ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар хусуси лоиҳаи Созишномаи грантӣ доир ба лоиҳаи пешниҳоди бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
- Лоиҳаи Созишномаи грантӣ доир ба лоиҳаи пешниҳоди бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ маъқул дониста шавад.
- Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи грантии мазкурро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонад ва ҳангоми зарурат ба матни он тағйиру иловаҳои хусусияти муҳимнадоштаро ворид намояд.
- Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида сана ва маҳалли имзои Созишномаи грантии мазкурро бо Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ мувофиқа намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 8 августи соли 2024, № 445
Созишномаи грантӣ №
СОЗИШНОМАИ ГРАНТӢ ДОИР БА ЛОИҲАИ ПЕШНИҲОДИ БУРСИЯҲОИ ТАҲСИЛӢ БАРОИ РУШДИ ЗАХИРАҲОИ ИНСОНӢ БАЙНИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА АГЕНТИИ ЯПОНИЯ ОИД БА ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Санаи ба имзо расонидани С/Г Моҳ, руз, сол
Мувофиқи Ёддоштҳои табодулӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония аз санаи дар бораи ҳамкории иқтисодии Япония бо мақсади мусоидат ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - "Ё/Т") ва қонунҳои марбута, санаддои меъёрии дудудй ва маблагдои дудошудаи Япония, Ҳукумати Цумдурии Тодикистон (минбаъд - "Грантгиранда") ва Агентии Япония оид ба дамкоридои байналмилалй (минбаъд - "JICA") ба мувофида расидацд, ки созишномаи грантии мазкурро (минбаъд - "С/Г") ба имзо расонанд.
Моддаи 1 Маблағ ва ҳадафи Грант
JICA ба Грантгиранда ба маблағи умумии дусаду наваду ҳашт миллион йени японӣ (298 000 000 йен) (минбаъд - "Грант") бо мақсади татбиқи лоиҳаи пешниҳоди бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ, ки дар зербанди (1) Моддаи 1 Ё/Т (минбаъд - “Лоиҳа” зикр шудааст), ҷудо менамояд. Маълумоти муфассал оид ба лоиҳаи мазкур дар замимаи Ҷадвали 1 оварда шудааст.
Моддаи 2 Мавҷудияти грант
Грант дар шакли пардохти аз ҷониби JICA дар давраи дар Сутуни 1 ҷадвали Замимаи 1 ҳуҷҷати мазкур нишон додашуда мувофиқи тақсимоти маблағ барои ҳар як давра, ки дар Сутуни 2 Замимаи номбурда дарҷ шудааст, дастрас хоҳад буд.
Моддаи 3 Истифодаи Грант
Грантгиранда маблағи грантро бояд ба таври дуруст ва танҳо барои пӯшонидани пардохтҳои вакил (минбаъд ҳамчун "Вакил" номгузорӣ мешавад) аз ҷониби шаҳрвандони салоҳиятдор, ки дар Қисми 2 Замимаи 2 зикр ёфтаанд, барои хариди маҳсулот ва/ё хизматрасониҳои кишварҳои таҳвилкунандаи салоҳиятдор, ки дар Қисми 3 Замимаи 2 зикр шудаанд ва барои татбиқи Лоиҳа заруранд, истифода барад.
Моддаи 4 Идораи Грант
- Грантгиранда бояд Агентии хизматии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун агентии иҷрокунанда (минбаъд "Агентии иҷрокунанда" номгузорӣ мешавад) барои татбиқи Лоиҳа аз номи Грантгиранда таъин мекунад. Грантгиранда Агентии иҷрокунандаро барои иҷрои ҳама гуна уҳдадориҳое, ки ба он пешниҳод шудааст, муваззаф мекунад ва барои ҳамаи амалҳои Агентии иҷрокунанда оид ба Лоиҳаи мазкур ҷавобгар аст.
- Грантгиранда Вакилро барои татбиқи лоиҳа ба кор мегирад. Вакил аз ҷониби JICA ба Грантгиранда тавсия дода мешавад. Тавсияи чунин Вакил аз ҷониби JICA маънои онро надорад, ки JICA уҳдадориҳое, ки вакил намоянда бояд барои Грантгиранда иҷро кунад, ба зиммаи худ мегирад.
