҳои Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт ба Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хариди гандуми истеъмолӣ аз дохили ҷумҳурӣ қарзи бефоиз ба андозаи 50000000 (панҷоҳ миллион) сомонӣ ба муҳлати 1 (як) сол ҷудо намояд;
- бо Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаи қарзиро ба имзо расонад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 24 августи соли 2024, № 453
...