ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар хусуси лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмиллалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ маъқул дониста шавад.
2. Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи мазкурро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонад ва ҳангоми зарурат ба матни он тағйиру иловаҳои хусусияти муҳимнадоштаро ворид намояд.
3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида сана ва маҳалли имзои Созишномаи мазкурро бо ҷониби Япония мувофиқа намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 8 августи соли 2024, № 446
Лоиҳа
СОЗИШНОМА БАЙНИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҲУКУМАТИ ЯПОНИЯ ОИД БА ҲАВАСМАНДГАРДОНӢ ВА ҲИФЗИ МУТАҚОБИЛАИ САРМОЯГУЗОРӢ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония (минбаъд «Тарафҳои аҳдкунанда ва дар алоҳидагӣ Тарафи аҳдкунанда» номида мешаванд)
...