- Агар маблағҳои Грант барои татбиқи Лоиҳа нокифоя бошанд, Гранттиранда барои ҷудо кардани чунин маблағҳо дар ҳолати зарурӣ фавран чораҷӯйи менамояд.
Моддаи 5 Муқаррарот ва шартҳои умумӣ
- JICA ва Грантгиранда маҷмуи муқаррарот ва шартҳои умумии JICA-ро, ки барои Гранти Япония истифода мешаванд ва аз моҳи январи соли 2016 амал карда истодаанд (минбаъд - "М ва ШУ") риоя мекунанд.
- Маълумоти муфассал оид ба харид, ки дар қисми 2.01 М ва ШУ пешбинӣ шудааст, дар Замимаи 2 дарҷ ёфтааст.
- Тартиби пардохт, ки дар қисми 3.01 М ва ШУ пешбинӣ шудааст, дар Замимаи 3 дарҷ шудааст.
- Калимаи "машваратчӣ" дар М ва ШУ бо калимаи "Вакил" иваз карда шавад.
- Суроғаҳои дар банди 7.03-и М ва ШУ пешбинишуда инҳоянд:
Аз ҷониби Грантгиранда
Суроғаи почтавӣ:
ВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Кӯчаи Ф.Ниёзӣ, Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734025
Ба номи: Вазир
Аз ҷониби Агентии иҷрокунанда
Суроғаи почтавӣ:
АГЕНТИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Кӯчаи Саид Носир, 33, Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734003
Ба номи: Директор
Аз ҷониби JICA
Суроғаи почтавӣ:
Намояндагии Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хиёбони Рӯдакӣ, 14, шаҳри Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734013 меҳмонхонаи Серена, ошёнаҳои 4 ва 5
Душанбе, Тоҷикистон
Ба номи: Роҳбари Намояндагӣ
Нусха ба
Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалй
Шӯъбаи татбиқи ҳамкориҳои молиявӣ
Нибан-Чо 5-25, Чиёда - ку, Токио, 102-8012, Япония
Ба номи: Директори генералӣ
Моддаи 6 Уҳдадориҳои дигари Грантгиранда
- Грантгиранда уҳдадориҳои дар қисми 4 Замимаи 2 ва Замимаи 4 ҳуҷҷати мазкур, зикргардидаро иҷро мекунад.
- Грантгиранда кафолат медиҳад, ки ягон намояндаи расмии он барои иҷрои фаъолият оид ба хариди маҳсулот ва/ё хизматрасониҳое, ки барои татбиқи Лоиҳа заруранд, ҷалб намешавад.
- Грантгиранда ҳисобот оид ба рафти лоиҳаро тибқи ҷадвали мувофиқашуда то анҷоми лоиҳа ба JICA пешниҳод мекунад, дар шакл ва муфассале, ки метавонад JICA асоснок талаб кунад. Ҳарчи зуддар, вале на камтар аз шаш (6) моҳ пас аз ба итмом расидани Лоиҳа, Грантгиранда ба JICA ҳисоботи анҷоми лоиҳаро дар чунин шакл ва муфассале пешниҳод мекунад, ки JICA метавонад ба таври асоснок дархост кунад.
Моддаи 7 Сарлавҳаҳо
Сарлавҳаҳои моддаҳо дар ин ҳуҷҷат танҳо барои истифодаи мафҳумҳои сода, на барои маҳдуд кардан ё ба муқаррароти М ва ШУ таъсир расондан ҷойгир карда шудаанд.
Дар ин хусус JICA ва Грантгиранда, ки ба воситаи намояндагони ваколатдори худ амал мекунанд, Созишномаи грантиро барои иҷро аз номи худ дар санаи дар боло зикршуда дар ш. Душанбе ба имзо расониданд.
