СОЗИШНОМАИ САРМОЯГУЗОРӢ БАЙНИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҶАМЪИЯТИ ДОРОИ МАСЪУЛИЯТИ МАҲДУДИ «ВЕНА» ОИД БА ИСТИХРОҶ ВА КОРКАРДИ АНГИШТ АЗ ҚАБАТИ 6в-И МАЙДОНИ ШАРҚИИ КОНИ АНГИШТИ ФОН-ЯҒНОБИ НОҲИЯИ АЙНИИ ВИЛОЯТИ СУҒД
бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
тасдиқ шудааст.
Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ВЕНА» (минбаъд Тарафҳо) оид ба истихроҷ ва коркарди ангишт аз қабати 6в-и майдони Шарқии кони ангишти Фон-Яғноби ноҳияи Айнии вилояти Суғд (минбаъд - созишномаи сармоягузорӣ) бо мазмуни зерин ба имзо расонида шуд:
1.ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (минбаъд - Ҳукумат) дар шахси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - мақоми ваколатдори давлатӣ); ва
2.ҶАМЪИЯТИ ДОРОИ МАСЪУЛИЯТИ МАҲДУДИ «ВЕНА» (минбаъд - ҶДММ “ВЕНА”), ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, амал мекунад;
МУҚАДДИМА
- бо дар назар доштани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ»;
- бо эътирофи он, ки низоми имтиёзҳо ва кафолатҳои дар созишномаи сармоягузории мазкур пешниҳодгардида сармоягузориҳои хусусӣ ва рушди иқтисодиётро ҳавасманд гардонида, ба афзоиши захираҳои иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ мусоидат менамояд;
- бо мақсади анҷом додани фаъолияти якҷояи истеҳсолӣ ва дар ин замина рушд додани соҳаи саноат, инчунин воридоти технологияи муосир, ҷалби сармоягузориҳои мустақими дохилӣ ва хориҷӣ, инчунин таъсиси ҷойҳои нави кории доимӣ;
- бо дар назар доштани он, ки ҶДММ «ВЕНА» бо истифода аз технологияҳои пешқадам, таҷҳизоти муосир ва омода намудани мутахассисони баландтахассус бо мақсади истихроҷ ва коркарди ангишт ва ба ин васила барои қонеъ намудани талаботи кишвар саҳмгузорӣ менамояд;
- бо дар назар доштани уҳдадориҳои мутақобила, ки дар Созишномаи сармоягузории мазкур муқаррар гардидаанд, Ҳукумат ва Сармоягузор (ки дар маҷмуъ «Тарафҳо» ва дар алоҳидагӣ «Тараф» номида мешаванд) ба мувофиқаи зерин расиданд:
МОДДАИ 1 ИСТИЛОҲОТ ВА МАФҲУМҲО
Дар созишномаи сармоягузории мазкур истилоҳот ва мафҳумҳои зерин истифода мешаванд:
- созишномаи сармоягузорӣ - созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сармоягузор оид ба амалисозии лоиҳаи баимзорасонидашуда (бо тағйиру иловаҳои минбаъдаи он);
- лоиҳа – лоиҳаи сармоягузорӣ оид ба истихроҷ ва коркарди ангишт аз қабати 6в-и майдони Шарқии кони ангишти Фон-Яғноби ноҳияи Айнии вилояти Суғд;
- Сармоягузор – Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ВЕНА»;
- мақомоти ваколатдори давлатии дахлдор – ҳамаи вазоратҳо, кумитаҳо, агентиҳо, хадамотҳо, ташкилотҳо, муассисаҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки дар амалисозии лоиҳа алоқамандии бевосита ва уҳдадориҳо доранд:
- иҷозат - ҳамаи иҷозатҳои махсусе, ки (иҷозатномаҳо) барои амалӣ намудани фаъолияти мушаххас бо риояи ҳатмии шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ, ки онро мақомоти иҷозатномадиҳанда ба шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иҷозатномадиҳӣ медиҳад;
- истихроҷи ангишт - маҷмуи корҳо оид ба канда гирифтани ангишт аз қаъри замин;
- ҳамаи ҳуҷҷатҳои маъмурии дорои хусусияти иҷозатдиҳие, ки аз ҷониби мақомоти иҷозатдиҳанда ба шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкори инфиродӣ барои пешбурди фаъолият ё амали муайян дар намуди иҷозат, сертификат, хулоса, тасдиқи санад, мувофиқакунӣ, шаҳодатнома, аттестат, рухсатнома, бақайдгирӣ, супориш ва қарор, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ дода мешавад, инчунин ҳамаи дигар намуди ҳуҷҷатҳои иҷозатномавӣ, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд, аз ҷумла иҷозати кор ба шаҳрвандони хориҷиро дар бар мегирад;
