бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27 июли соли 2024,
№ 421тасдиқ шудааст
СОЗИШНОМА БАЙНИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҲУКУМАТИ САЛТАНАТИ УМОН ОИД БА АЛОҚАИ ҲАВОӢ
Хукумати Ҷумхурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Салтанати Умон, ки минбаъд «Тарафҳои Аҳдкунанда» номида мешаванд, ҳамчун иштирокчиёни Конвенсия оид ба авиатсияи граждании байналмилалӣ, ки барои имзо дар Чикаго аз 7 декабри соли 1944 боз аст, бо хохиши бастани Созишнома бо мақсади муқаррар намудани алоқаи мунтазами ҳавоӣ байни ҳудудҳои худ ва берун аз он,
ба мувофиқаи зерин расиданд:
Моддаи 1 Муқаррарот
Барои мақсадҳои ифода ва тафсири Созишномаи мазкур, агар дар матн тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад:
а) истилоҳи «Конвенсия» Конвенсия оид ба авиатсияи граждании байналмилалӣ, ки барои имзо дар Чикаго аз 7 декабри соли 1944 боз аст, аз ҷумла ҳаргуна замимаи тибқи моддаи 90 Конвенсияи мазкур қабулгардида ва ҳамчунин ҳаргуна иловаҳо ба замимаҳо ва Конвенсия тибқи моддаи 90 ва 94 то он дараҷае, ки ин замимаҳо ва иловаҳо нисбати ҳарду Тарафи Аҳдкунанда қобили амал мебошад, ифода менамояд;
б) истилоҳи «маъмуриятҳои авиатсионӣ» нисбат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нисбат ба Салтанати Умон Маъмурияти авиатсияи гражданӣ ё дар ҳарду маврид ҳамагуна мақоми дигаре ифода мекунад, ки дар айни замон ваколатдор аст аз тарафи ин маъмуриятҳои зикршуда вазифаҳоро амалӣ созад;
в) истилоҳи «ширкати ҳавопаймоии таъингардида» маънои ягон ширкати ҳавопаймоиро дорад, ки аз ҷониби маъмуриятҳои авиатсионии Тарафҳои Аҳдкунанда дар асоси ирсол намудани огоҳиномаи хаттӣ барои амалисозии парвозҳо дар хатсайрҳои дар замимаи Созишномаи мазкур пешбинишуда, муайян карда мешаванд ва ба онхо рухсати баробар дар асоси моддаи 3 Созишномаи мазкур барои иҷрои парвозҳо дода мешавад.
г) истилоҳи «Ҳудуд» нисбат ба давлат маънои дар моддаи 2 Конвенсия муайянгардидаро ифода менамояд.
д) истилоҳи «Хизматрасонии ҳавоӣ», «хизматрасонии ҳавоии баӣналмилалӣ», «ширкатҳои ҳавопаймоӣ» ва «истодан бо мақсадҳои ғайритиҷоратӣ» маънои дар моддаи 96 Конвенсия муайянгардидаро ифода менамояд.
е) истилоҳи «Ғунҷоиш» нисбат ба хизматрасониҳои мувофиқашуда, ки дар моддаи 2 муайян шудааст, маънои иқтидори ҳавопаймои дар чунин хизматрасонӣ истифодашавандаро ба басомади истифодабарии ин ҳавопаймо дар тӯли як давраи муайян дар хатсайр ё қисмати хатсайр истифода менамояд.
ё) истилоҳи «Тарофа» нархҳои барои интиқоли мусофирон, бор ва ҳамчунин шартҳои пардохти хизматрасонии агентӣ ва дигар хизматрасониҳои иловагӣ, ба истиснои подош ва шартҳои пардохти интиқоли муросилотро ифода менамояд.
ж) истилоҳи «Ҷадвали парвоз» ҷадвали хатсайрҳо маънои ба Созишномаи мазкур замимашуда ва ҳама гуна тағйироте, ки ба он мутобиқи муқаррароти моддаи 21 ҳамин Созишнома мувофиқа шударо дорад.
з) истилоҳи «Созишнома» Созишномаи мазкур, замимаи он ва ҳамагуна Протоколҳо ё ҳуҷҷатҳои шабеҳро, ки ба Созишиомаи мазкур ё Замима илова карда мешаванд, дар назар дорад.
и) истилоҳи «Пардохтҳои истифодабаранда» маънои пардохт барои ширкатҳои ҳавопаймоӣ барои таъминоти фурудгоҳ, аэронавигатсия ё иншоотхои бехатарии авиатсионӣ, ин дорои хизматрасонӣ аз иншоотҳои ба он алоқаманд аст, дар назар дорад.
Моддаи 2 Додани ҳуқуқҳо
- Ҳар яке аз Тарафҳои Аҳдкунанда ба Тарафи Аҳдкунандаи дигар ҳуқуқҳоеро, ки мутобиқи Созишномаи мазкур бо мақсади иҷро намудани интиқоли ҳавоии байналмилалӣ аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии таъингардида дар самтҳое, ки дар замимаи Созишномаи мазкур муқаррар гардидаанд, (минбаъд хатсайрҳои муайяншуда) фароҳам месозад. Ширкатҳои ҳавопаймоии таъиншудаи қар як Тарафи Аҳдкунанда хангоми анҷом додани хизматрасонии мувофикашуда дар хатсайри муайян аз хукукхои зерин истифода мебаранд:
а) ҳуқуқи парвоз намудан бе нишаст аз ҳудуди Тарафи Аҳдкунандаи дигар;
б) ҳуқуқи таваққуф бо мақсадҳои ғайритиҷоратӣ дар ҳудуди Тарафи Аҳдкунандаи дигар;
в) ӣдар ҳудуди Тарафи Аҳдкунандаи дигар дар маҳалҳои дар замимаи Созишномаи мазкур муқарраргардида, бо мақсади гирифтан ва фаровардани мусофирон, бор ва муросилот.
- Ба ҳеҷ ваҷҳ банди 1 моддаи мазкур ба ширкатҳои ҳавопаймоии ҳар як Тарафи Аҳдкунанда ҳуқуқи гирифтани мусофирон, бор ва муросилотро ба ҳавопаймои худ барои ҳамлу нақли байни нуқтаҳои ҳудуди кишвари Тарафи Аҳдкунандаи дигар дар асоси мукофотпулӣ ё кироя намедиҳад.
Моддаи 3 Таъиноти ширкати ҳавопаймоӣ
- Ҳар яке аз Тарафи Аҳдкунанда дар асоси огоҳиномаи хаттӣ ҳуқуқ дорад як ва ё зиёда ширкатҳои ҳавопаймоиро ҷиҳати иҷрои хизматрасониҳои мувофиқашуда дар хатсайри муайяншуда таъин намояд.
- Баробари гирифтани огоҳиномаи хаттӣ маъмурияти авиатсионии як Тарафи Аҳдкунанда мутобиқи бандҳои 3 ва 4 моддаи мазкур ба Тарафи Аҳдкунандаи дигар бояд ҳар як ширкати ҳавопаймоии таъиншударо мутобиқи иҷозатнома барои иҷрои парвоз бе монеа пешниҳод намояд.