Аз номи ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
(Ному насаб) (Вазифа) | Аз номи АГЕНТИИ ЯПОНИЯ ОИД БО ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
ИМАЙ Сэйдзю Роҳбари Намояндагии JICA дар Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Замимаи 1 Маълумоти муфассал дар бораи Лоиҳа
- Ҳадаф:
Ҳадафи Лоиҳа бартараф намудани мушкилоти рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути дастгирии хизматчиёни давлатии ҷавон ва дигар шахсони дигаре, ки метавонанд вазифаҳои роҳбарикунандаро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол намоянд, барои дарёфти унвони магистр ё доктор дар муассисаҳои олии Япония, мебошад, ки ба таҳкими шарикии дуҷониба мусоидат мекунад.
- Ҳаҷми кор:
(а) хизматрасониҳо барои таъмини имкониятҳои таҳсил дар Япония;
(б) пардохти бурсияҳо
Ҷадвал
Сутуни 1 | Сутуни 2 |
Давра | Маблағ |
Санаи эътибор пайдо кардани С/Г ва 31 декабри соли 2031 (давраи 1) | Ҳаштоду нуҳ миллион йени японӣ (89,000,000 йен) |
1 апрели соли 2025 ва 31 декабри соли 2031 (давраи 2) | Ҳаштоду нуҳ миллион йени японӣ (89,000,000 йен) |
1 апрели соли 2026 ва 31 декабри соли 2031 (давраи 3) | Шаст миллион йени японӣ (60,000,000 йен) |
1 апрели соли 2027 ва 31 декабри соли 2031 (давраи 4) | Сифр миллион йени японӣ (0 йен) |
1 апрели соли 2028 ва 31 декабри соли 2031 (давраи 5) | Шаст миллион йени японӣ (60,000,000 йен) |
Маблағи умумӣ: Дусаду наваду ҳашт миллион йени японӣ (298,000,000 йен)
Замимаи 2 Тафсилот оид ба харид
Бахши 1. Дастурамал оид ба харид дар доираи грант
Бо мақсади таъмини истифодаи дуруст ва мақсадноки Грант, хариди маҳсулот ва/ё хизматрасониҳое, ки барои татбиқи лоиҳа заруранд, тибқи Дастурамали JICA оид ба амалисозии Лоиҳаи кӯмаки грантии Япония оиди пешниҳоди бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ (JDS), ки моҳи апрели соли 2022 қабул шудаанд (минбаъд - "Дастурамал оид ба амалисозӣ"), ба роҳ монда мешавад.
Бахши 2. Шаҳрвандони салоҳиятдор
- Шахсони салоҳиятдори Вакил, ки бевосита бо Грантгиранда барои иҷрои Лоиҳа шартнома мебандад, бояд шаҳрвандони Япония бошанд.
- Дар робита ба зербанди (1) дар боло зикршуда, "шаҳрвандони Япония" ифодагари шахсони воқеӣ ё шахсони ҳуқуқии Япония, ки аз ҷониби шахсони воқеии Япония тавре ки дар банди 4 Ё/Т дарҷ шудааст, идора карда мешаванд, дорад.
- Чунин шартномаҳо, ки дар зербанди (1) дар боло пешбинӣ шудаанд, бояд бо асъори йени японӣ баста шаванд.
Бахши 3. Кишварҳои таҳвилкунандаи салоҳиятдор
- Кишварҳои таҳвилкунандаи салоҳиятдор бояд Япония ва кишвари Грантгиранда барои хариди маҳсулот ва/ё хизматрасониҳо барои татбиқи Лоиҳа бошанд.
- Новобаста аз зербанди (1) дар боло зикршуда, вақте ки JICA ва Грантгиранда зарурати онро талаб мекунанд, Грант метавонад барои хариди маҳсулот ва/ё хизматрасониҳо аз кишварҳои ғайр аз Япония ва кишвари Гранттиранда барои татбиқи Лоиҳа истифода шавад.