- қонунгузории татбиқшаванда – ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таҷрибаи байналмилалӣ – амалияи пешрафтаи байналмилалӣ, усулҳо, стандартҳо ва расмиётҳое, ки ба муқаррароти созишномаи сармоягузории мазкур ва қонунгузории амалишаванда мухолифат намекунанд;
- тасдиқ – тасдиқ гардидани созишномаи сармоягузории мазкур аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи қонунгузории татбиқшаванда;
- шахс – шахси воқеӣ, ширкат, корпоратсия, хоҷагии ҷамъиятӣ, иттиҳодия, ҳукумат, давлат ё муассисаи давлатӣ, ассотсиатсия, ҷамъияти саҳомӣ, корхонаи муштарак, траст ва муассисаи дигар;
- имтиёзҳо – тибқи созишномаи сармоягузории мазкур пурра ва ё қисман озод кардан аз пардохти андозу пардохтҳои ҳатмие, ки қонунгузории андоз ва гумрук пешбинӣ менамояд;
- уҳдадориҳои давлат – ҳамаи уҳдадориҳо, вазифаҳо ва кафолатҳои Ҳукумат ё дигар мақоми ваколатдори давлатии дахлдор мувофиқи қонунгузории татбиқшаванда ё шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, ки (i) дар сана ё то санаи созишномаи сармоягузории мазкур баста шуда буданд, дода шудаанд ё ба миён омадаанд ва то ҳамон сана амал мекунанд ва (ii) баъд аз санаи созишномаи сармоягузории мазкур баста шудаанд ё ба миён омада, ба муқаррароти созишномаи сармоягузории мазкур мухолифат намекунанд;
- форс-мажор (ҳолати рафънопазир) – ҳодисае, ки аз Тарафҳо вобаста набуда, тағйироти заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, буҳрони иқтисодӣ, ҳолати фавқулодда, офатҳои табиӣ, амалиёти ҳарбӣ ва таҳдидҳои мустақими ҳуҷумро, ки метавонанд ба амалисозии лоиҳа таъсир расонанд, дар бар мегирад;
МОДДАИ 2 АМАЛИШАВИИ ЛОИҲА
2.1.Лоиҳа аз ҷониби Сармоягузор амалӣ карда мешавад.
2.2.Сармоягузор дар амалисозии лоиҳа бо Ҳукумат ва мақомоти ваколатдори давлатии дахлдор ҳамкорӣ менамояд.
2.3.Тибқи Созишномаи сармоягузории мазкур сармоягузор лоиҳаро дар давоми сол амалӣ менамояд ва Ҳукумат ба сармоягузор барои амалисозии лоиҳа мутобиқи қонунгузории татбиқшаванда мусоидат менамояд.
2.4.Сармоягузор барои амалисозии лоиҳа дорои захираҳои зарурии молиявӣ, технологӣ ва тахассусӣ мебошад.
2.5.Ҳукумат тибқи қонунгузории татбиқшаванда барои амалисозии самарабахши лоиҳа имтиёзҳо пешниҳод менамояд.
МОДДАИ 3 МАБЛАҒГУЗОРИИ ЛОИҲА
3.1.Сармоягузор ҳуқуқ дорад ҷалби маблағҳои заруриро барои маблағгузории лоиҳа бо истифода аз ҳама воситаҳои қонунӣ, аз ҷумла сармоягузорӣ ба сармояи оинномавӣ, иштирок дар сармояи дигар шахсон, истифодабарии манбаҳои худӣ, фоидаи софи аз фаъолияти корхонаи истеҳсолӣ, корхонаҳои муштарак ва/ё ҷамъиятҳои фаръӣ, филиал ва намояндагиҳои худ бадастоварда, ҷалби қарзи соҳибкорӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак бо шахсони сеюм ва/ё истифодабарии қарзҳое, ки аз ҷониби шахсони сеюм дода мешаванд, амалӣ намояд.
3.2.Барои амалисозии самараноки лоиҳа сармоягузор маблағгузории лоиҳаро пурра ва дар ҳаҷми зарурӣ анҷом медиҳад. Ҳаҷми умумии сармоягузориҳо барои татбиқи лоиҳа беш аз 10 (даҳ) млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
3.3.Маблағгузории лоиҳа инҳоро дар бар гирифта, вале маҳдуд намегардад:
- маблағгузории асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ ва лоиҳакашӣ;
- маблағгузории харидории техника ва технологияи зарурии истеҳсолӣ;
- маблағгузории бозомӯзии мутахассисони маҳаллӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ҷиҳати истифодаи техника ва технологияҳои муосир дар истеҳсолот.
3.4. Сармоягузор дар рафти амалисозии лоиҳа ҳуқуқ дорад шакли ташкилию ҳуқуқӣ, роҳбарият, молу мулки худро тағйир диҳад. Ҳукумат кафолат медиҳад, ки чунин тағйирёбӣ ба ҳуқуқҳо, озодкунӣ, имтиёзҳо ва кафолатҳое, ки ба сармоягузор мувофиқи созишномаи сармоягузории мазкур дода мешавад, инчунин ба низоми махсуси ҳуқуқӣ, аз ҷумла низоми махсуси андозӣ ва гумрукӣ, ки Созишномаи сармоягузории мазкур муқаррар намудааст, таъсир намерасонад.