- Маъмурияти авиатсионии ҳар яке аз Тарафи Аҳдкунанда метавонад аз ширкати ҳавопаймоии таъингардидаи Тарафи Аҳдкунандаи дигар далелҳоро доир ба он, ки вай қодир аст шартҳои дар қонуну қоидаҳои зикрёфта, одатан бо тарзи дахлдор барои иҷрои хизматрасонии ҳавоии байналмилалӣ тибқи қоидаҳои Конвенсия анҷомдодашавандаро қонеъ созад, талаб намояд.
- Ҳар яке аз Тарафҳои Аҳдкунанда бояд ҳуқуқи рад ва ё қабул кардани ширкатҳои ҳавопаймоӣ, ҳуқуқи надодани иҷозатномаро оид ба иҷрои парвозҳо дар асоси банди 2 моддаи мазкур, ё чунин шартҳоеро пеш гузорад, ки вай барои истифодаи ҳуқуқҳо аз ҷониби ширкати ҳавопаймоӣ тибқи моддаи 2 Созишномаи мазкур муайяншударо зарур мешуморад, дар ҳаргуна мавриде, ки Тарафи Аҳдкунандаи дигари зикршуда эътимод надорад, ки соҳиби ҳақиқӣ ва назорати самаранок ба ин ширкати ҳавомопаймоӣ ба Тарафи Аҳдкунандаи ин ширкати ҳавопаймоии таъингардида ё шаҳрвандони он таалуқ доранд, соҳиб бошад.
- Ҳангоме ки ширкати ҳавопаймоӣ ҳамин тариқ таъин ва ваколатдор шудааст, метавонад дар ҳар вақт иҷрои хизматрасониҳои мувофиқашударо шурӯъ намояд, ба шарте ки тарифе, ки мутобиқи муқаррароти моддаи 11 Шартнома Созишномаи мазкур, нисбати ин хизматрасонӣ муқаррар шудааст, амал мекунад.
Моддаи 4 Боздоштан ва бекор кардани иҷрои ваколатҳо
- Ҳар як Тарафи Аҳдкунанда ҳуқуқ дорад иҷозатномаи истифодабариро бозхонд кунад ё иҷрои ҳуқуқҳои дар моддаи 2 ҳамин Созишнома зикршударо аз ҷониби ширкати ҳавопаймоие, ки Тарафи дигари Аҳдкунанда таъин кардааст, боз дорад ё шартҳоеро, ки зарур мешуморад, муқаррар намояд.
а) дар мавриде, ки агар он қонеъ набошад, ки моликияти асосӣ ва назорати самараноки ин ширкати ҳавопаймоӣ ба Тарафи Аҳдкунандае, ки ширкати ҳавопаймоиро таъин кардааст ё ба шаҳрвандони чунин Тарафи Аҳдкунанда вогузор шудааст.
б) дар мавриде, ки агар ширкати ҳавопаймоии таъингардида тибқи қонунгузории Тарафи Аҳдкунандае, ки ба ӯ чунин ваколатро додаст, амал накунад.
в) дар мавриде, ки ширкати ҳавопаймоии таъингардида муқаррароти Созишномаи мазкурро иҷро карда натавонад.
- Агар фавран бекор кардан, боздоштан ё ҷорӣ намудани шартҳои дар банди 1 моддаи мазкур барои пешгирии вайронкунии минбаъдаи қонунҳо ё қоидаҳо муҳим набошад, ин ҳуқуқҳо танҳо пас аз машварат бо Тарафи Аҳдкунандаи дигар амалӣ карда мешаванд.
- Агар як Тарафи Аҳдкунанда мувофиқи ҳамин модда амал кунад, ҳуқуқҳои Тарафи Аҳдкунандаи дигар тибқи моддаи 19 Созишномаи мазкур поймол карда намешаванд.
Моддаи 5 Озод кардан аз боҷи гумрукӣ ва дигар андозҳо
- Ҳавопаймое, ки дар хатсайрҳои байналмилалӣ аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии таъингардидаи як Тарафи Аҳдкунанда баҳрабардорӣ мешавад, ҳамчунин таҷҳизоти дохили онҳо, қисмҳои эҳтиётӣ, захираи сузишворӣ, равғанҳои молиданӣ ва захираҳои ҳавопаймо (аз ҷумла хурокворӣ ва нушкиҳо), ки дар дохили ҳавопаймо мавҷуданд, ҳангоми ворид шудан ба ҳудуди Тарафи Аҳдкунандаи дигар бояд дар асоси мутақобила аз пардохти боҷи гумрукӣ ва дигар андозҳо ва пардохтҳо озод карда шаванд, ба шарте, ки ин таҷхизот, мавод ва захираҳо то лаҳзае аз ҳудуди давлати Тарафи Аҳдкунандаи дигар рафтани ҳавопаймо дар дохили он боқӣ бимонанд.
- Озод кардан, ки дар ҳамин модда пешбинӣ шудааст, нисбат ба ҷузъҳои дар банди 1 ҳамин модда зикргардида татбиқ мегардад, агар:
а) ба қаламрави як Тарафи Аҳдкунанда аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии таъиншудаи Тарафи Аҳдкунанда дигар ворид карда мешавад;
б) дар ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии таъиншудаи як Тарафи Аҳдкунанда ҳангоми ворид шудан ё рафтан аз қаламрави Аҳдкунандаи дигар нигоҳ дошта мешавад.
в) дар ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии таъиншудаи як Тарафи Аҳдкунанда дар қаламрави Тарафи Аҳдкунанда дигар барои истифода дар иҷрои хатсайри мувофиқашуда пешбинӣ шудааст.
Новобаста аз он, ки чунин таҷҳизот пурра дар ҳудуди Тарафи Аҳдкунандае, ки имтиёзи озодӣ дода шудааст, истифода мешавад ё истеъмол карда мешавад, ба шарте, ки ҳуқуқи моликият ба ин гуна таҷҳизот ба қаламрави Тарафи Аҳдкунандаи зикршуда нагузарад.
- Таҷҳизоти дохили ҳавопаймо, инчунин мавод ва захираҳои дохили ҳавопаймои ҳар яке аз Тарафҳои Аҳдкунанда имкон дорад дар ҳудуди Тарафи Аҳдкунандаи дигар фақат дар мавриди гирифтани розигии мақомоти гумрукии ин Тарафи Аҳдкунанда фароварда шаванд. Дар ин маврид то лаҳзаи бозпас бурдан, онҳо дар асоси қоидаҳои гумрукӣ таҳти назорати ин мақомот қарор мегиранд.
- Мусофирон, бағоҷ ва боре, ки тавассути транзити мустақим аз қаламрави як Тарафи Аҳдкунанда интиқол ёфтаанд ва аз минтақаи фурудгоҳ барои ин мақсад ҷудо шудаанд, бояд ҳадди аксар таҳти назорати соддашуда қарор гиранд. Бағоҷ ва борҳои транзити мустақим аз пардохти боҷҳо ва андозҳо, аз ҷумла боҷҳои гумрукӣ озод карда мешаванд.
