Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 августи соли 2024, № 448 "Дар хусуси лоиҳаи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Вазоратимеҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлия, Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати тандурустӣ, меҳнат ва некуаҳволӣ ва Агентии миллии полиси Япония дар бораи асосҳои ҳамкории иттилоотӣ ҷиҳати роҳандозии низоми захираҳои инсонии хориҷии дорои мақоми «коргари соҳибтахассуси махсус»"

Санаи амалкуни: 08.08.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар хусуси лоиҳаи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Вазоратимеҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлия, Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати тандурустӣ, меҳнат ва некуаҳволӣ ва Агентии миллии полиси Япония дар бораи асосҳои ҳамкории иттилоотӣ ҷиҳати роҳандозии низоми захираҳои инсонии хориҷии дорои мақоми «коргари соҳибтахассуси махсус»

Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 8 августи соли 2024, № 448
Тарҷумаи ғайрирасмӣ

ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ ОИД БА ҲАМКОРӢ БАЙНИВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ВАЗОРАТИ АДЛИЯ, ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ХОРИҶӢ, ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ, МЕҲНАТ ВА НЕКУАҲВОЛӢ ВА АГЕНТИИ МИЛЛИИ ПОЛИСИ ЯПОНИЯ ДАР БОРАИ АСОСҲОИ ҲАМКОРИИ ИТТИЛООТӢ ҶИҲАТИ РОҲАНДОЗИИ НИЗОМИ ЗАХИРАҲОИ ИНСОНИИ ХОРИҶИИ ДОРОИ МАҚОМИ «КОРГАРИ СОҲИБТАХАССУСИ МАХСУС»

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд «Вазорати Ҷумҳурии Тоҷикистон») ва Вазорати адлия, Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати тандурустӣ, меҳнат ва некуаҳволӣ ва Агентии миллии полиси Япония (минбаъд «Вазоратҳо ва Агентиҳои Япония») нуқтаи назари худро барои рушди манфиатҳои мутақобила тариқи ҳамкории ду кишвар оид ба интиқол ва қабули коргари соҳибтахассуси дорои таҷриба ва малакаҳои муайян, ки аз ҷониби Ҳукумати Япония ба онҳо мақоми «коргари соҳибтахассуси махсус» (минбаъд - «кормандони соҳибтахассус») дода шудааст, дар доираи низоми қабули (минбаъд «система») захираҳои инсонӣ, иброз менамоянд. Бо пайравӣ ба ин Ёддошти тафоҳум, вазорату агентиҳои Япония ва Вазорати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - «Вазоратҳо ва идораҳои ҳар ду кишвар») ба мувофиқаи зайл расиданд:

Моддаи 1. Мақсад

Мақсади ин Ёддошти тафоҳум мусоидат намудан ба сафарбаркунӣ ва қабули коргарони соҳибтахассус аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Япония ва таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо тавассути таъсиси асоси заминавии шарикии иттилоотӣ (аз ҷумла, аз байн бурдани созмонҳои миёнарави зараровар) ва ҳалли масъалаҳои сафарбаркунӣ, қабул ва истиқомати коргарони соҳибтахассуси махсус дар Япония, инчунин рушди манфиатҳои мутақобилаи ҳар ду кишвар тавассути ҳамкорӣ барои фаъолияти дурусти низом, мебошад.

Моддаи 2. Сохтори масъули тамос

Ҷиҳати татбиқи самараноки Ёддошти тафоҳум Вазоратҳо ва идораҳои ҳар ду кишвар сохтори алоҳидаи зеринро барои тамоси ҳар як кишвар таъмин менамоянд.

1) Аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон:

...

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О проекте Меморандума о сотрудничестве между Министерством труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан и Министерством юстиции, Министерством иностранных дел, Министерством здравоохранения, труда и благосостояния и Национальным полицейским агентством Японии об основах информационного сотрудничества для внедрения системы иностранных человеческих ресурсов со статусом «специальный профессиональный работник»

В соответствии со статьей 7 Закона Республики Таджикистан «О международных договорах Республики Таджикистан» Правительство Республики Таджикистан постановляет:


Председатель Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 8 августа 2024 года №448

 Прилагается на тадж.яз


...