3.6. Сармоягузор набояд таҳти ягон маҳдудияти ин ё он ҳуқуқҳо аз рӯи созишномаи сармоягузории мазкур қарор гирад. Сармоягузор ҳуқуқ дорад дар мавриди афзоиш ё коҳиш ёфтани хароҷот бо мувофиқаи Ҳукумат ҳаҷми сармоягузорӣ ва нишондиҳандаҳои иқтисодии лоиҳаро тағйир диҳад.
МОДДАИ 4 ИҶОЗАТҲОИ ЛОИҲАВӢ
4.1.Ҳукумат тавассути мақоми ваколатдори давлатӣ амал намуда, дар ҳамкорӣ бо мақомоти ваколатдори давлатии дахлдор тибқи муқаррароти Созишномаи сармоягузории мазкур ва қонунгузории татбиқшаванда ба сармоягузор иҷозатномаҳои барои амалишавии лоиҳа заруриро пешниҳод менамояд. Ҳукумат тибқи қонунгузории татбиқшаванда оид ба бақайдгирӣ, азнавбақайдгирӣ, иваз ё тамдиди муҳлати амали ҳамаи иҷозатномаҳои зарурии амалисозии самараноки лоиҳа чораҳои заруриро амалӣ менамояд, аз ҷумла:
-шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ нисбат ба лоиҳа, аз ҷумла хатҳои интиқоли барқ, коммуникатсия, ҳама намуди ҳуқуқҳои шайъӣ, ба монанди ҳуқуқи истифодаи хатти ҷудошуда ва дигар, ки ба лоиҳа алоқаманд ва зарур мебошанд, инчунин ҳуҷҷатҳое, ки ҳуқуқҳоро бе истисно ба қитъаҳои лоиҳавӣ ва лоиҳа тасдиқ мекунанд;
-иҷозатномаҳои зарурӣ, аз ҷумла хатҳои интиқоли барқ, гиреҳҳо, гузаронидани коммуникатсияҳои алоқаманд, инчунин гирифтани ҳамаи иҷозатномаҳо ва мувофиқаҳо бо мақомоти ваколатдори давлатии дахлдор вобаста ба лоиҳа;
-иҷозат барои истихроҷ ва коркард ангишт;
-иҷозат барои насб, истифодабарӣ ва таъминоти таҷҳизот;
-иҷозат барои ҷалби кормандони хориҷӣ, иҷозати корӣ, раводидҳои корӣ ё меҳнатӣ;
-иҷозат барои воридоти таҷҳизот, молу мавод ва молу мулки дигаре, ки барои амалисозии лоиҳа заруранд;
-мувофиқаҳо ва хулосаҳои мақомоти оташнишонӣ, хадамоти санитарӣ-эпидемиологӣ ва хулосаҳои ташхиси экологӣ;
-иҷозат ва хулосаҳои мақомоти ваколатдори давлатии дахлдор нисбат ба асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ ва ҳуҷҷатҳои дигари лоиҳавӣ- техникӣ (ҳангоми зарурат);
-иҷозат барои ташкили анбор дар ҳудуди амалисозии лоиҳа (ҳангоми зарурат);
-таъмини мунтазам бо неруи барқ дар ҳаҷми зарурӣ то ҳадди имкон бе маҳдудиятҳои мавсимӣ барои амалисозии лоиҳа дар доираи тарифҳои муқарраргардида;
-ҳуҷҷатҳои дигари зарурӣ барои амалисозии лоиҳа ва бевосита ба фаъолияти сармоягузор, ки ба амалисозии лоиҳа равона шудаанд.
4.2.Ҳукумат тавассути мақомоти ваколатдори давлатии дахлдор тибқи қонунгузории татбиқшаванда иҷозатномаҳои дар боло зикргардидаро дар ҳолати дархост шудан аз ҷониби сармоягузор иваз менамояд, аз нав тасдиқ мекунад ва тамдид менамояд.
4.3.Сармоягузор тамоми боҷу пардохтҳои ҳатмиро барои гирифтани иҷозатномаҳо тибқи қонунгузории татбиқшаванда мувофиқи меъёру усули дар санаи гирифтани ҳар як иҷозати лоиҳавӣ татбиқшаванда пардохт мекунад.
МОДДАИ 5 АСОСНОККУНИИ ТЕХНИКӢ-ИҚТИСОДӢ
5.1.Асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоиҳа тибқи қонунгузории татбиқшаванда дар мувофиқа бо Ҳукумат аз ҷониби Сармоягузор бо ҷалби мутахассисони маҳаллӣ ё хориҷӣ омода карда мешавад.
5.2.Асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ раванди технологӣ, талаботи истеҳсолӣ, муҳлат, самаранокии иқтисодӣ ва таъсири экологии лоиҳаро дар бар гирифта, тибқи қонунгузории татбиқшаванда ва таҷрибаи байналмилалӣ тартиб дода мешавад.