- Ширкатҳои ҳавопаймоии таъиншудаи ҳарду Тарафи Аҳдкунанда аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андозҳо ва дигар пардохтҳо нисбат ба таҷҳизоти дафтари корӣ, либоси ягона, маводи таблиғотӣ, армуғонҳо, ҳуҷҷатҳои даромади ширкати ҳавопаймоӣ, аз қабили чиптаҳо, борхат, маводи чопӣ ҳамчун таҷҳизоти заминӣ ва алоқа, ки танҳо барои истифода дар фурудгоҳ пешбинӣ шудаанд, инчунин аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз озод карда мешаванд. Номгӯйи чунин ашёро Мақомоти авиатсионии давлати воридшаванда тасдиқ намуда, барои огоҳ намудан ба мақомоги гумрук мефиристад.
Моддаи 6 Татбиқи қонунҳо ва қоидаҳо
- Қонуну қоидаҳои ҳар як Тарафи Аҳдкунанда нисбат ба навигатсия ва истифодабарии ҳавопаймоҳои ширкати ҳавопаймоии таъингардидаи як Тарафи Аҳдкунанда ҳангоми ворид шудан, дар он будан, рафтан ва парвоз аз болои харими ҳавоии Тарафи Аҳдкунандаи дигар татбиқ карда мешавад.
- Қонуну қоидаҳои ҳар яке аз Тарафи Аҳдкунанда, ки ба ҳудуди он вуруд ва рафтани мусофирон, ҳайати парвозӣ, бор ва муросилот, (аз ҷумла расмиёти вобаста ба қоидаҳои шиносномавӣ, гумрукӣ, асъорӣ, муҳоҷират ва санитарии-карантиниро ба танзим медароранд), бояд ба ҳайати парвозӣ, мусофирон, бағоҷ, бор ва муросилоти ширкати ҳавопаймоӣ бо воситаҳои ҳавопаймоии таъингардидаи Тарафи Аҳдкунандаи дигар ҳангоми тавакқуф дар ҳудуди қаламравӣ муайяншуда истифода карда мешаванд, дастрас бошанд.
- Ширкатҳои ҳавопаймоии таъингардидаи ҳар яке аз Тарафи Аҳдкунанда, қонунгузории Тарафи Аҳдкунандаи дигарро дар мавриди қабул ё хориҷ намудани ҳайвонот ва наботот, ки аз замини худ, ҳангоми ворид шудан, дар он будан ё рафтани ҳавопаймоҳои он аз ҳудуди Тарафи Аҳдкунандаи дигар риоя мекунанд.
Моддаи 7 Принсипҳои танзимкунандаи фаъолияти хизматрасониҳои мувофиқашуда
- Ҳангоми иҷрои хизматрасониҳои мувофиқашуда бояд ба ҳарду ширкатҳои ҳавопаймоии ҳарду Тарафи Аҳдкунанда дар хатсайрҳои дар ҳудуди онҳо муайянгардида имкониятҳои кофӣ ва баробарро доро бошанд.
- Дар рафти иҷрои хизматрасониҳои мувофиқашуда ширкатҳои ҳавопаймоии таъингардидаи Тарафи Аҳдкунанда манфиатҳои ширкатҳои ҳавопаймоии таъингардидаи Тарафи Аҳдкунандаи дигарро ба назар мегирад, то ки ба алоқаи ҳавоие, ки он дар ҳамин самт пурра ё қисман анҷом медиҳад, таъсири манфӣ нарасад.
- Хизматрасониҳои мувофиқашуда, ки аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии таъиншудаи ҳар як Тарафи Аҳдкунанда пешниҳод мешаванд, бояд бо талаботи нақлиёти ҷамъиятӣ дар хатсайрҳои мушаххас робитаи зич дошта бошанд ва ҳамчун ҳадафи асосии онҳо таъмин намудани иқтидори мувофиқ бо коэффисиенти сарбории мувофиқ бошанд ва талаботи дахлдори пешбинишуда оид ба ҳамлу накли мусофирон ва борҳо аз ё ба ҳудуди Тарафи Аҳдкунандаи дигар ширкати ҳавопаймоии таъингардида иборат мебошад.
Муқаррароти ҳамлу нақли мусофирон ва бор, аз ҷумла муросилоте, ки ҳам дар ҳавопаймо гирифта ва ҳам дар нуқтаҳои хатсайрҳои мушаххас дар қаламрави давлатҳои дигар фароварда мешаванд, ба истиснои ширкати ҳавопаймоии таъингардида, тибқи принсипҳои умумии иқтидори онҳо бо:
а) талабот ба интиқол ба/аз ҳудуди Тарафҳои Аҳдкунандае, ки ширкати ҳавопаймоиро таъин намудааст;
б) талабот ба интиқол дар минтақаи мавҷудае, ки хизматрасонии мувофиқашуда аз он мегузарад, бо назардошти дигар хизматрасониҳои ҳамлу нақле, ки ширкатҳои ҳавопаймоии давлатҳои ин минтақа муқаррар кардаанд.
в) талабот ба амалиётҳои ширкатҳои ҳавопаймоӣ.
Моддаи 8 Намояндагии ширкати ҳавопаймоӣ
- Ширкати ҳавопаймоии таъиншудаи хдр як Тарафи Аҳдкунанда бояд дафтари намояндагии ширкяти худро дар ҳудуди Тарафи Аҳдкунандаи дигар кушояд ва кормандони маъмурӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ, ки аз байни шаҳрвандони яке аз онҳо ё ҳарду Тарафи Аҳдкунанда интихоб шудаанд, барои талаботи ҳар як ширкати ҳавопаймоии таъиншуда заруранд дар дафтари намояндагӣ нигоҳ доранд.
- Ба кор гирифтани шаҳрвандони Давлати сеюм дар қаламрави ҳар як Тарафи Аҳдкунанда бо иҷозати мақомоти ваколатдор иҷозат дода мешавад.
- Ҳама кормандони дар боло номбаршуда тобеи қонунҳои марбут ба қабул ва будубош дар ҳудуди Тарафи Аҳдкунанда дигар, инчунин қонунҳо, дастурамалҳои маъмурии дар ин ҳудуд татбиқшаванда мебошанд.
- Шумораи чунин ҳайати кормандон, ки дар созишномаи байни ширкатҳои ҳавопаймоии таъингардида муқаррар карда мешавад, барои тасдиқ ба мақомоти салоҳиятдори ҳарду Тарафҳои Аҳдкунанда пешниҳод карда мешавад.
- Ҳар як Тарафи Аҳдкунанда ба идораҳо ва кормандони дар боло номбаршуда ҳар гуна кӯмаки заруриро мерасонад.
- Ба ширкатҳои ҳавопаймоии таъиншудаи Тарафи Аҳдкунанда ҳуқуқи фурӯши мустақили ҳамлу нақл тавассути ҳуҷҷатҳои ҳамлу нақли худ дар ҳудуди тарафи дигари алоқаманд тибқи қонунҳо ва муқаррароти Тарафи Аҳдкунанда дода мешавад. Чунин фурӯш мустақиман аз ҷониби намояндагони ширкати ҳавопаймоии таъйиншуда ё тавассути агентҳои ваколатдоре, ки барои пешниҳоди чунин хизматрасониҳо иҷозатнома доранд, амалӣ карда мешавад.