Бахши 4. Тафсир/шарҳ аз ҷониби JICA
Дар робита ба тартибот ва қарорҳои Грантгиранда оид ба харидорӣ Грантгиранда барои баррасӣ ва тасдиқ ба JICA чунин ҳуҷҷатҳоро дар ҳолатҳои зерин ((1)-(3)) пешниҳод менамояд. Грантгиранда инчунин ба JICA барои маълумоти он ҳама гуна ҳуҷҷатҳо ва маълумоти марбутае, ки JICA асоснок дархост мекунад, бояд пешниҳод намояд. Вақте ки JICA ба ин гуна ҳуҷчатҳо мухолифат намекунад, он ба Грантгиранда оид ба розигии худ хабар медиҳад. Ҳуқуқи JICA барои иҷрои чунин шарҳ ва ҳамоҳангсозӣ уҳдадории он ҳисобида намешавад. Грантгиранда аз ҳеҷ гуна уҳдадориҳои худ, ки дар С/Г дарҷ шудаанд, бо сабаби тасмими JICA барои анҷом додан ё надодани чунин баррасиҳо, озод карда намешавад.
(1) Иҷрои шартномае, ки бо Вакил баста мешавад
Нусхаи аслии шартнома бо Вакилон басташуда пас аз имзо шудан бо мақсади санҷиши мутобиқат (верификатсия) ба талаботи Грант фавран пешниҳод мешавад.
(2) Тағйир ва ё қатъи шартнома
(а) Дар ҳолати зарур будани тамдид додани муҳлати шартнома, маълумот бо сабабҳое, ки чунин тағийротро асоснок мекунанд, пешниҳод карда мешавад; яъне дар ҳолате, ки муҳлати ба таъхир гузоштан аз се (3) моҳ зиёд мебошад ё давраи аз анҷоми шартномаи тамдидшуда то муҳлати мавҷудияти Грант камтар аз шаш моҳ аст.
(b) Маълумот дар бораи ҳама гуна тағйироти ҷиддӣ ва ё бекор кардани шартнома фавран ба JICA пешниҳод карда мешавад ва нусхаи аслии шартнома ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ низ баъди ба имзо расидан бо мақсади санҷиши мутобиқат (верификатсия) ба талаботи Грант фавран пешниҳод мешаванд.
(3) Ворид намудани тағйирот ба тарҳи аслии Лоиҳа
Тавсифи ҳар гуна тағйироти ҷиддии ба тарҳи аслии лоиҳа воридшуда пеш аз иҷрои корҳои вобаста ба тарҳи тағйирёфта пешниҳод карда мешавад.
Бо мақсади пешгирии шубҳа, ҳар гуна иловае, ки тағйироти ҷиддии тарҳ ё тағйирёбии ҷиддии шартнома чи тавре ки JICA муқаррар намудааст маҳсуб намеёбад, розигии JICA-ро талаб намекунад.
[холӣ гузошта шавад]
Замимаи 3 Тартиботи пардохт
Қисми 1. Амалиётҳои бонкӣ ва додани иҷозатнома барои пардохт
Грантгиранда бояд шартномаи бонкӣ (минбаъд - "амалиётҳои бонкӣ")-ро бо бонк дар Япония (минбаъд - "Бонки вакил") имзо кунад ва кушодани суратҳисоб (минбаъд - "Ҳисоби бонкӣ")-ро дар Бонки вакил фавран баъд аз имзои созишнома ба амал расонад. Амалиётҳои бонкӣ нақши Бонк ва Грантгирандаро дар бораи гирифтани Грант аз JICA ва пардохти маблағ ба Вакил тибқи Грант бо истифода аз иҷозат барои пардохт (минбаъд - "Иҷозатнома барои пардохт") муқаррар мекунанд. Барои амалисозии расмиёти танзими бонкӣ, Грантгиранда ба Бонки вакил мувофиқи ҳар як созишномаи аз ҷониби JICA тасдиқ карда шуда, иҷозатнома барои партохт месупорад.