МОДДАИ 6 КУМАК ВА КАФОЛАТҲОИ ИЛОВАГӢ, КИ БА САРМОЯГУЗОР АЗ ҶОНИБИ ҲУКУМАТ ПЕШНИҲОД КАРДА МЕШАВАНД ВА ҲУҚУҚҲОИ МАХСУСИ ҲУКУМАТ
6.1. Ҳукумат эътироф мекунад ва розӣ ба он аст, ки дар давоми муҳлати амали Созишномаи сармоягузории мазкур ба Сармоягузор инҳо пешниҳод хоҳад шуд: (а) низоми мусоиди ҳуқуқии сатҳаш на пасттар аз сатҳи низоми ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии Тоҷикистон пешниҳодшуда ва (б) ҳуқуқу бартариҳое, ки ба ҳар як сармоягузори хориҷӣ ё корхонаи дорои иштироки хориҷӣ пешниҳод мешаванд.
6.2.Ҳукумат тамоми кӯшишҳои зарурӣ ва мақсадноки қобили қабулро, ки тибқи қонунгузории татбиқшаванда ҷиҳати ба Сармоягузор расонидани кумак барои аз Ҳукумат ва мақомоти ваколатдори давлатии дахлдор ба зудӣ гирифтани иҷозатномаҳои лоиҳавӣ, заминҳои ҷудошуда, ки бо сертификатҳои дахлдор барои ҳуқуқи заминистифодабарӣ тасдиқ шудаанд ва ҳамаи барасмиятдарориҳои зарурӣ, иҷозатҳо ва розигиҳо, қарорҳо, ҷонибдориҳо, озодкуниҳо, таъинот, иҷозатномаҳо, тағйир додани минтақабандӣ, маълумотномаҳо ва ҳуҷҷатҳо, воситаҳо ва навъҳои дигари онҳо ба харҷ медиҳад, инчунин тибқи қонунгузории татбиқшаванда кӯшишҳои зарурӣ ё мақсадноки қобили қабулро ба харҷ медиҳад, то ба Сармоягузор ҷиҳати босамар ва ба таври судманд амалӣ намудани лоиҳа кумак расонад.
6.3.Тибқи қонунгузории татбиқшаванда Ҳукумат ҳангоми зарурат ба паймонкорон, паймонкорони фаръӣ, муҳандисони лоиҳавӣ, муҳандисони мустақил ва ба ҳама гуна мутахассисон ва кормандони хориҷии ба ин ҳуқуқдоштаи Сармоягузор, ки тибқи ақидаи Сармоягузор барои амалисозии лоиҳа зарур мебошанд, раводидҳои дахлдор медиҳад.
6.4. Бо мақсади амалисозии самараноки Созишномаи сармоягузории мазкур, Ҳукумат мустақилона ва ё тавассути мақоми ваколатдори давлатӣ уҳдадор мешавад, ки:
a)риояи пурраи муқаррароти Созишномаи сармоягузории мазкурро аз ҷониби ҳамаи мақомоти ваколатдори давлатии дахлдори барои амалишавии лоиҳа масъул таъмин намояд;
б)бо дархости Сармоягузор нисбат ба мақоми ҳуқуқии Созишномаи сармоягузории мазкур ва муқаррароти ҷудогонаи он тасдиқоти хаттӣ пешниҳод намояд.
6.5.Ҳукумат иловатан барои Сармоягузор инҳоро тасдиқ менамояд ва кафолат медиҳад:
a)санадҳои Ҳукумат ва ё ягон мақоми ваколатдори давлатии дахлдорро, ки барои паст кардани арзиши маблағгузориҳои Сармоягузор равона гардидаанд, қабул намекунад;
б)молу мулки Сармоягузор мусодира ва миллӣ кунонида намешавад, ба истиснои амалишавии онҳо барои эҳтиёҷоти ҷамъиятӣ бо пардохти ҳатмии ҷуброн дар ҳаҷм ва мутобиқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
в)ҳуқуқи дар асоси шартнома амалӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ, интихоби контрагентҳо аз рӯи созишномаҳо ва объектҳои созишномаҳо, озодии муайянкунии уҳдадориҳои дахлдор ва ё ҳама гуна шартҳои дигари шартнома;
г)ҳуқуқи машғул шудан ба ҳама гуна шаклҳои фаъолияти тиҷоратӣ ва ҳуқуқ барои анҷом додани фаъолияти тиҷорати хориҷӣ ва амалиёти содиротию воридотӣ дар доираи мавзӯи лоиҳа, ки метавонанд барои мақсадҳои амалишавии лоиҳа лозим шавад;
ғ)ҳуқуқи бе ягон маҳдудият бо шартҳои имтиёзнок гирифтани ҳама гуна қарзҳо ва кафолатҳо, амонат ва уҳдадориҳои кафолатии монанд аз/ба бонкҳои маҳаллӣ ва хориҷӣ, ширкатҳо ва ташкилотҳо ё барасмиятдарории суғуртакунӣ дар ширкатҳои маҳаллӣ ва хориҷӣ дар доираи мавзӯи лоиҳа, ки метавонанд барои мақсадҳои амалишавии лоиҳа лозим шавад;
д)ҳуқуқи сармоягузорӣ намудан ва такроран сармоягузорӣ намудани фоидаи дар доираи лоиҳа бадастовардашуда, агар он барои мақсадҳои амалишавии лоиҳа зарур бошад.