- Ширкатҳои ҳавопаймоии таъиншудаи ҳар як Тарафи Аҳдкунанда ҳуқуқи фурӯхтани чиптаҳоро доранд ва ҳама гуна шахс метавонад озодона чунин чиптаҳоро бо пули миллӣ ё дигар асъори мубодилаи озод ивазшаванда харидорӣ намояд.
- Ширкатҳои ҳавопаймоии таъиншудаи як Тарафи Аҳдкунанда ҳуқуқ доранд хароҷоти маҳаллиро дар ҳудуди Тарафи Аҳдкунандаи дигар бо асъори миллӣ пардохт намояд ба шарте, ки он мутобиқи қоидаҳои асъори миллӣ бо асъори мубодила озод иваз карда шавад.
Моддаи 9 Тасдиқи ҷадвали парвозҳо
Ширкатҳои ҳавопаймоии таъиншудаи ҳар яке аз Тарафҳои Аҳдкунанда бояд ба маъмурияти авиатсионии Тарафҳои Аҳдкунандаи дигар на дертар аз си (30) рӯз пеш аз ифтитоҳи хизматрасониҳо дар хатсайрҳои муайян ва пеш аз ҳар мавсими ҳаракат, ҷадвали парвоз, аз ҷумла намудҳои ҳавопаймоҳои истифодашавандаро бо тағйироти баъдӣ пешниҳод намояд.
Ин инчунин ба тағйироти баъди дахл дорад. Дал ҳолатҳои махсус ин муҳлат метавонад бо розигии мақомотҳои зикршуда кам карда шавад.
Моддаи 10 Ҳамкориҳои тиҷоратӣ
- Дар сурати истифода ё пешниҳоди хизматрасониҳои тиҷоратӣ дар хатҳои парвози мувофиқашудаи зарурӣ ширкати ҳавопаймоии яке аз Тарафҳои Аҳдкунанда метавонад созишномаи ҳамкории муштарак ба монанди ҳамкориҳо муштараки ҷойҳои бандшуда (blocked seats) ва ё истифодаи код шеринг ба роҳ монад, бо:
а) Ширкати ҳавопаймоӣ яке аз Тарафи Аҳдкунандаи.
б) Ширкатҳои ҳавопаймоии Давлати сеюм.
Дар ҳолате, ки ҳамаи ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар чунин мувофиқаҳо салоҳияти дахлдор дошта бошанд ва ба талаботе, ки одатан нисбати чунин мувофиқаҳо истифода мешаванд, ҷавобгӯ бошанд.
- Тарафҳо иқдомҳои заруриро ҷиҳати таъмини маълумоти зарурӣ ба истифодабарандагон гирифта, талош меварзанд, то ки онҳо аз маълумот ва ҳимояи хатсайрҳои код-шер, ки дар ҳудуди худ ва ё аз ҳудуди худ парвоз менамоянд огоҳ бошанд, ба монанди:
- Тарафҳои Аҳдкунанда мувофиқат мекунанд, ки барои таъмини пурраи огоҳӣ ва муҳофизати истеъмолкунандагон дар бораи парвозҳои муштараки рамзӣ код шер, ки ба/аз қаламрави онҳо анҷом дода мешаванд ва ҳадди ақал дар шакли зерин ба мусофирон маълумоти зарурӣ дода мешавад:
а) шифоҳӣ, агар имкон бошад дар шакли хаттӣ ҳангоми бандкунии чиптаи ҳавопаймо;
б) дар шакли хаттӣ, дар худи чипта ва/ё агар имкон набошад дар ҳуҷҷати хатсайр, чиптаи ҳамроҳикунанда ё дар зарурӣ санади дигар, ивазкунандаи чипта, ба мисоли тасдиқкунандаи хаттӣ, бо маълумоти лозима, ки дар ҳолати мушкилот ба куҷо бояд муроҷиат намуд ва дар сурати зарар ё фалокат кадом Ширкати ҳавопаймоӣ ҷавобгар аст;
в) ҳамзамон шифоҳӣ ба кормандони рӯизаминии Ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар ҳамаи рафти парвоз.
- Ширкатҳои ҳавопаймоиро зарур аст, ки ҷиҳати тасдиқи зарурии созишномаи ҳамкорӣ онро ба маъмуриятҳои авиатсионии Тарафҳо на дертар аз си (30) рӯз пеш аз ҷорӣ намудани он барои тасдиқ супоранд.
Моддаи 11 Тарофаҳо
- Ҳар яке аз Тарафҳои Аҳдкунанда бояд иҷозат диҳад, ки тарофаҳо ба интиқолҳои ҳавоӣ аз тарафи ҳар як ширкати ҳавопаймоии таъингардида дар асоси арзиши бозори тиҷоратӣ муқаррар карда шаванд. Дахолати ширкатҳои ҳавопаймоӣ бо назардошти нуқтаҳои зерин маҳдуд карда мешаванд:
а) пешгирӣ намудани нархҳо аз амалиёти беасос ва табъиз;
б) ҳифзи ҳуқуқи истифодабарандагон аз нархҳое, ки ниҳоят баланд ё бинобар сӯиистифода аз вазъи ҳукмфармо муқаррар шудаанд;
в) ҳифзи ширкатҳои ҳавопаймоӣ аз нархҳое, ки бинобар дотатсия ё субсидияи мустақим ё ғайримустақими ҳукуматӣ ба таври сунъӣ паст мебошанд.
- Ҳар яке аз Тарафи Аҳдкунанда метавонад дар асоси поймол накардани ҳуқуқ огоҳинома, бақайдгирӣ ва ё мутобиқат бо Маъмурияти авиатсионии худ тарофаҳое, ки аз ҷониби ширкати ҳавопаймоӣ дар ҳудуди Тарафи Аҳдкунандаи дигар иваз шудаанд, талаб намояд. Огоҳинома оид ба Тарифҳо барои тасдиқ ба маъмуриятҳои авиатсионии ҳарду Тарафи Аҳдкунанда на дертар аз си (30) рӯз то ҷорӣ намудани онҳо пешниҳод карда мешаванд. Дар мавридҳои махсус, имкон дорад муҳлати огоҳиномаҳо ва мувофиқаҳо кам карда шавад.
- Ҳеҷ яке аз Тарафҳои Аҳдкунанда барои пешгирӣ кардани ифтитоҳ ё идомаи тарифҳо амали яктарафа намеандешад:
а) аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии яке аз Тарафи Аҳдкунандаро барои ҳамлу нақли байналмилалии ҳавоӣ байни ҳудуди Тарафҳои Аҳдкунанда ва ё
б) ширкати ҳавопаймоии як Тарафи Аҳдкунанда барои ҳамлу нақли байналмилалии ҳавоӣ дар ҳудуди Тарафи Аҳдкунандаи дигар, инчунин дар ҳарду мавриди ҳамлу нақли дохилию берунӣ.