Қисми 2. Тартибот
Пардохт аз рӯйи дархост аз ҷониби Вакил анҷом дода мешавад. Дархост оид ба пардохт ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз ҷониби Вакил ба Бонки вакил, ки аз ҷониби Грантгиранда дар иҷозатнома барои пардохт пешниҳод мегардад, супорида мешавад. Ин ҳуҷҷатҳо инчунин ба JICA пешниҳод карда мешаванд. JICA миқдори дархостшудаи Грантро ба ҳисоби бонкии грант бо йени японӣ баъд аз тасдиқ кардани дархости пешниҳодшуда барои пардохт ва дигар хуҷҷатҳои зарурӣ, пардохт мекунад. Бонки вакил маблағро ба Вакил аз ҳисоби маблағи грант аз номи Грантгиранда пас аз ҷудо шудани маблағи грантӣ пардохт мекунад.
[холӣ гузошта шавад]
Замимаи 4 Уҳдадориҳои Грантгиранда
Бо дарназардошти уҳдадориҳои Грантгиранда, ки дар Ёддоштҳои табодулӣ пешбинӣ шудаанд, Грантгиранда муваззаф аст, ки уҳдадориҳои дар ҷадвалҳои дар поён зикршударо иҷро намояд. JICA ва Грантгиранда метавонанд ба таври алоҳида ва дар шакли хаттӣ оиди бандҳо, муҳлатҳо ва масъалаҳои дигаре, ки дар ҷадвалҳои зерин дарҷ шудаанд ва дар доираи уҳдадориҳое, ки дар Ёддоштҳои табодулӣ пешбинӣ шудаанд, созишнома қабул кунанд.
- Уҳдадориҳои мушаххаси Грантгиранда, ки аз маблағи Грант пардохт намешаванд
№ | Бандҳо | Муҳлати иҷроиш | Масъул | Арзиши тахминӣ | Истиснод |
1 | Ташкили кумитаи иҷроия (минбаъд "Кумита") бо мақсади муҳокима кардани ҳама масъалаҳое, ки дар робита бо С/Г ба вуҷуд меоянд | 1 моҳ баъд аз имзои С/Г | Агентии хизматии давлатӣ | N/A | |
2 | Таъини Роҳбари намояндагони Грантгиранда, ки раиси Кумита хоҳад буд | 1 моҳ баъд аз имзои С/Г | Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон | N/A | |
3 | Кушодани суратҳисоби бонкӣ (Амалиётҳои бонкӣ (С/Б)) | 1 моҳ баъд аз имзои С/Г | Агентии хизматии давлатӣ ва Вазорати молия | N/A | |
4 | Супоридани иҷозатнома барои пардохт ба бонк дар Япония (Бонки вакил) барои пардохт ба Вакил | 1 моҳ баъд аз имзои шартнома | Агентии хизматии давлатӣ ва Вазорати молия | N/A | |
5 | Пардохти комиссияҳои зерин ба бонки Япония барои хизматрасониҳои бонкӣ дар асоси Амалиётҳои бонкӣ (А/Б) | | Агентии хизматии давлатӣ ва Вазорати молия | | |
| - Комиссия барои хизматрасониҳои машваратӣ оид ба иҷозатнома барои пардохт
| 1 моҳ баъд аз имзои шартнома | Агентии хизматии давлатӣ ва Вазорати молия | тахминан 10,000 -йен | |
| 2) Комиссияи пардохт оид ба иҷозатнома барои пардохт | Ҳар пардохт | Агентии хизматии давлатӣ ва Вазорати молия | тахминан0.1% аз маблағи пардохт | |
6 | Ташкили ҷаласаи аввалини Кумита | Дар давоми 1 моҳ пас аз таъини Вакил | Агентии хизматии давлатӣ | N/A | |
7 | Ташкили ҷаласаҳои Кумита | Дар давоми лоиҳа | Агентии хизматии давлатӣ | N/A | |