6.6.Ҳукумат иловатан тасдиқ менамояд ва кафолат медиҳад, ки Сармоягузор ҳуқуқ дорад натиҷаҳои сармоягузориҳои худ, аз ҷумла сармоягузории такрорӣ ва амалиёти тиҷоратиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё берун аз ҳудуди он соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ намояд.
6.7.Ҳукумат ҳуқуқи Сармоягузорро барои мубодилаи озод ба ҳама гуна асъор, аз ҷумла ба хориҷи кишвар интиқол додани фоидаи софи он пас аз пардохт намудани андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ (ба истиснои ҳолатҳои дар Созишномаи сармоягузории мазкур пешбинигардида) кафолат медиҳад, аз ҷумла:
a)фоидаи Сармоягузор, ки дар натиҷаи фаъолияти Сармоягузор, инчунин фурӯши пурра ва қисмани ҳиссаҳо дар сармояи оинномавии ҷамъият, ки аз тарафи сармоягузор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалисозии лоиҳаи сармоягузорӣ таъсис дода шудааст ё пас аз анҷоми он ва ё пас аз барҳамдиҳии ҷамъият ба даст оварда шудааст;
б)фоидае, ки дар натиҷаи бегонакунии молу мулк ё ҳуқуқҳои дар рафти амалишавии лоиҳа ташкил ва ё ба таври дигар соҳибшудаи Сармоягузор ба даст оварда шудааст.
6.8.Ҳукумат кафолат медиҳад, ки агар лоиҳа бо сабабҳои ҳолатҳои форс-мажор (ҳолатҳои рафънопазир) ё иҷро нагардидани уҳдадориҳо аз тарафи Ҳукумат қатъ шавад, Сармоягузор ҳуқуқ дорад, ки дороиҳо ва молу мулкро ба муассисони худ ба таври оқилона баргардонад.
6.9.Ҳукумат кафолат медиҳад, ки Сармоягузор метавонад озодона фоидаи худро пас аз пардохт намудани андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба асъори хориҷӣ мубодила намояд ва чунин фоидаро ҳар вақт дар рафти амалисозии лоиҳа, новобаста аз тағйироти минбаъда дар қонунгузории татбиқшаванда, ба хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол намояд.
6.10.Илова ба ҳуқуқҳои дар муқаррароти дигари Созишномаи сармоягузории мазкур пешбинигардида Ҳукумат мустақилона ва ё тавассути мақоми ваколатдори давлатӣ амал намуда, ба инҳо ҳуқуқ дорад:
-назорати фаъолияти Сармоягузор дар доираи Созишномаи сармоягузории мазкур;
-аз Сармоягузор талаб намудани иҷрои муқаррароту меъёрҳои қонунгузории татбиқшаванда ва Созишномаи сармоягузории мазкур;
-аз Сармоягузор дархост намудани ҳисоботи даврӣ дар бораи амалишавии лоиҳа;
-ба Сармоягузор пешниҳод намудани тавсияҳо ва таклифҳо барои амалисозии самараноки лоиҳа.
МОДДАИ 7 АНДОЗҲО ВА ПАРДОХТҲО
7.1.Ба Сармоягузор ба муҳлати 5 (панҷ) сол аз санаи оғози фаъолияти низом, имтиёзи озод будан аз пардохти андоз аз бонуси обунавӣ ба андозаи 50 дарсади меъёри муқарраршуда пешниҳод карда мешавад.
7.2.Воридоти мол ва ашёи хоме, ки бевосита барои амалисозии лоиҳа истифода мешаванд, инчунин техника, таҷҳизоти истеҳсолию технологияҳои ёрирасон ва маснуоти васлшавандаи онҳо, ки бо мақсади амалисозии лоиҳа ворид карда мешаванд, дар давоми тамоми муҳлати созишномаи сармоягузорӣ аз пардохтҳои гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд. Номгӯй ва миқдори молҳои воридшаванда тибқи номгӯйи молии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ аз ҷониби Ҳукумат тасдиқ карда мешавад. Дар ҳолати зарурӣ дар давраи амалисозии лоиҳа Сармоягузор метавонад номгӯйи молҳои ба таври иловагӣ воридшавандаро барои тасдиқ ба Ҳукумат пешниҳод намояд.
7.3. Дар сурати мавҷуд будани молу маҳсулоти ватанӣ, ки арзиши онҳо дар қиёс ба молу маҳсулоти воридотӣ баробар ва/ё арзон буда, сифати онҳо ба талабот муқарраргардида ҷавобгӯ аст, инчунин таҳвилашон дар муҳлати ба Сармоягузор мувофиқ имконпазир мебошад, Сармоягузор дар амалисозии лоиҳа аз чунин молу маҳсулоти ватанӣ истифода мебарад.
7.4.Тағйиру иловаҳо ба қонунгузории андоз ва гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баъди имзои Созишномаи сармоягузории мазкур қабул гардида, вазъи амалисозии лоиҳаро вазнин мекунанд, дар давраи амали созишномаи сармоягузории мазкур ба Сармоягузор татбиқ намешаванд.