Дар ҳолате, ки Маъмурияти авиатсионии яке аз Тарафҳои Аҳдкунанда аз тарифҳои амалкунанда ва пешниҳодшаванда барои ягон ширкати ҳавопаймоии Тарафи Аҳдкунандаи дигар розӣ набошад, маъмурияти авиатсионии дигар кӯшиш мекунад, ки дар асоси талаботи қисми 1 ҳамин модда ин масъаларо бо воситаи машварат ҳал намояд ва ҳарчӣ зудтар огоҳинома ирсол намояд. Ин машваратҳо бояд на дертар аз си (30) рӯз пас аз гирифтани огоҳинома гузаронида шуда, тамоми масъалаҳои барои ҳалли мушкилӣ пешниҳодшаванда маҳфуз нигоҳ дошта шаванд. Агар Тарафҳои Аҳдкунанда оид ба таъини нархҳо, ки дар асоси огоҳинома пешниҳод шуда буд, ба мувофиқа расанд, ҳар яке аз Тарафҳо бояд кӯшиш ба харҷ диҳад то ин мувофиқат дар амал татбиқ гардад. Бе мувофиқаи тарафайн нархҳои қаблӣ эътибори худро идома медиҳанд.
Моддаи 12 Табодули маълумот
- Ҳар як Маъмурияти авиатсионии Тарафҳои Аҳдкунанда ширкати ҳавопаймоии таъиншудаи худро ваколатдор мекунад, ки маълумоти то ҳадди имкон нусхаи Нархнома, ҷадвали парвоз, инчунин ҳамагуна ислоҳот ба он, ва дигар маълумоти марбут ба фаъолият дар хатсайри муайяншуда, аз ҷумла маълумот дар бораи зарфият барои ҳар як хатсайри мувофиқашуда ва ҳамагуна маълумоти дигари иловагиро, ки барои қонеъ кардани Маъмурияти авиатсионии Тарафи Аҳдкунандаи дигар ҷиҳати ба таври зарурӣ риоя гардидани талаботи Созишномаи мазкур пешниҳод намояд.
- Ҳар яке аз Тарафҳои Аҳдкунанда ширкатҳои ҳавопаймоии таъиншудаи худро ваколатдор мекунад, ки ҷиҳати пешниҳоди маълумоти оморӣ оид ба интиқол, ки дар хатсайрҳои муайяншуда таъйин гардидаанд, бо инобати нуқтаҳои нишасту парвозро ба Маъмуриятҳои авиатсионии Тарафи Аҳдкунандаи дигар пешниҳод намоянд.
Моддаи 13 Эътирофи шаҳодатномаҳо ва иҷозатномаҳо
- Шаҳодатномаҳои коршоямии парвоз, шаҳодатномаҳои тахассусӣ ва иҷозатномаҳое, ки аз ҷониби як Тарафи Аҳдкунанда дода ё эътибор дода шудаанд ва ҳоло ҳам эътибор доранд, аз ҷониби Тарафи Аҳдкунандаи дигар барои истифодабарии хатсайрҳо ва хизматрасониҳои дар ин Созишнома пешбинишуда эътибор доранд, ба шарте ки талаботе, ки тибқи онҳо чунин шаҳодатномаҳо ё иҷозатномаҳо дода ё эътибор пайдо кардаанд, ба стандартҳои ҳадди ақал, ки мутобиқи Конвенсия муқаррар шудаанд ё муқаррар карда мешаванд, баробар ё болотар бошанд. Бо вуҷуди ин, ҳар як Тарафи Аҳдкунанда ҳуқуқ дорад эътироф кардани шаҳодатномаҳои тахассусӣ ва иҷозатномаҳоеро, ки аз ҷониби Тарафи Аҳдкунандаи дигар ё ягон давлати дигар ба шаҳрвандони худ барои парвозҳо дар ҳудуди худ дода шудааст, рад намояд.
Моддаи 14 Бехатарии парвозҳо
1. Ҳар як Тарафи Аҳдкунанда метавонад ҷиҳати баргузории машварат дар вақти зарурӣ нисбат ба масъалаҳои таъмини бехатарии парвозҳо, ҳайати парвозӣ, ҳавопаймоҳо ва баҳрабардории ҳавопаймоҳо, ки аз ҷониби Тарафи Аҳдкунандаи дигар тасдиқ гардидаанд, дархост намояд. Ин гуна машваратҳо дар муҳлати си (30) рӯзи баъди гирифтани чунин дархост танзим карда мешаванд.
- Агар баъди ин гуна машваратҳо, яке аз Тарафҳои Аҳдкунанда ошкор намояд, ки тарафи Ахдкунандаи дигар меъёрҳои бехатариро тибқи талаботи қисми 1 моддаи мазкур дар ҳар яке аз ин соҳаҳо, ки дар ниҳоят ба меъёрҳои хадди ақалии дар ин давра тибқи Конвенсия муқарраршуда самаранок риоя ё татбиқ наменамояд, Тарафи Аҳдкунандаи аввал дар бораи далелҳои муайянгардида ва чораҳое, ки барои мувофиқат ба ин меъёрҳои Ташкилоти байналмилалии Авиатсияи гражданӣ (ИКАО) зарур ҳисобида мешаванд ва дар хусуси он, ки Тарафи Аҳдкунандаи дигар амалҳои дахлдорро дар ин бобат роҳандозӣ намояд, огоҳ месозад. Тарафи Аҳдкунандаи дигар бояд тамоми чораҳоро дар вақти муайяншуда ҷиҳати ҳалли ин масъала андешад.
- Дар асоси моддаи 16 Конвенсия, ҳаргуна ҳавопаймое, ки ширкатҳои ҳавопаймоии таъингардидаи як Тарафи Ахдкунанда барои интиқол ба ё аз ҳудуди Тарафи Аҳдкунандаи дигар баҳрабардорӣ мегардад, имкон дорад ҳангоми дар ҳудуди Тарафи Ахдкунадаи дигар будан, мавриди санҷиши намояндагони ваколатдори Тарафи Аҳдкунандаи дигар қарор дода шавад, ба шарте, ки ин боиси дермонии беасоси парвоз нагардад. Бо вуҷуди уҳдадориҳои моддаи 33 Конвенсия ва Моддаи 13 Созишномаи мазкур, оид ба ҳаргуна ҳавопаймое, ки ширкатҳои ҳавопаймоии таъингардидаи як Тарафи Аҳдкунанда, ки барои интиқол ба ё аз ҳудуди Тарафи Аҳдкунандаи дигар баҳхрабардорӣ мегардад, дар дохил ва беруни ҳавопаймо ҷиҳати санҷиши эътиборнокии ҳуҷҷатҳои ҳавопаймо ва ҳайати парвозии он барои мутобиқат ба меъёрҳои Конвенсия гузаронида шавад.
- Ҳангоми ба миён омадани эҳтиёҷот ҷиҳати эътимоднокии бехатарии парвози ҳавопаймо, ҳар яке аз Тарафҳои Аҳдкунанда ҳуқуқи фавран боздоштан ё тағйир додани иҷозатномаи ширкат ва ё ширкатҳои Тарафи Аҳдкунанда дигар додашударо, дорад.