8 | Таъмини озод кардан аз пардохти боҷҳои гумрукӣ, андозҳои дохилӣ ва дигар хароҷоти буҷетӣ, ки метавонанд дар кишвари Грантгиранда дар мавриди хариди маҳсулот ва/ё хизматрасониҳо ситонида шаванд | Дар давоми лоиҳа | Вазорати молия | N/A | |
9 | Мусоидат барои вориди шахсони воқеии Япония ва/ё шахсони воқеии кишварҳои сеюм, ки хизматрасонии онҳо мставонанд вобаста ба таъмини маҳсулот ва/ё хизматрасониҳо зарур бошанд, ба кишвари Грантгиранда ва дастгирии онҳо дар фаъолияти кориашон дар он ҷо | Дар давоми лоиҳа | Вазорати корҳои хориҷӣ | N/A | |
10 | Пардохти ҳамаи хароҷотҳое, ки барои татбиқи лоиҳа заруранд, ғайр аз онҳое, ки Грант фаро гирифтааст | Дар давоми лоиҳа | Вазорати молия | N/A | |
11 | Ҳангоми татбиқи лоиҳа ба масъалаҳои экологӣ ва иҷтимоӣ аҳамияти ҷиддӣ додан | Дар давоми лоиҳа | Агентии хизматии давлатӣ ва Вазорати молия | N/A | |
12 | Таъмин намудани амнияти шахсоне, ки дар амалигардонии Лоиҳа дар кишвари қабулкунанда ширкат меварзанд | Дар давоми лоиҳа | Агентии хизматии давлатӣ | N/A | |
13 | 1) Пешниҳоднамуданиҳисоботи мониторинги оиди лоиҳаи JDS | Ҳар як нимсола | Агентии хизматии давлатӣ | | |
| Пешниҳод намудани ҳисоботи мониторииги оиди лоиҳаи JDS (ниҳоӣ) | Пас аз ба анҷом расидани лоиҳа | Агентии хизматии давлатӣ | | |
14 | Боварӣ ҳосил кардан, ки донишҳое, ки шахсони воқеии тоҷик дар натиҷаи грант ба даст меоранд, барои мақсадҳои ҳарбӣ истифода намешаванд | Пас аз ба анҷом расидани лоиҳа | Агентии хизматии давлатӣ | | |
А/Б: Амалиётҳои бонкӣ, А/Р: Иҷозатнома барои пардохт, N/A: мавҷуд нсст)
- Уҳдадориҳои дигари Грангиранда, ки аз ҷониби Грант маблағгузорӣ мешаванд
№ | Бандҳо | Муҳлати иҷроиш | Маблағ (йени японӣ) |
1 | Фаъолият оид ба дарёфт ва интихоби номзадҳо барои дастрасии бурсияҳо | Дар давоми лоиҳа | |
2 | Таъмин кардани маълумот дар бораи омӯзиш дар Япония барои номзадҳои JDS | Дар давоми лоиҳа | |
3 | Гузаронидани расмиёти қабули гирандагони бурсияҳои JDS дар донишгоҳ ва ташкили сафари онҳо ба Япония | Дар давоми лоиҳа | |
4 | Пардохти маблағи таҳсил ва бурсияҳо | Дар давоми лоиҳа | |
5 | Гузаронидани чорабинии маълумотдиҳӣ пеш ва баъд аз омадани гирандагони бурсияҳои JDS пеш ва баъд аз сафар ба Япония | Дар давоми лоиҳа | |
6 | Мониторинги таълим ва шароити зисти гирандагони бурсияҳои JDS | Дар давоми лоиҳа | |
7 | Ташкили барномаи бозгашт барои гирандагони бурсияҳои JDS, ки дастгирӣ баргаштани онҳо ба кишвар, гузаронидани вохӯрӣ оид ба арзёбии барнома пас аз хатми он, вохӯрӣ барои гузоришдиҳии натиҷаҳои барномаи JDS-ро дар бар мегирад | Дар давоми лоиҳа | |
8 | Иҷрои дигар вазифаҳои зарурӣ барои амалисозии Лоиҳа | Дар давоми лоиҳа | |
| Ҳамагӣ | | 298 |
(Эзоҳ) Гузориш оид ба раванди иҷрои уҳдадориҳои Грантгиранда метавонад ҳар вақт тариқи хаттӣ байни JICA ва Грантгиранда такмил ва тасдиқ карда шавад.
[холӣ гузошта шавад]