МОДДАИ 8 КИРО НАМУДАНИ ҲАЙАТИ КОРМАНДОН
8.1.Барои сохтмони объектҳои лоиҳа ва таъмини фаъолияти он сармоягузор аз хизматрасонии паймонкорон, паймонкорони фаръӣ ва кормандони дорои малакаи дахлдор, баландихтисос ва соҳибтаҷриба истифода мебарад. Дар давоми муҳлати амали Созишномаи сармоягузории мазкур на камтар аз 90 фоизи ҳисоби умумии кормандоне, ки тарҳрезӣ, сохтмон ва амалисозии лоиҳаро анҷом медиҳанд (новобаста аз он ки онҳо кормандони штатии Сармоягузор мебошанд ё не), бояд шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бошанд.
8.2.Сармоягузор ҳангоми зарурат барои иҷрои кор дар доираи созишномаи сармоягузории мазкур, аз ҷумла лоиҳакашӣ, сохтмон ва амалишавии лоиҳа ҳуқуқ дорад мутобиқи қонунгузории татбиқшаванда мутахассисонро аз ҳисоби шаҳрвандони хориҷӣ ҷалб намояд. Дар доираи имтиёзҳои пешниҳоднамудаи Ҳукумат кормандони хориҷӣ ҳуқуқи озод будан аз гирифтани иҷозати кор дар давраи амали Созишномаи сармоягузории мазкурро доранд.
8.3.Сармоягузор уҳдадор аст, ки сатҳи тахассуси кормандони маҳаллиро бо роҳи даъвати мутахассисони хориҷӣ ба истеҳсолот барои гузаронидани курсҳои таълимӣ, равон кардани кормандони маҳаллӣ ба семинару тренингҳо, курсҳои таълимӣ, курсҳои баланд бардоштани тахассус ҳам дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳам берун аз он такмил диҳад.
МОДДАИ 9 ИНТИҚОЛ, ХАРИДИ АСЪОРИ ХОРИҶӢ ВА ИХТИЁРДОРИИ ОН
Мутобиқи қонунгузории татбиқшаванда Ҳукумат бо он розӣ мешавад, ки (а) ба Сармоягузор иҷозат медиҳад, то бо мақсади (i) воридоти таҷҳизот, қисмҳои эҳтиётӣ, маҳсулот, мол, сўзишворӣ, кор ва хизматрасонии заруриро барои босамар анҷом додани лоиҳа ва инчунин эҳтиёҷоти маъмурии Сармоягузор (ii) пардохти қарз бо доллари ИМА ва ё асъори хориҷии дигар аз рўйи ҳуҷҷатҳои молиявӣ ва (iii) бо риояи ҳамаи талаботи қонунгузории татбиқшаванда ба таври мунтазам ва доимӣ мубодила ва ба суратҳисобҳои берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ кушодашуда ва амалкунандаи Сармоягузор интиқол додани даромад, подош ва сармояи бадастомада пас аз пардохти андозҳо ва пардохтҳои ҳатмии дигар, маблағҳои худро марбут ба Созишномаи сармоягузории мазкур мубодила ва берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол диҳад ва (б) ба иҷрои амалҳое, ки метавонанд бевосита ё ба таври ғайримустақим ба Сармоягузор барои (i) харидани асъори хориҷӣ дар бозори кушод; (ii) интиқоли ҳар гуна асъори хориҷӣ ба хориҷа дар ҳама гуна ҳаҷм; ё (iii) пешбурди суратҳисобҳои бонкӣ бо асъори хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он бо риояи талаботи ҷонунгузории татбиқшаванда халал расонанд ё фаъолияти онро маҳдуд кунанд, роҳ намедиҳад.
МОДДАИ 10 УСТУВОРИИ СОЗИШНОМАИ САРМОЯГУЗОРӢ
10.1. Муқаррароти Созишномаи сармоягузории мазкур дар давоми муҳлати амали он, сарфи назар аз тағйиру иловаҳои минбаъда дар қонунгузории татбиқшаванда, эътибори худро нигоҳ медоранд.
10.2. Мақоми ваколатдори давлатӣ Созишномаи сармоягузории мазкурро ба феҳристи давлатии созишномаҳои сармоягузорӣ ворид менамояд ва ҳамаи мақомоти давлатии ваколатдори дахлдорро дар бораи эътибор пайдо кардани Созишномаи сармоягузории мазкур хабардор месозад.