- Ҳаргуна амали як Тарафи Аҳдкунанда тибқи банди 4 моддаи мазкур ҳангоми қатъ гардидани асос барои қабули чунин амал, бояд қатъ карда шавад.
- Дар асоси банди 2 моддаи мазкур, агар муайян гардад, ки як Тарафи Аҳдкунанда талаботи меъёрҳои Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО)-ро дар муҳлати муқарраршуда иҷро накардааст, Котиботи Генералии Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО) бояд огоҳ карда шавад. Дар огоҳнома бояд тамоми ҳолати мавҷуда дарҷ карда шавад.
Моддаи 15 Бехатарии авиатсионӣ
1. Дар асоси ҳуқуқу уҳдадориҳои худ оид ба ҳуқуқи байналмилалӣ, Тарафҳои Аҳдкунанда бори дигар тасдиқ менамоянд, ки уҳдадориҳои нисбати ҳамдигар гирифтаи онҳо вобаста ба ҳифзи бехатарии ҳавопаймоҳои гражданӣ аз амалҳои дахолати ғайриқонунӣ, қисми таркибии ин Созишнома мебошад. Умуман татбиқ гардидани ҳуқуқу уҳдадориҳои худро оид ба ҳуқуқи байналмилалӣ маҳдуд накарда, Тарафҳои Аҳдкунанда аз ҷумла дар асоси қоидаҳои Конвенсия дар бораи ҷиноятҳо ва баъзе амалҳо дигар, ки дар дохили ҳавопаймо рӯй медиҳанд, дар шаҳри Токио 14 сектябри соли 1963 баимзорасида, Конвенсия дар бораи мубориза бо забти ғайриқонунии ҳавопаймоҳо, ки дар шахри Гаага 16 декабри соли 1970 ба имзо расонида шудааст, Конвенсия дар бораи мубориза бо амалҳои ғайриқонунии зидди бехатарии авиатсияи гражданӣ, ки дар шаҳри Монреал 23 сентябри соли 1971 ба имзо расидааст ва Протокол дар бораи мубориза бо амалҳои ғайриқонунӣ, зӯроварӣ дар фурудгоҳҳое, ки ба ҳавопаймоҳои граждании байналмилалӣ хизмат мерасонад, ки дар дар шаҳри Монреал 24 феврали соли 1988, Конвенсия оид ба аломатгузории маводи таркандаи пластикӣ бо мақсади ошкор кардан, ки 1 марти соли 1991 дар Монреал ба имзо расонида шудааст, ҳамчунин қоидаҳои ҳаргуна конвенсия ва протоколҳои дигари ба бехатарии авиатсияи гражданӣ дахлдошта, ки ба онҳо ҳарду Тарафи Аҳдкунанда ҳамроҳ шудаанд, амал менамоянд.
2. Тарафҳои Аҳдкунанда дар асоси дархост ба ҳамдигар ҷиҳати пешгирии амалҳои забти ғайриқонунии ҳавопаймоҳои гражданӣ ва дигар амалҳои ғайриқонунии зидди бехатарии ингуна ҳавопаймоҳо, мусофирон ва ҳайати парвозии онҳо, фурудгоҳҳо ва воситаҳои аэронавигатсионӣ, инчунин бартараф сохтани ҳаргуна таҳдидҳои дигар ба бехатарии авиатсияи гражданӣ равонагардида, ҳама гуна кӯмакҳои заруриро мерасонанд.
- Тарафҳои Аҳдкунанда муносибатҳои худро дар асоси қоидаҳои бехатарии авиатсионӣ, талаботҳои техникии Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ, ки замимаҳо ба Конвенсия номида шуда то он дараҷае, ки ин қоидаҳо оид ба бехатарӣ ва талабот нисбати ҳарду Тарафи Аҳдкунанда татбиқ гардида метавонанд, амал менамоянд; онҳо талаб мекунанд, ки баҳрабардорандагони ҳавопаймоҳое, ки ба қайд гирифта шудаанд ва ҷои фаъолияти асосӣ ё ҷои доимии воқеъшавии онҳо дар ҳудуди он аст, ҳамчунин баҳрабардорандагони фурудгоҳҳои ҳудуди онҳо фаъолияти худро дар асоси ин қоидаҳои бехатарии авиатсионӣ ба роҳ монанд.
- Тарафҳои Аҳдкунанда ба мувофиқа расиданд, ки баҳрабарандагони ҳавопаймоҳо имкон доранд, талаботи қоидаҳои авиатсионии дар банди 3 моддаи мазкур зикршударо, ки барои омадан, рафтан ё будубош дар ҳудуди Тарафи Аҳдкунандаи дигар татбиқ шудаанд, риоя намояд. Ҳар яке аз Тарафи Аҳдкунанда дар ҳудуди он татбиқи самарабахши чораҳои дахлдорро ҷиҳати ҳифзи ҳавопаймоҳо ва муоинаи мусофирон, ҳайати парвозӣ, бори дастӣ, бағоҷ, борҳо ва захираҳои дохили ҳавопаймоҳо то фаровардан аз ҳавопаймо ва ҳангоми савор кардан, таъмин намояд. Ҳар яке аз Тарафҳои Аҳдкунанда ҳамчунин бояд ҳама гуна дархости Тарафи Аҳдкунандаи дигарро оид ба андешидани чораҳои оқилонаи махсуси бехатарӣ барои муқовимат бо таҳдиди мушаххас, баррасӣ намояд.
- Дар мавриди руй додани ҳодиса ё таҳдиди ҳодисаи вобаста ба забти ғайриқонунии ҳавопаймои гражданӣ ё дигар амалҳои ғайриқонунии зидди бехатарии ин гуна ҳавопаймо, мусофирон ва ҳайати парвозии он, фурудгоҳҳо ё воситаҳои аэронавигатсионӣ равона гардида, Тарафҳои Аҳдкунанда бо роҳи соддагардонии алоқаи байниҳамдигарӣ ва андешидани дигар тадбирҳои зарурӣ, ҷиҳати ҳарчи зудтар қатъ гардидани амали ин гуна ҳодиса ё бартараф сохтани таҳдиди он ба ҳамдигар кӯмак мерасонанд.
Моддаи 16 Интиқоли даромадҳо
- Ҳар як Тарафи Аҳдкунанда ба ширкати ҳавопаймоии таъингардидаи Тарафи Аҳдкунандаи дигар ҳуқуқи озодона интиқол додани даромади изофа аз хароҷоте, ки ин ширкати ҳавопаймоии таъингардида дар ҳудуди Тарафи Аҳдкунандаи аввал ба даст овардааст, фароҳам месозад, интиқоли мусофирон, бор ва муросилот дар асоси қоидаҳои амалкунандаи мубодилаи асъори Тарафҳо сурат мегирад.