10.3. Дар робита ба иҷрои Созишномаи сармоягузории мазкур, асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ, лоиҳаи сохтмон, аз ҷониби сармоягузор қонунгузории татбиқшаванда, Созишномаи сармоягузории мазкур ва таҷрибаи байналмилалӣ риоя мегардад. Ҳеҷ ягон тағйирот дар қонунгузории татбиқшаванда пас аз имзои созишномаи сармоягузории мазкур наметавонад ҳуқуқ ва уҳдадориҳои Сармоягузорро, ки дар созишномаи сармоягузории мазкур зикр карда шудааст, бадтар гардонад. Ҳамаи шартҳои Созишномаи сармоягузории мазкур эътибори худро дар давоми муҳлати амали он, новобаста аз тағйироти минбаъда дар қонунгузории татбиқшаванда, нигоҳ медоранд. Тағйири шартҳои Созишномаи сармоягузории мазкур танҳо бо розигии мутақобилаи сармоягузор ва Ҳукумат амалӣ карда мешавад. Ба Сармоягузор ва пудратчиён ҳама гуна муқаррароти қонунгузории татбиқшаванда, аз ҷумла тағйироти қонунгузорие, ки ба амалисозии лоиҳа монеа мешаванд, дахл нахоҳанд дошт.
10.4. Ҳукумат бо шарти риояи муқаррароти Созишномаи сармоягузории мазкур тасдиқ менамояд, ки ҳама гуна санадҳои меъёрии ҳуқуқии тамоми мақомоти ваколатдори давлатии дахлдор, ки бо ин ё он усул ҳуқуқ ва манфиатҳои тибқи созишномаи сармоягузории мазкур ба Сармоягузор фароҳамоварда ё ба таври дигари қонунӣ аз ҷониби Сармоягузор тибқи Созишномаи сармоягузории мазкур бадастовардаро халалдор мекунанд ё маҳдуд месозанд, нисбат ба Сармоягузор ҷиҳати иҷрои ҳуқуқ ва уҳдадориҳои худ дар доираи Созишномаи сармоягузории мазкур татбиқ намегарданд.
10.5. Ҳангоми пеш аз анҷоми муҳлати муқарраргардида сохтан ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсолие, ки лоиҳа пешбинӣ намудааст, инчунин тағйир ёфтани ҳаҷми сармоягузорӣ ё нишондиҳандаҳои иқтисодии лоиҳа, эътибори Созишномаи сармоягузории мазкур дар тамоми муҳлати амали он нигоҳ дошта шавад, аз ҷумла имтиёзҳои махсуси андозӣ ва гумрукӣ, ки Созишномаи сармоягузории мазкур муқаррар намудааст, эътибори худро нигоҳ медорад.
10.6. Муқаррароти Созишномаи сармоягузории мазкур барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сармоягузор ҳатмӣ мебошанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои пурра ва саривақтии чорабиниҳои дахлдорро барои амалӣ намудани муқаррароти созишномаи сармоягузорӣ тавассути мақомоти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, инчунин шахсони воқеӣ дар тамоми ҳудуди Тоҷикистон таъмин менамояд.
МОДДАИ 11 ТАРТИБИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА СОЗИШНОМАИ САРМОЯГУЗОРӢ
Ҳамаи тағйиру иловаҳо ба Созишномаи сармоягузории мазкур танҳо пас аз ҷониби Тарафҳо ба имзо расонида шудани ҳуҷҷати иловагии дахлдор тибқи қонунгузории татбиқшаванда эътибори ҳуқуқӣ пайдо мекунанд.
МОДДАИ 12 ҚАТЪИ АМАЛИ СОЗИШНОМАИ САРМОЯГУЗОРӢ
12.1. Амали Созишномаи сармоягузории мазкур метавонад бо розигии Тарафҳо ва дар шакли хаттӣ қатъ карда шавад.
12.2. Амали созишномаи сармоягузории мазкур дар ҳолатҳои зерин метавонад яктарафа қатъ карда шавад:
Бо ташаббуси Ҳукумат:
-агар Сармоягузор ба таври дахлдор уҳдадориҳо ва муқаррароти созишномаи сармоягузории мазкурро иҷро накунад;
-агар сармоягузор лоиҳаро дар муҳлати муқарраршуда амалӣ карда натавонад.
Бо ташаббуси Сармоягузор:
-агар Ҳукумат ба таври дахлдор уҳдадориҳо ва муқаррароти Созишномаи сармоягузории мазкурро иҷро накунад;
-агар Ҳукумат ё мақомоти ваколатдори давлатии дахлдор ба амалишавии лоиҳа монеа ва мушкилот эҷод намоянд.
12.3. Қатъи амали Созишномаи сармоягузории мазкур боиси он мегардад, ки тамоми ҳуқуқҳо, имтиёз ва сабукиҳои тибқи созишномаи сармоягузории мазкур пешбинишуда бекор карда шаванд.
МОДДАИ 13 ҲОЛАТҲОИ РАФЪНОПАЗИР (ФОРС-МАЖОР)
13.1Ҳеҷ яке аз Тарафҳо барои иҷро нагаштан ё ба таври дахлдор иҷро нагардидани ягон намуди уҳдадорӣ доир ба Созишномаи сармоягузории мазкур ҷавобгар нахоҳад буд, агар чунин иҷро нагаштан ё ба таври дахлдор иҷро нагардидан дар натиҷаи ҳолати рафънопазир (форс-мажор) ба вуқӯъ пайваста бошад.