- Агар Тарафи Аҳдкунанда барои интиқол додани даромади изофа аз хароҷоти ширкати ҳавопаймоии таъингардидаи Тарафи Аҳдкунандаи дигар маҳдудият ҷорӣ намояд, охирин ҳуқуқ дорад барои ширкати ҳавопаймоии таъиншудаи Тарафи Аҳдкунандаи аввал низ маҳдудиятҳо ҷорӣ намояд.
- Дар сурате, ки пардохтҳои байни Тарафҳои Аҳдкунанда бо созишномаи махсус танзим карда шуда бошад, чунин созишнома татбиқ карда мешавад.
Моддаи 17 Пардохтҳо барои истифодабарӣ
Пардохтҳое, ки ҳар яке аз Тарафҳои Аҳдкунанда барои истифодаи фурудгоҳҳо ва дигар иншооте, ки таҳти назорати он қарор доранд, барои ширкатҳои ҳавопаймоии таъингардидаи Тарафи Аҳдкунандаи дигар ҷорӣ менамояд ё иҷозати ҷорӣ намуданро медиҳад, набояд аз пардохтҳое, ки барои истифодаи фурудгоҳҳо ва дигар иншоот аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии миллие, ки чунин алоқаи мунтазами ҳавоии байналмилалиро иҷро менамоянд, зиёд бошад.
Моддаи 18 Машваратҳо
- Мақомотҳои авиатсионии Тарафҳои Аҳдкунанда дар ҳамкории зич бо мақсади таъмини иҷро ва риояи қаноатбахши шартҳои Созишномаи мазкур ва ҷадвали замимашуда давра ба давра бояд бо якдигар машварат гузаронанд ва дар мавридҳои зарурӣ илова пешбинӣ намояд.
- Чунин машваратҳо бояд дар муҳлати шаст (60) рӯз пас аз гирифтани дархости хаттӣ, агар тартиби дигар байни ҷонибҳо мувофиқа нашуда бошад, барпо гардад.
- Ҳар як Тарафи Аҳдкунанда метавонад ба таври хаттӣ машварат дархост намояд, ки он дар давоми 60 (шаст) рӯзи гирифтани дархост оғоз мешавад, ба шарте, ки ҳарду Тарафи Аҳдкунанда барои тамдиди ин мӯҳлат розигӣ надиҳанд.
Моддаи 19 Ҳалли баҳсҳо
- Дар сурати ба миён омадани ягон баҳс байни Тарафҳои Аҳдкунанда вобаста ба тафсир ё татбиқи Созишномаи мазкур, Тарафҳои Аҳдкунанда дар навбати аввал кӯшиш менамоянд, ки онро бо роҳи гуфтушунид ҳал намоянд.
- Агар Тарафҳои Аҳдкунанда бо роҳи гуфтушунид ба қароре наоянд, онҳо метавонанд баҳсро ҷиҳати ҳал ба ягон шахс ё мақом барои миёнаравӣ супоранд; агар Тарафҳои Аҳдкунанда оид ба миёнаравӣ ба мувофиқа наоянд ё агар тавассути гуфтушунид ба ягон қарор наоянд, баҳс бояд бо дархости яке аз Тарафи Аҳдкунанда барои ҳал намудан ба суд супорида шавад, ки аз се (3) ҳакам иборат бошад, ки якнафарӣ аз ҷониби ҳар як Тарафи Аҳдкунанда ва сеюм аз ҳар ду ҷониб таъин карда мешавад. Ҳар яке аз Тарафҳои Аҳдкунанда дар давоми 60 (шаст) рӯз аз рӯзи гирифтани огоҳинома аз ҷониби як Тарафи Аҳдкунанда тавассути роҳҳои дипломатӣ дар бораи дархости ҳакамии баҳс аз ҷониби чунин ҳакамӣ ва ба сифати ҳаками сеюм аз ҷониби ду ҳаками таъингардида дар муддати шаст (60) рӯз пас аз интихоб гардидани ҳаками дуюм, таъин мегардад. Агар яке аз Тарафҳои Аҳдкунанда дар муҳлати муқарраргардида номзадии ҳакамро пешниҳод накунад ё ҳаками сеюм дар мӯҳлати муқарраршуда таъин нашавад, Раиси Шӯрои Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО) метавонад бо дархости яке аз Тарафҳои Аҳдкунанда ҳакам ё ҳакамҳо мувофиқи парванда таъин намояд. Дар чунин мавридҳо ҳаками сеюм шаҳрванди давлати сеюм буда, ҳамчун раиси суди ҳакамӣ баромад мекунад.
- Ба истиснои муқаррароти моддаи мазкур ё агар муқаррароти дигар аз ҷониби Тарафҳои Аҳдкунанда мувофиқа нашуда бошад, суд макони баргузории тафтишоти судӣ ва доираи ҳуқуқи онро тибқи Созишномаи мазкур муайян менамояд. Бо дастури суди ҳакамӣ ё бо дархости яке аз Тарафҳои Аҳдкунанда конфронс барои муайян кардани масъалаҳои дақиқи ҳакамӣ ва расмиёти мушаххасе, ки бояд риоя карда шаванд, на дертар аз 30 (сӣ) рӯз пас аз пурра суд ташкил карда намешавад, баргузор мешавад.
- Агар аз ҷониби Тарафҳои Аҳдкунанда тартиби дигар мувофиқа нашуда бошад ё ба истиснои ҳолатҳое, ки аз тарафи суд муқаррар карда шуда бошад, ҳар як Тарафи Аҳдкунанда бояд ёддошти тафоҳумро дар муҳлати чилу панҷ (45) рӯз пас аз он, ки суд пурра ташкил дода мешавад, пешниҳод намояд. Ҷавобҳо бояд бо гузаштани шаст (60) рӯз гирифта шаванд. Суд бо дархости яке аз Тарафҳои Аҳдкунанда ё бо салоҳдиди худ, дар муддати си (30) рӯз пас аз он, ки ҷавоб гирифта мешавад, бояд мурофиаи судӣ гузаронад.
- Суд бояд дар муддати си (30) рӯз пас аз анҷом ёфтани мурофиаи судӣ ва агар мурофиаи суди нагузаронида шуда бошад, дар муддати си (30) рӯз пас аз он, ки аз ҷониби ҳар ду тараф ҷавобҳо гирифта шуданд, бояд қарори хаттӣ барорад. Қарор бо гирифтани овози аксарият қабул мешавад.
- Тарафҳои Аҳдкунанда метавонанд оид ба шарҳу баёни қарор дар муддати понздаҳ (15) рӯз пас аз гирифтани қарори суд дархост намоянд ва чунин шарҳу баён бояд дар муҳлати понздаҳ (15) рӯз пас аз гирифтани ин гуна дархост пешниҳод гардад.
- Тарафҳои Аҳдкунанда бояд тамоми тавзеҳоти судӣ, қоидаҳои муваққатӣ ё қарори ниҳоии судро риоя намоянд.
- Ҳар як Тарафи Аҳдкунанда хароҷоти ҳаками таъинкардаи худро бар дӯш мегирад. Инчунин хароҷотҳои дигари судро Тарафҳои Аҳдкунанда баробар тақсим менамоянд.