13.2.Дар сурати фаро расидани ҳолати рафънопазир (форс-мажор), Ҳукумат ва Сармоягузор бояд:
(а)ба Тарафи дигар дар бораи чунин ҳолати рафънопазир (форс-мажор) дар муддати кутоҳтарин, вале ба ҳар ҳол дар муддати 10 (даҳ) рӯз аз лаҳзаи маълум шудани чунин ҳолат огоҳии хаттӣ бо шарҳи муфассали ҳолат ва арзёбии муҳлати эҳтимолии давомёбӣ ва оқибатҳои он ҷиҳати иҷро намудани уҳдадориҳо оид ба созишномаи сармоягузории мазкур пешниҳод намояд;
(б)бо мақсади коҳиш додани таъсири ҳолати рафънопазир (форс-мажор) дар муддати кӯтоҳтарин чораҳои дахлдор андешад.
13.4.Дар мавриди ба вуқӯъ омадани ҳолати рафънопазир (форс-мажор) Тарафҳо барои пайдо кардани роҳҳои баромадан аз чунин ҳолат машваратҳо доир карда, тамоми воситаҳои заруриро ҷиҳати то ҳадди ақал кам кардани оқибатҳои ҳолатҳои бавуҷудомада истифода мебаранд.
13.5.Дар ҳолати пурра ё қисман қатъ шудани корҳо доир ба созишномаи сармоягузории мазкур, ки дар ҳолати рафънопазир (форс-мажор) ба вуҷуд омадаанд, давраи бурдани ин корҳо ба муҳлати амали ҳолати рафънопазир (форс-мажор) дароз карда шуда, корҳо аз лаҳзаи ба охир расидани чунин ҳолат аз нав барқарор хоҳанд шуд.
13.6. Агар бо сабаби ҳолатҳои рафънопазир ба ақидаи Тарафҳо амалисозии минбаъдаи лоиҳа ғайриимкон гардад ва Тарафҳо аз уҳдаи амалисозии минбаъдаи лоиҳа набароянд ё иҷро намудани уҳдадориҳо тибқи Созишномаи сармоягузории мазкур ғайриимкон шавад, Сармоягузор ва Ҳукумат метавонанд аз пешбурди минбаъдаи корҳо аз рӯи лоиҳа бе ягон ҷавобгарӣ даст кашанд.
13.7. Ҳолатҳои рафънопазир (форс-мажор) наметавонанд ҳамчун асос барои талаби ҷуброни зарар бошад.
МОДДАИ 14 ҚОНУНГУЗОРИИ ТАТБИҚШАВАНДА ВА ҲАЛЛИ БАҲСҲО
14.1. Созишномаи сармоягузории мазкур тибқи қонунгузории татбиқшаванда тафсир ва танзим карда мешавад.
14.2. Тарафҳо бояд кӯшиш ба харҷ диҳанд, ки баҳсҳо бо роҳи машварат ва гуфтушунид ба танзим дароварда шаванд.
14.3. Агар баҳсҳо бо роҳи машварат ва гуфтушунид дар муддати 60 (шаст) рӯз аз санаи ирсоли огоҳиномаи хаттӣ ҳаллу фасл нагарданд, онҳо барои баррасӣ ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол мегарданд.
14.4. Суд инҳоро ба асос мегирад:
-Созишномаи сармоягузории мазкур;
-қонунгузории татбиқшаванда;
-қоидаҳо ва принсипҳои ҳуқуқи байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон оид ба сармоягузорӣ.
МОДДАИ 15 ТАҚСИМПАЗИРӢ
Ҳамаи муқаррароти Созишномаи сармоягузории мазкур алоҳида буда, амали ҷудогона доранд ва агар яке аз муқарарот ғайриқонунӣ, беэътибор ё бо санксияи ҳуқуқӣ таъминнабуда эътироф шавад, ин ба эътибор доштан, қонунӣ будан ё бо санксияи ҳуқуқӣ таъмин будани ҳар муқаррароти дигари Созишномаи сармоягузории мазкур ё қисми он дахл надорад.
МОДДАИ 16 ГУЗАШТ КАРДАН
Созишномаи сармоягузории мазкур наметавонад ба тарафи сеюм гузашт карда шавад, агар Тарафҳо ба созиши дигар наомада бошанд. Созиши мазкур бояд бо протокол ба расмият дароварда шавад.
МОДДАИ 17 МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
17.1. Созишномаи сармоягузории мазкур аз рӯзи аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидани он эътибор пайдо мекунад.
17.2. Муҳлати амали Созишномаи сармоягузории мазкур аз рӯзи тасдиқ гардидани он 5 (панҷ) солро дар бар мегирад.
17.3..Созишномаи сармоягузории мазкур дар шаҳри Душанбе 7 июни соли 2024 дар ду нусхаи асл бо забони тоҷикӣ ба имзо расонида шуд.
АЗ ҶОНИБИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон _____________________________ РАҲИМЗОДА СУЛТОН НУРМАҲМАДПУР
| АЗ ҶОНИБИ САРМОЯГУЗОР:
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "ВЕНА"
__________________________
НАЗАРОВ ШЕРЗОД РАМАЗАНОВИЧ
|