Моддаи 20 Созишномаҳои бисёрҷониба
Ҳангоми бастани конвенсия ё созишномаи бисёрҷониба дар бораи ҳамлу нақли ҳавоӣ, ки ҳарду Тарафҳои Аҳдкунанда онро ҷонибдорӣ намуданд, Созишномаи мазкур бояд ба муқаррароти ин Конвенсия ё Созишнома тағйир дода шавад.
Моддаи 21 Ворид намудани тағйироту иловаҳо
- Агар яке аз Тарафҳои Аҳдкунанда матлуб шуморад, ки яке аз муқаррароти Созишномаи мазкур, аз ҷумла Ҷадвали парвозҳо, ки ҷузъи Созишнома ҳисобида мешавад, тағйир дода шавад, мувофиқи моддаи 18 Созишномаи мазкур машварат дархост мекунад. Чунин машваратҳо метавонанд бо роҳи мубодилаи иттилоот сурат гиранд.
- Агар ворид намудани тағйирот ба муқаррароти Созишнома ба гайр аз Ҷадвали парвозхо, дахл дошта бошад, ин тағйирот аз ҷониби ҳар як Тарафи Аҳдкунанда мувофиқи расмиёти ҳуқуқии он тасдиқ карда мешавад ва баъд аз мубодилаи огоҳиномаҳо тавассути роҳҳои дипломатӣ эътибор пайдо мекунад.
- Агар ворид намудани тағйирот ба муқаррароти Ҷадвали парвозҳо дахл дошта бошад, он бояд байни Мақомоти авиатсионии ҳар ду Тарафи Аҳдкунанда мувофиқа карда шавад. Чунин тағйирот аз рӯзи аз ҷониби Мақомоти авиатсионии ҳарду Тарафи Аҳдкунанда тасдиқ шудани он эътибор пайдо мекунад.
Моддаи 22 Бақайдгирӣ дар Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО)
Созишномаи мазкур ва ҳаргуна тағйиру иловаҳо ба он бояд дар Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ ба қайд гирифта шаванд.
Моддаи 23 Қатъи амали Созишнома
Ҳар яке аз Тарафҳои Аҳдкунанда дар ҳар вақти дилхоҳ метавонад ба Тарафи Аҳдкунандаи дигар оид ба қарори худ дар бораи қатъи амали Созишномаи мазкур бо дипломатӣ дар шакли хаттӣ огоҳинома ирсол намояд. Ин гуна огоҳинома ҳамзамон ба Ташкилоти Байналмилалии Авиатсияи Гражданӣ (ИКАО) фиристода мешавад. Дар ин маврид, Созишномаи мазкур баъди дувоздаҳ (12) моҳи пас аз рӯзи аз ҷониби Тарафи Аҳдкунандаи дигар гирифтани огоҳинома қатъ меёбад, агар ин огоҳинома бо мувофиқаи Тарафҳо то гузаштани ин муҳлат бозхонда нашавад. Дар сурати мавҷуд набудани тасдиқи гирифтани огоҳинома аз ҷониби Тарафи Аҳдкунандаи дигар, пас аз чордаҳ (14) рӯзи қабули огоҳинома аз ҷониби Ташкилоти Байналмилалии Авиатсияи Гражданӣ (ИКАО) он гирифташуда ба ҳисоб меравад.
Моддаи 24 Эътибор пайдо кардан
Созишномаи мазкур ба муҳлати номуайян баста шуда, аз санаи гирифтани огоҳиномаи хаттии охирин ба тариқи роҳҳои дипломатӣ оид ба иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатӣ аз ҷониби Тарафҳои Аҳдкунанда эътибор пайдо мекунад.
Барои тасдиқи муқаррароти болозикр имзокунандагони зерин, ки аз ҷониби ҳукуматҳои худ ваколатдор шудаанд, ҳамин Созишномаро ба имзо расонидаанд.
Ин Созишнома дар шаҳри Масқат «15» марти соли 2023 ҳар кадом дар ду нусхаи аслӣ бо забонҳои тоҷикӣ, арабӣ ва англисӣ ба имзо расида, зимнан ҳамаи матнҳо эътибори якхела доранд. Дар ҳолати пеш омадани ихтилоф дар тафсири Созишномаи мазкур ба матни англисӣ афзалият дода мешавад.
Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сафарзода Дилшод Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон | Аз ҷониби Ҳукумати Салтанати Умон
Наиф Алӣ Ҳамад Ал Абрӣ
Президенти мақомоти
авиатсионии Салтанати Умон
|
Замима Руйхати хатсяйри 1
- Самтҳое, ки аз ҷониби ширкат(-ҳо)и ҳавопаймоии таъингардидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду самт мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд:
Нуқтаи парвоз
|
Нуқтаҳои мобайни
|
Нуқтаи таъинот
|
Нуқтаҳои
берун аз ҳудуд
|
(1)
|
(2)
|
(3)
|
(4)
|
Маҳалҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
Дигар маҳалҳо
|
Маҳалҳо дар Салтанати Умон
|
Дигар маҳалҳо
|
- Ширкатҳои ҳавопаймоии таъиншудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама ё ҳама гуна парвозҳо метавонанд ба яке аз нуктаҳои дар сутунҳои (2) ва (4) дар боло рад кунанд, ба шарте ки Хизматрасониҳои мувофиқашуда дар ин хатсайрҳо аз нуқтаи дар сутуни (1) оғоз шаванд.
Руйхати хатсайри 2
- Самтҳое, ки аз ҷониби ширкат(-ҳо)и ҳавопаймоии таъингардидаи Ҳукумати Салтанати Умон дар ду самт мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд:
Нуқтаи парвоз
|
Нуқтаҳои мобайни
|
Нуқтаҳои таъинот
|
Нуқтаҳои
берун аз ҳудуд
|
(1)
|
(2)
|
(3)
|
(4)
|
Маҳалҳо дар Ҳукумати Салтанати Умон
|
Дигар маҳалҳо
|
Маҳалҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
Дигар маҳалҳо
|
- Ширкатҳои ҳавопаймоии таъиншудаи Ҳукумати Султонати Умон дар ҳама ё ҳама гуна парвозҳо метавонанд ба яке аз нуқтаҳои дар сутунҳои (2) ва (4) дар боло рад кунанд, ба шарте ки Хизматрасониҳои мувофиқашуда дар ин хатсайрҳо аз нуқтаи дар сутуни (1) оғоз шаванд.
Шарҳ
- Ширкат(-ҳо)и ҳавопаймоии таъингардидаи як Тарафи Аҳдкунанда ҳуқуқ дорад, ки дар нуқтаҳои ҳудуди Тарафи Аҳдкунандаи дигар ингуна парвозҳои байнидавлатиро алоҳида ё дар якҷоягӣ амалӣ намояд, ба шарте, ки агар ин ҳамлу нақли дохилӣ набошад ва ғайритиҷоратӣ бошад.
- Истифодабарии ҳуқуқи тиҷоратии дараҷаи панҷуми «озодии ҳавоӣ» бо қарордодҳои дахлдор байни маъмуриятҳои авиатсионӣ сурат мегирад.